Баҳористон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Барчасб: вироишгари мабдаъи 2017
No edit summary
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш аз барномаи мобилӣ Android app edit
Сатри 2:
{{Orphan|date=ноябр 2018}}
 
«БАҲОРИСТÓН» (порсӣ: بهارستان), [[асар|асари]] ахлоқию тарбиявии Абдурраҳмони[[Абдураҳмони ҶомистҶомӣ|Абдураҳмони Ҷоми]]ст, ки с. 1487 дар пайравии «[[Гулистон]]»-и [[Саъдии Шерозӣ]] чун китоби дарсӣ барои писараш Зиёуддин Юсуф (он вақт 10-сола буд) таълиф шудааст.
 
«Баҳористон» аз муқаддима ва ҳашт боб (равза) иборат аст:
Сатри 20:
7) дар зикри шоирон, таърифи шеър, ақсоми он;
 
8) дар ҳикоёти тамсилӣ. «Баҳористон» дар охирҳои умри Ҷомӣ навишта шуда, як навъ ҷамъбасти андешаву афкори мутафаккир мебошад. Муаллиф ҳангоми таълиф, пеш аз ҳама, мақсади тарбияи ҷавононе мисли фарзанди арҷмандаш Зиёуддини Юсуфро дошт. Ӯ навиштааст, ки «Чун дар ин вақти дилписанд фарзанди арҷманд Зиёуддин Юсуф... ба омӯхтани муқаддамоти каломи араб ва андӯхтани қавоиди фунуни адаб иштиғол намуд,... гоҳ-гоҳе аз китоби «Гулистон», ки аз анфоси шайхи номдор ва устоди бузургвор [[Саъдии Шерозӣ|Муслиҳиддин Саъдии ШерозистШерози]]ст... сатре чанд хонда мешуд. Дар он асно ба хотир омад, ки табаррукан... варақе чанд бар он услуб сохта шавад ва ҳарфе чанд бар он минвол пардохта гардад, то ҳозиронро достоне бошад ва ғарибонро армуғоне...
 
Гузаре кун дар ин баҳористон,
Сатри 34:
Яке аз иллатҳои қабеҳтарин ва маъмултарини инсонӣ дар ҷамъияти Ҳироти нимаи дуюми а.15 майхорагӣ ва бадмастӣ буд. Ба қавли Ҷомӣ, шаробу май душмани ақлу ҳуш, зоилкунандаи донишу биниш, фосидкунандаи ахлоқ ва сарчашмаи хабисиҳо буда, шахси майхора наметавонад, ки байни хубу зишт, некию бадӣ, ҳалолу ҳаром, дӯстиву душманӣ фарқ гузорад.
 
«Баҳористон» дар тазмини «[[Гулистон]]» мебошад. Танҳо боби 3-юми «Баҳористон» ба боби 1-уми «[[Гулистон]]» ва боби 5-уми ҳар ду китоб дар як мавзӯъ буда, мавзӯоти бобҳои 2, 3, 4, 6, 7, 8-и «Баҳористон» тамоман нав аст.
Фарқи дигари «Баҳористон» аз «Гулистон» он аст, ки [[Саъдии Шерозӣ|Саъдӣ]] бобҳои китоби худро бе муқаддима оғоз кардааст, аммо Ҷомӣ дар оғози ҳар равза бо унвони «Фоида» муқаддимаи хурде меорад, ки он моҳият, мавзӯи бобро муайян мекунад. Шоир хотимаи «Фоида»-ҳоро ҷамъбаст менамояд. Чунончи, равзаи чаҳорум, ки «Дар васфи мевабахшии дарахтони боғистони ҷуду карам ва шукуфарезиашон бе базли динору дирам» ном дорад, бо чунин «Фоида» оғоз меёбад: «Ҷуд – бахшидани чизест, боистӣ бе мулоҳизаи ғараз ва мутолабаи иваз, агарчи он ғараз ё иваз санои ҷамил ё савоби ҷазил бошад».
 
Ақидаҳои нависанда, ки дар «Баҳористон» ифода ёфтаанд, хеле гуногун ва баъзан мухолифи якдигаранд. Лекин Абдурраҳмони Ҷомӣ ҳамчун шахси халқпарвару ватандӯст, озодихоҳу адолатҷӯ ва хайрхоҳ ҷамъиятро ба ду гурӯҳ: золимон ва мазлумон тақсим менамояд ва бар зидди зулму ҷабр ва тааддию бедодгарӣ баромада, давлатмандро ба саховат ва бечорагонро ба қаноат даъват карда, бо ҳамин адлу инсофро тарғиб намуда, бар зидди худбинию худпи¬сандӣ ва ҳарисию хасосат, бераҳмию беинсофӣ ва ҷангу ҷидол мебарояд. Ин нуқсонҳоро сабаби фалокати ҷамъият ва вайронии мамлакат дониста, аз онҳо роҳи халосӣ меҷӯяд ва ин роҳро дар сохти подшоҳие мебинад, ки дар он шоҳи одил ҳукмрон бошад.
Сатри 53:
Чун ситад хайма бе сутун бар пой?
 
Дар «Баҳористон» [[Искандари Мақдунӣ|Искандару]] Анӯшервон чун чеҳраҳои подшоҳони ормонӣ ва Ҳаҷҷоҷ, ки ба золимӣ машҳур буд, ҳамчун акси онҳо тасвир ёфтааст. Лекин шоир ба ҳама адолат кардани подшоҳро тарғиб намекунад. Баръакс, мувофиқи ақидаи ӯ, подшоҳ ҳар қадар бо росткорону накӯкорон боиноят бошад, бояд ҳамон андоза бо золимон ва одамони бадкирдор бераҳм шавад. Ҷомӣ аз номи Бузургмеҳр ҳамон подшоҳро беҳтарин ҳисоб мекунад, ки «покизагон аз вай эмин бошанд ва гунаҳгорон аз вай битарсанд»:
 
Шоҳ он бошад, ки равшанхотиру бихрад бувад,
Сатри 69:
Рақами хайр кашиду асари хайр гузошт.
 
Таъсири «Баҳористон» ба «Парешон»-и Қоонӣ, «Мулистон»-и Тамкин ва монанди инҳо бузург аст. Шоири суфимашраби форсизабони [[Югославия]] Фавзӣ (а. 17) асари худ «Булбулистон»-ро маҳз ба сабку пайравии «Баҳористон» навиштааст. «Баҳористон» ба забони лотинӣ (1778), олмонӣ (1935, 1964 ва 1981), чехӣ (1957), озарбойҷонӣ (1964), русӣ (1964) тарҷума шуда, ба табъ расидааст. Дар Тоҷикистон «Баҳористон» с. 1966 ва 2008 чоп шудааст.
Адабиёт: Абдурраҳмони Ҷомӣ. Баҳористон. Д., 2008.