Вуҷуд: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Саҳифаи нав: '''Вуҷуд''' ({{lang-ar|وجود}} – ҳастӣ) — яке аз мақулаҳои муҳимми фалсафӣ, ки ҳастии олами айнӣ ва воқе...
 
No edit summary
Сатри 1:
'''Вуҷуд''' ({{lang-ar|وجود}} – ҳастӣ) — яке аз мақулаҳои муҳимми фалсафӣ, ки ҳастии олами айнӣ ва воқеъиро ифода мекунад.
 
== Таърихи мафҳуми вуҷуд ==
Дар мактаби фалсафии тосуқротии [[Юнони Қадим]] олами кайҳонии фанонопазири комил кулли ҳастии олами моддӣ пиндошташуда, он ба адам (нестӣ) муқобил гузошта мешуд. [[Афлотун]] олами маҳсусро ба вуҷуди ҳақиқии олами мусул (ғояҳо) муқобил гузошт ва [[Арасту]] шаклро ба хусусияти вуҷуд созгор дониста, вуҷуди ҳиссӣ ва вуҷуди ақлиро аз ҳам ҷудо намуд. Дар фалсафаи аҳди қадими Эрон ҳамаи мавҷудоти олами миноӣ ва гетӣ вуҷуд номида мешуд, ки навъҳои гуногун (муҷаррад ва моддӣ) доштанд. Дар фалсафаи асрҳои миёнаи Шарқ вуҷуд дар мактабу мазҳабҳои гуногун ба таври мухталиф шарҳу таъбир шудааст.
 
Абунасри Форобӣ нахустин файласуфи исломист, ки дар бораи фарқи вуҷуд ва моҳият сухан ронда, ин масъаларо вориди баҳси фалсафӣ намуд. Ӯ дар рисолаи «ал-Масоилу-л-фалсафия ва-л-аҷвибату анҳо» масъалаи вуҷудро дар мисоли «инсон мавҷуд аст» собит карда, ба як силсила пурсишҳое, ки мутакаллимон матраҳ намуда буданд, посух дод ва миёни вуҷуд ва моҳият фарқ гузошт. Ибни Сино баҳси вуҷудро инкишоф дода, дар таълимоти ҳастишиносии худ вуҷудро ба вуҷуди воҷиб, вуҷуди мумкин ва вуҷуди мумтанеъ тақсим намуд. Ӯ дар «Донишнома» навиштааст: «Ҳар чӣ варо ҳастӣ ҳаст, ё ҳастии вай ба худ воҷиб аст ё нест. Ва ҳар чӣ ҳастии вай ба худ воҷиб нест, ё мумтанеъ аст ё мумкин». Пас, вуҷуди воҷиб, ки қоим ба зоти хеш аст, Худост, вуҷуди мумкин, ки шарти буданаш иллат (ба ғайр) аст, мумкинулвуҷуд ва агар вуҷуд иллат надошта бошад, мумтанеъулвуҷуд аст. Ибни Сино на фақат зиёдати вуҷуд бар моҳиятро матраҳ мекунад, балки дар бораи тафовут миёни сабаби вуҷуд ва иллати моҳият сухан гуфта, ин баҳси умдаи ҳастишиносиро ба низоми фалсафӣ дохил мекунад. Ӯ сабаби мавҷудияти вуҷудро сабаби фоилӣ (ғоӣ) медонад. Аз нигоҳи Ибни Сино асли асосӣ вуҷуд аст ва моҳияте, ки аз вуҷуд дар зеҳн пайдо мешавад, як амри эътиборист. Зарурати ҷудо намудани вуҷуд аз моҳият посухе ба мубоҳисаҳои мавҷуди каломӣ ва ирфонӣ роҷеъ ба эътиборӣ будани вуҷуд ва асолати моҳият буд.
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Вуҷуд"