Абдурраҳмони Ҷомӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш аз барномаи мобилӣ Android app edit
Сатри 52:
::Рӯ дар эъҷоз кард таълифаш.
 
Соли 1503 куллиёти Ҷомӣ аз тарафи дӯстонаш тартиб дода мешавад, ки он нусҳа то замони мо омада расидааст. Асарҳое, ки дар куллиёти адиб ҷамъ оварда шудаанд, илмҳои гуногун: [[нуҷум]], [[фалсафа]], [[забоншиносӣ]], [[адабиётшиносӣ]], [[тафсир]], [[ҳадис]], [[фикх]], [[ахлоқ]], [[мусиқӣ]] ва ғайраро дар бар мегиранд. Махсусан, асарҳои илмие, ки доир ба арӯзу қофия, мусиқӣ иншо шудаанд, қимату арзиши зиёд доранд. Асари тарҷумаҳолии ӯ «Нафахотулунс» дар бораи ҳаёту фаъолияти 616 мард ва 34 зан маълумот медиҳад, ки аксарияти онҳо уламо, шайхони бузурги асрҳои гузашта ва шоиронанд. Дар «Алфавоидуззиёия» Ҷомӣ дар бораи қоидаю қонуни забони арабӣ ва усули таълими он фикру мулоҳизаҳои судбахш баён мекунад. Ҳоло ҳам дар баъзе мадрасаҳою мактабҳои Ховар асари мазкур ҳамчун китоби дарсӣ барои омӯхтани забони арабӣ истифода мешавад.
Вале бояд эътироф кард, ки Абдураҳмони Ҷомӣ дар таърих ҳамчун нависанда ва шоир маълуму машҳур аст. Шуҳрату эътибори Ҷомӣ ҳамчун шоир ба кишварҳои гуногун паҳн шудааст. Ба ин нуқта худи Ҷомӣ ишорат карда мегӯяд:
 
Сатри 60:
::Ки: «Эй ҷаҳони ҳунар, марҳабо, таол, таол!»
 
Аз Ҷомӣ се девон, «[[Ҳафт авранг]]» (иборат аз ҳафт маснавӣ), «[[Баҳористон]]» ва «[[Чиҳил ҳадис]]» ба мо омадааст, ки ҳар кадоми онҳо дорои аҳамияти калони адабиву эстетики мебошанд. Абдураҳмони Ҷомӣ фаъолияти адабии худро аз сурудани ашъори лирики — ғазал, қасида, рубои, қитъа ва ғайра сар кардааст ва то охири умр онро давом додааст. Дар эҷодиёти шоир ғазал мавқеи асосӣ дорад. Масалан, дар девони аввал — «Фотиҳатушшубоб» 1016 ғазал, дар девони дуюм — «Воситатуликд» 493 ва дар девони сеюм — «Хотиматулҳаёт» 296 ғазал омадааст, ки миқдори умуми онҳо 1805 ғазалро ташкил медиҳад. Ба ҳамин маъни ишора карда, худи шоир чунин мегӯяд:
 
::Ҳаст девони шеъри ман аксар,
Сатри 87:
 
===«Нафаҳот-ул-унс»-и Абдураҳмони Ҷомӣ===
Дар сарчашмаҳои илмию адабӣ оварда шудааст, ки теъдоди асарҳои назмиву насрии А.Ҷомӣ 54 адад мебошад. «[[Баҳористон]]», «Нафаҳот-ул-унс» ва «Муншаот» аз зумраи асарҳои насрии Абдураҳмони Ҷомӣ маҳсуб меёбанд. Мекӯшем, то оид ба асари Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ «Нафаҳот-ул-унс» ибрози андеша намоем. Асари тарҷумаиҳолии «Нафаҳот-ул-унс» дар бораи ҳаёту фаъолияти 616 мард ва 34 зан маълумот медиҳад.
«Нафаҳот-ул-унс-миқ-қударот-ул-қудус» (дар адабиёти илмию бадеӣ номи ихтисоршудаи он - «Нафаҳот-ул-унс» дида мешавад) асари насрӣ ва илмии Мавлоно Ҷомӣ буда, солҳои 1475-1476 бо забони тоҷикӣ таълиф гардидааст. Дар ин асар оид ба шарҳи ҳол ва тавсифи шайхони тасаввуфу шоирони асрҳои XIII ва XIV сухан меравад.
«Нафаҳот-ул-унс»-и Абдураҳмони Ҷомӣ яке аз асарҳои гаронбаҳотарини ирфонӣ ба ҳисоб рафта, бо хоҳиш ва тақозои [[Алишери Навоӣ|Мир Алишери Навоӣ]] иншо шудааст. Асари мазкурро Абдураҳмони Ҷомӣ дар пайравии «Табақот-ус-суфия»-и [[Абдуллоҳи Ансорӣ]] навиштааст, аммо асар аз ҷиҳати таркибу сохт ба «Тазкират-ул-авлиё»-и [[Фаридаддуни Аттор]] шабоҳат дорад.
Калимаи «нафаҳот» арабӣ буда, маънояш бӯи хуш, роиҳа мебошад. Калимаи «унс» бошад, маънояш дӯстӣ, ошноӣ ва улфат мебошад.
Ҳазрати Ҷомӣ мефармояд: