Бохтар (шаҳр): Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 35:
Бохтар маркази кишоварзӣ, асосан соҳаи пахтакорӣ, дар [[Тоҷикистон]] аст. Дар ин шаҳр, ба ҷуз аз [[тоҷикон]], аққалияте аз [[узбакҳо]] ва [[русҳо]] низ зиндагонӣ мекунад.
 
Шаҳри ҳозираи Бохтар дар солҳои 1944 - 1992 бо номи Қурғонтеппа маркази маъмурии вилояти Қурғонтеппа гардид ва минбаъд аз соли 1993 то 2018 маркази маъмурии [[вилояти Хатлон]] буд. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2018 оид ба иваз намудани номи шаҳри [[Қӯрғонтеппа]] ва якчанд шаҳру маҳалҳои маъмурии [[вилояти Хатлон]]..., номи шаҳринаҳри [[Қӯрғонтеппа]] ба шаҳринаҳри Бохтар иваз карда шуд. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар [[Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон]] баррасӣ шуд.<ref>{{Cite web|url=http://khovar.tj/2018/02/r-onteppa-ba-bohtar-va-sarband-ba-levakand-tabdili-nom-kardand|title=Қӯрғонтеппа ба Бохтар ва Сарбанд ба Леваканд табдили ном карданд|author=|website=khovar.tj|date=|publisher=|lang=tg|accessdate=2018-10-08}}</ref><ref>{{Cite web|url=http://www.president.tj/node/16941|title=Ивази номҳои як қатор шаҳрҳо, ноҳия ва деҳаҳои вилояти Хатлон|author=|website=www.president.tj|date=|publisher=Сайти рамии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон|lang=tg|accessdate=2018-10-08}}</ref>
 
== Таърих ==
Таърихномаҳо ва осори ҷуғрофиёӣ гувоҳанд ки Қурғонтеппа дар гузашта [[Леваканд]] ном доштааст. Бино бар бозёфтҳои бостоншиносӣ, шаҳр дар ҷои Бохтар ҳануз дар замони [[Кушониён]] (садаҳои I – IV м.) вуҷуд доштааст<ref>''Ставиский Б. Я.'' Кушанская Бактрия. Проблемы истории и культуры. — М.: Наука, 1977. – 296 с. – саҳ. 69</ref>. Он шаҳр то замони густариши [[ислом]] дар [[Тоҷикзамин]] яке аз ободтарин шаҳрҳои [[Вахш]] будааст. Дар авохири садаи VII – оғози садаи VIII ин шаҳрро [[мусулмонон]] гирифтанд ва аз он пас дар таърихномаҳо ва осори ҷуғрофидонони исломӣ ин шаҳр ба номи Ловаканд ва [[Леваканд]] ёд шудааст. Чунончӣ, Абӯисҳоқ Иброҳим ибни Муҳаммад Форсии [[Истахрӣ]] дар «'''Масолик вал-мамолик'''» (навишташуда дар соли 950 м.) менависад ки «'''аз Ловаканд (لاوَکـَند) то [[Ҳаловард]] (هـَلاوَرد) як манзил ва то Пули Сангин ду манзил роҳ будааст'''»<ref>''Истахрӣ, Абӯисҳоқ Иброҳим ибни Муҳаммад Форсӣ.'' Масолик вал-мамолик. Г(Ба эҳтимоми Эраҷ Афшор). – Теҳрон: Интишороти ширкати интишоротии илмӣ ва фарҳангӣ, 1368 ш. / 1989 м. – саҳ. 217</ref>. Қадимитарин асари ҷуғрофиёӣ ба забони порсӣ - «'''Ҳудуд ул-олам'''» ки дар соли 982 м. таълиф шудааст – оварда ки «'''Леваканд (لیوَکـَند) аз Вахш аст, ҷоест ки аз вай гӯспанди вахшӣ хезад'''»<ref>«Ҳудуд ул-олам мин ал-Машриқ илал-Мағриб» (соли 372 ҳиҷрии қамарӣ = 982 милодӣ). (Вироиши доктор Манучеҳр Сутуда). – Теҳрон: Интишороти китобхонаи Таҳурӣ, 1362 ш. / 1983 м. – саҳ. 119</ref>. Яке дигар аз ҷуғрофидонони машҳури садаи Х – Абуабдуллоҳ ибни Аҳмади '''Муқаддасӣ''' (945 – 1000 м.) дар китоби маъруфаш «'''Аҳсан ат-тақосим фӣ марифат ал-ақолим'''» ин шаҳрро «'''Ловаканд'''» навиштааст.
 
Бино бар манобеъи таърихӣ, [[Леваканд]] дар садаҳои X – XIII яке аз ду шаҳри калони [[Вахш]] буда вале ҳангоми ҳамлаи [[муғул]] дар соли [[1221]] аз дасти чингизиён нобуд шудааст. Дар паи қатли омми левакандиён ба дасти муғулҳо номи шаҳр аз ёдҳо рафт ва ҷояш низ фаромӯш гашт. Пас аз ҳафтсад сол вайронаҳои Левакандро бостоншиноси шӯравӣ Т.И. Зеймаль пайдо кард. Дар паи кофтуковҳои бостоншиносӣ ва баррасиҳои ҷуғрофӣ ошкор шуд ки [[Леваканд]] ҳамон харобаҳои Қурғонтеппа буда ки калонтарин харобаест ки аз садаҳои миёна дар бахши шимолии водии [[Вахш]] бозмондааст. Ин шаҳр дар канораи канали қадимаи Ҷӯйбор ҷой дошта ва қалъае будааст ки аз рӯзи бунёд то оғози садаи ХХ дар таъмини амнияти Вахшонзамин нақши калидӣ доштааст<ref>''Зеймаль Т. И.'' Древние и средневековые каналы Вахшской долины. Страны и народы Востока, вып. 10. Средняя и Центральная Азия. — М., 1971. – с. 37 – 67. – саҳ. 50</ref>.