Адабиётшиносӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
хNo edit summary
х ороиш
Сатри 1:
'''Адабиётшиносӣ'''  — илмест, ки омилҳои пайдоиши адабиёти бадеӣ, хусусиятҳои он, қонуниятҳои раванди таърихии рушду инкишофи адабӣ ва асосҳои иҷтимоию ҳаётии онро меомӯзад.
 
Адабиётшиносӣ аз се бахши асосӣ иборат аст: назарияи адабиёт, таърихи адабиёт, танқиди адабӣ.
Адабиётшиносӣ чанд илми дигар, аз ҷумла матншиносӣ, сабкшиносӣ, китобшиносӣ ва ғайраро дар бар мегирад. Инҳо илмҳои ёвар буда, барои таҳқиқи дақиқ ва амалӣ шудани вазифаҳои асосии адабиётшиносӣ ёрӣ мерасонанд.
 
Адабиётшиносӣ чанд илми дигар, аз ҷумла матншиносӣ, сабкшиносӣ, китобшиносӣ ва ғайраро дар бар мегирад. Инҳо илмҳои ёвар буда, барои таҳқиқи дақиқ ва амалӣ шудани вазифаҳои асосии адабиётшиносӣ ёрӣ мерасонанд.
Афкори адабиётшиносӣ дар аввали пайдоиши адабиёти бадеӣ ташаккул ёфт, намунаҳои он дар андешаҳои донишмандони қадими [[Ҳиндустон]], [[Хитой]] ва [[Юнони Қадим]] ба назар мерасанд. Баъдан онҳо такомул ёфтаанд ва заминаи ташаккули илмии адабиётшиносӣ шудаанд. Рушди адабиёт ва диди зебоишиносии адибон барои инкишофи илми адабиётшиносӣ мусоидат кард. Рӯдакӣ муносибати шаклу мазмуни шеърро пай бурда, алоқаи мутақобилаи онҳоро дарёфта, аз шеър «лафзи хубу маънии осон» талаб кардааст, мавқеи иҷтимоӣ ва аҳамияти тарбиявии эҷоди бадеиро низ таъкид намудааст:
Басо дило, ки ба сони ҳарир карда ба шеър,
Аз он сипас, ки ба кирдори сангу сандон буд.
 
Афкори адабиётшиносӣ дар аввали пайдоиши адабиёти бадеӣ ташаккул ёфт, намунаҳои он дар андешаҳои донишмандони қадими [[Ҳиндустон]], [[Хитой]] ва [[Юнони Қадим]] ба назар мерасанд. Баъдан онҳо такомул ёфтаанд ва заминаи ташаккули илмии адабиётшиносӣ шудаанд.
Адибони асрҳои 10 – 15 дар асоси таҷрибаи эҷодии адабиёти араб, форсии дарӣ, назари адабии юнониён ва арабҳо роҷеъ ба поэтикаи шеъру наср, шинохти фалсафию филологии адабиёт асарҳои пурарзише ба вуҷуд оварданд. Дар китобҳои фалсафии Ибни Сино, «Қобуснома»-и Унсурулмаолии Кайковус, «Чаҳор мақола»-и Низомии Арӯзии Самарқандӣ (1158), «Асос-ул-иқтибос»-и (1258) Насируддини Тусӣ бархе аз китобҳои таъриху луғат бобҳо ва фаслҳои алоҳида ба баҳси масъалаҳои гуногуни адабиёт ихтисос ёфтаанд. Китобу рисолаҳои бахшида ба масъалаҳои балоғат ва суханварӣ дар асри 11 пайдо шуданд. Муҳаммад ибни Умари Родуёнӣ «Тарҷумон-ул-балоға»-ро (1114) ба масъалаҳои бадеиёти сухан, таҳлили санъатҳои бадеии ташбеҳ, истиора, таҷнис, тазод, таносуби сухан ва ғайра бахшид ва нукоти муҳимме роҷеъ ба шеъри шоирон арз кард. Шамс Қайси Розӣ дар «Ал-Мӯъҷам фӣ маойири ашъор-ил-Аҷам» аз илмҳои арӯз, қофия ва бадеъ баҳс ороста, дар бораи вазифаҳои шеър, қофия ва хелҳои он, санъатҳои бадеӣ ва анвои шеър (қасида, рубоӣ, маснавӣ ва ғайра) мулоҳизаҳо рондааст. Масъалаҳои назарияи наср дар «Чаҳор мақола»-и Низомии Арӯзӣ, «Ҷавомеъ-ул-ҳи­коёт»-и Муҳаммад Авфӣ матраҳ шудаанд. Китоби Муҳаммад Авфии Бухороӣ «Лубоб-ул-албоб» қадим­тарин тазкира дар адабиёти форс-тоҷик ба шумор меравад. Авфӣ дар ин тазкира оид ба бисёр масъалаҳои адабиёт таваққуф намуда, доир ба рӯзгор ва осори қариб 300 нафар шоирон (аз аввалин шоири форсигӯй то замони худаш) маълумот додааст ва ашъори шоиронро нақди илмии бадеӣ кардааст. Ба адабиётшиносии нимаи дуюми асрҳои 12 – 15 «Ҳадоиқ-ус-сеҳр фӣ дақоиқ-уш-шеър»-и Рашиди Ватвот, «Меъёр-ул-ашъор», бахшҳои хитоба ва шеъри «Асос-ул-иқтибос»-и Насируддини Тӯсӣ, «Эъҷози Хусравӣ»-и Амир Хусрави Деҳлавӣ, «Меъёри нусратӣ»-и Шамси Фахри Исфаҳонӣ, «Рисолаи пирӯзӣ ва мақолаи нав­рӯзӣ»-и Наҷотии Нишопурӣ, «Дақо­иқ-уш-шеър»-и Тоҷулҳаловӣ, «Ҳадоиқ-ул-ҳақоиқ»-и Шарафуддини Ромӣ ва дигар маълум буданд. Дар ин давра адабиётшиносӣ чун ҷузъи таркибии улуми адабӣ ва адабиёти бадеӣ инкишоф ёфт ва адабиётшиносони хушсалиқае фаъолият доштанд, ки асарҳои онҳо масъалаҳои умдаи эҷоди бадеӣ, ба монанди ҳунари офаринандагӣ, муҳимтарин ҳодисаҳои адабии замон, пайванди адабиёт бо суннатҳои эҷодӣ, қонунияти моҳияти шеър, мақоми адиб ва адабиёт дар ҷамъият, шинохти сухану суханварӣ, шарҳу тафсири осори адибон ва шарҳи мухтасари ҳоли гӯяндагонро инъикос кардаанд.
 
Рушди адабиёт ва диди зебоишиносии адибон барои инкишофи илми адабиётшиносӣ мусоидат кард.
Адабиётшиносии асрҳои миёна рукнҳои назарияи адабиётро, аз ҷумла дар баҳси моҳияти шеър ва наср, нақди адабиро дар баррасии балоғати шеъру сухан ва таърихи адабиётро дар тазкираҳо бо худ дошт. Аз ҷумла адаби назариявии асри 15 нишон медиҳад, ки дар он замон шакли содаи ҳар се ҷузъи таркибии адабиётшиносӣ мавҷуд будааст. Таърихи адабиёт дар тазкираҳо, масъалаҳои назариявӣ дар рисолаҳо ва нақди адабӣ дар маҳфилҳо ва нақди ашъор густариш меёфтанд. Абдурраҳмони Ҷомӣ дар бораи қофия, арӯз ва муаммо чаҳор рисола навишт, равзаи ҳафтуми «Баҳористон»-ро ба тазкираи шуарои асрҳои 9 – 15 ва баёни навъҳои шеър бахшид, дар «Нафаҳот-ул-унс» (1478) дар бораи адибоне, ки пайрави маслаки тасаввуф буданд (Абдуллоҳи Ансорӣ, Саноӣ, Аттор, Ҷалолуддини Балхӣ, Ироқӣ ва дигар) ва ба ин равия асар эҷод мекарданд (Низомӣ, Саъдӣ, Камол, Ҳофиз ва дигар), маълумоти судманд медиҳад. Ҷомӣ оғози шеъри тоҷикиро аз Рӯдакӣ сар карда, то Навоӣ дар бораи 39 нафар шоири номдор маълумот додааст. Давлатшоҳи Самарқандӣ ибтидои шеъри форсиро аз замони Сосониён гирифта, ҷараёни адабиро бо даврабандии хосе то замони худ идома медиҳад. Навоӣ дар тазкираи «Маҷолис-ун-нафоис» дар бораи 459 нафар адиби муосираш маълумот медиҳад, ки 420 нафари онҳо шоирони форсигӯй буданд.
[[Рӯдакӣ]] муносибати шаклу мазмуни шеърро пай бурда, алоқаи мутақобилаи онҳоро дарёфта, аз шеър «лафзи хубу маънии осон» талаб кардааст, мавқеи иҷтимоӣ ва аҳамияти тарбиявии эҷоди бадеиро низ таъкид намудааст:
Басо дило, ки ба сони ҳарир карда ба шеър,
Аз он сипас, ки ба кирдори сангу сандон буд.
 
