Сидней: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
навсозӣ
мусавварсозӣ
Сатри 5:
|Шаҳр
|мақом=шаҳр
|кишвар=Австралия
}}
[[Акс:Leo-Collage Sydney.png|left|300пкс|Сидней]]
'''Сидней'''(англ. Sydney Сидней, [ˈsɪdni]) — бузургтарин ва қадимтарин шаҳри [[Австралия]] бо масоҳати 12,144.6 км², ки шумораи аҳолии он дар моҳи июни соли 2017 5,131,326 нафарро ташкил додааст. Сидней пойтахти Ҷанубӣ Нави Уэлс аст. Ин шаҳр соли 1788 аз ҷониби Артур Филипп таъсис додааст, ки инҷо боФлоти Аввал омадааст ва макони аввалини шаҳраки аврупоии мустамликавӣ дар Австралия мебошад. Шаҳр аз ҷониби мустамликадорон ба ифтихори Лорд Сидней, ки он вақт вазири мустамликаҳои [[Бритониёи Кабир]] буд, номгузорӣ шудааст.
Сидней дар соҳили ҷанубу шарқи Австралия ҷойгир аст . Маҳалла дар соҳили баҳри хурди даврашакл - Сиднейской Сидней Ков (англ. Sydney Cove, Сидней Ков), дар мобайни соҳили дарози бандари Сидней-Харбор - шохаи ҷанубии Порт Ҷексон Бэй (бандар), ки бо гулугоҳи танг (~ 1 км) аз баҳри Тасман ҷудо шудааст воқеъ аст. Баъдтар, шаҳр ҷанубтар аз бандари Сидней-Харбор Бэй сохта шудааст (он бо дарозии 20 км бо паҳноии 1 то 3 км ва чуқурии 50 м аст) ва сипас атрофи онро дарбар гирифтааст. Ин буд, ки Сиднейро одатан "Шаҳри Назди Бандар Бэй" (англ. The Harbour City Шаҳри Харбор ) меноманд.
 
Бо мурури замон иморатҳои шаҳрӣ пурра халиҷи Порт-Ҷэксонро фаро гирифтанд. Дар айни замон Сидней бештар васеъ шудааст ва назди дар соҳили шимолии баҳри Тасман, фурудгоҳи байналмилалии Кингсфорд Смит воқеъ аст. Сидней бо театри опера, пули Харбор-Бриҷ ва фароғатгоҳҳои соҳилии хеш машҳур аст. Маҳалҳои истиқоматии Сиднейи бузург бо боғҳои миллӣ иҳота шудаанд. Хати соҳил (ҳам хати "баҳрӣ" ва ҳам дохилии шаҳрӣ) бениҳоят каҷукилеб мебошад. Соҳил аз шумораи зиёди ҳавзҳои соҳилӣ, гулӯгоҳҳҳо, ҷазираҳо ва фароғатгоҳҳои соҳилӣ (пляж) фаровон аст.
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Сидней"