Лоиқ Шералӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш аз барномаи мобилӣ Android app edit
Сатри 26:
== Зиндагинома ==
Лоиқ Шералӣ [[20 май]]и соли [[1941]] дар деҳаи [[Мазори Шариф(деҳа)|Мазори Шариф]]и [[ноҳияи Панҷакент]]и вилояти [[Суғд]] дар оилаи [[колхозчӣ]] ба дунё омадааст.
Ӯ баъди хатми мактаби деҳааш ба Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Панҷакент дохил шуда онро хатм мекунад. Баъд ба факултаи таъриху филологияи ([[Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ|Донишкадаи педагогии давлатии Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко]]) дохил мешавад ва онро соли [[1963]] хатм мекунад. Бояд ёдовар шуд, ки дар он солҳо мутобиқи расму қоидаи маъмул ҳар адиб, ки мехост узви Иттифоқи нависандагон шавад, бояд то он дам ҳатман ками кам як маҷмӯа чоп карда бошад. Лоиқи ҷавон ва исрори устод [[Мирзо Турсунзода]] ӯро бе ҳеч маҷмӯае ба таври истисно ва аз қоида берун ба узвияти Иттифоқи нависандагон пазируфтанд. Соли 1965, дар 24-солагӣ, ба туфайли шеъри маъруфи «Ба модарам», бо тавсияи бевоситаи устод [[Мирзо Турсунзода]], ба узвияти [[Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон]] пазируфта шудааст, ки ҳодисаи нодири таърихию адабист.
Лоиқ Шералӣ солҳои 1963-1965 муҳаррири шуъбаи адабиёт, мусиқӣ ва драмаи Кумитаи радиову телевизиони Тоҷикистон, 1965-1966 ходими адабии рӯзномаи «[[Комсомоли Тоҷикистон]]» солҳои 1967-1975 мудири шуъбаи назми маҷаллаи «Садои Шарқ», солҳои 1975-1991 мушовири назми [[Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон]], сармуҳаррири «Садои Шарқ», аз соли 1991 то рӯзҳои охири умраш раиси [[Бунёди байналмилалии забони форсии тоҷикӣ]] будааст. 30 июни соли 2000 соати 12 бар асари бемории сактаи мағзӣ чашм аз ҷаҳон пӯшид. Ташйиъи ҷанозаи он гаронмоя 1 июли соли 2000 бо ҳузури ҳазорон мухлисаш баргузор ва пайкараш дар [[Боғи Лучоб|Оромгоҳи Лучоб]]и шаҳри [[Душанбе]] дар паҳлӯи бузургони адаб ва ҳунари Тоҷикистон ба хок супурда шуд. Мадфани шарифаш дар [[Боғи Лучоб|«Мазористони Лучоб»]] қарор дорад. Чандин мактабу маҳаллаву муассиса номишарифи ӯро ҷовидонӣ медоранд.<ref name="ReferenceA">Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с. 119 - 120 ISBN 978-99947-2-379-9</ref>
Байти зеринро худи устод ҳанӯз соли [[1998]] барои санги мазораш васият карда буд: