Нерӯгоҳи барқи обии Роғун: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
Сатри 41:
 
== Таърих ==
Сохтмони [[нерӯгоҳ]]и барқи обии дар [[Осиёи Марказӣ]] калонтарин — [[Роғун]] соли 1976 сар шуда буд. Иқтидори лоиҳавии НБО Роғун ба 3600 МВт баробар буда, он аз 6 [[агрегат]]и 600 МВт ва баландии сарбанди он 335 метр муайян шуда буд. Ин нерӯгоҳ дар ҳолати пурра ба кор даромаданаш дар як сол метавонад 17млрд кВт-соат нерӯи барқ ҳосил кунад.<ref>[https://mir24.tv/news/16335522/17-mlrd-kilovattov-v-god-rogunskaya-ges-samaya-moshchnaya-v-centralnoi-azii. 17 млрд киловаттов в год: Рогунская ГЭС – самая мощная в Центральной Азии]</ref> <ref>[https://mir24.tv/news/16335578/hram-sveta-nacii-start-rogunskoi-ges-dan. «Храм света нации»: старт Рогунской ГЭС дан]</ref> <ref>{{Cite web|url=http://www.president.tj/node/13405|title=Оғози бунёди сарбанди Нерӯгоҳи барқи обии Роғун|author=|website=president.tj|date=2016-10-29|publisher= |lang=tg|accessdate=2018-12-27}}</ref><ref>[http://vestikavkaza.ru/analytics/Rogun-zarabotaet-uzhe-osenyu-No-ostayutsya-voprosy-i-voznikayut-novye.html Рогун заработает уже осенью. Но остаются вопросы и возникают новые], "Вестник Кавказа", 11 июля 2018 года.</ref>
 
Оид ба сохтани НБО Роғун соли 2005 байни Тоҷикистон ва Ширкати «Русский алюминий» («Русал»)-и [[Федератсияи Русия]] шартномае имзо шуд, вале он амалӣ нагардид. Тоҷикистон [[29 август]]и [[соли 2007]] он шартномаро бо ширкати «Русал» бекор карда, [[азм]] кард, ки ин нерўгоҳро бо маблағи худ месозад. Бо ҳамин мақсад ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Нерӯгоҳи барқи обии Роғун» таъсис ва ойинномааш [[15 апрел]]и [[соли 2008]], бо сармояи 116 млн сомонӣ тасдиқ гардид. Соли 2009 ҳадди ин сармоя ба 6 млрд сомонӣ расонида шуд.