== Таърих ==
Суннати тазкиранависии Давлат­шоҳ ва Навоиро дар асрҳои баъдина тарҷумонҳои «Маҷолис-ун-нафоис», Хоҷа Ҳасани Нисорӣ, Мутрибӣ, Малеҳо ва даҳҳо адабиётшиносони дигар идома додаанд. Инчунин асарҳои Навоӣ «Хамсат-ул-мутаҳайирин» (дар бораи Ҷомӣ) ва «Ҳолоти Паҳлавон Муҳаммад», Абдулвосеи Низомӣ «Мақомоти Мавлавӣ Ҷомӣ», Абдулғафури Лорӣ «Такмила бар «Нафаҳот-ул-унс», Хондамир «Макорим-ул-ахлоқ» (дар бораи Навоӣ) беҳтарин китобҳо дар шарҳи ҳоли адибон буданд. Шарҳу хулоса ва тафсири осори бадеии адибони арабу Аҷам, муосирон ва ҳатто худи онҳо як бахши муҳимми асарҳои Адабиётшиносии нимаи дуюми асри 15 мебошад. Ҳадафи асосии шореҳон кашфи асрори мармуз ва илмии осори адабист. Ҷомӣ соли 1470 «Лавомеъ»-ро дар шарҳи қасидаи мимияи хамрияи Абуҳафс Умар ибни Алии маъруф ба Ибни Фориз (1180 – 1235) навишт, рисолаи дигари худ «Шарҳи қасидаи тоия»-ро ба ташреҳи қасидаи дигари ҳамон шоири араб «Назм-уд-дурар» хос гардондааст. «Шарҳи байтайни маснавӣ», ки тафсири ду байти аввали «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалоллуддини Румиро фаро мегирад, «Шарҳи байти Хусрави Деҳлавӣ», ки аз баррасии байти қасидаи «Миръот-ус-сафо»-и Хусрави Деҳлавӣ «Зи дарёи шаҳодат чун наҳанги «ло» барорад «ҳу» – Таяммум фарз гардад Нӯҳро дар вақти тӯфонаш» иборат аст ва «Рисолаи суханони Хоҷа Порсо» низ аз ин қабил асарҳои Ҷомӣ мебошанд. «Шарҳи рубоиёт» рисолаест, ки 46 рубоии ирфонии худи Ҷомиро аз мавқеи таълимоти ваҳдати вуҷуд шарҳ медиҳад. Ҷалолуддини Даввонӣ низ рубоиёти худро шарҳ додааст. Аз осори дигарон дар ин мавзӯъ рисолаи Хоҷа Аҳрор «Ҳуроия», шарҳи Ҳофизалии Ҷомӣ ба қасидаи Аттор ва шарҳи Абдулғафури Лорӣ бар «Нафаҳот-ул-унс»-ро метавон ном бурд. Асари Асирии Лоҳиҷӣ «Мафотеҳ-ул-эъҷоз» (1472), ки шарҳи «Гулшани роз»-и Маҳмуди Шабистарист, бузургтарин дастоварди ин соҳа мебошад. Дар асрҳои минбаъда шарҳнависӣ ба осори Фирдавсӣ, Низомӣ, Анварӣ, Хоқонӣ, Саъдӣ, Ҷалолуддини Румӣ, Хоҷа Ҳофиз, Абдурраҳмони Ҷомӣ ва дигарон ба ҳукми анъана даромад. Танқиди адабӣ дар адабиётшиносии ин давра ва дар тӯли асрҳои миёна такя бар таълимоти улуми балоғат ва адаб дошт. Зарурати нақди сухан ва ағрози адабиётро аҳли адаб аз оғози баррасиҳои ҳунарӣ дарёфтаанд. Амир Хусрави Деҳлавӣ, ки дар кулли анвои суханварӣ устод ва соҳибназар буд, сухансанҷро ба саррофи гавҳаршинос монанд кардааст:
Агар таҳсини шеъри хештан бар дасти хешастӣ,
Ҳама кас хештанро Унсурию Анварӣ донад.
Бале, ғаввос аз дарё гуҳар берун кашад, аммо
Чу вақти қимат ояд, қимати ӯҷавҳарӣ донад.
 
=== Адабиётшиносии асрҳои 10 — 15 ===
Нақди адабӣ, хусусан нақди шеър дар асри 15 бисёр ривоҷ ёфта буд. Дар маҷлисҳоишоҳона,ҷамъомадҳоиаҳли шаҳр, маҳфилҳои адибон ва маҳфилҳои арбоби сулуку ирфон базмҳои адабӣ ва мубоҳисаҳои шеършиносӣ барпо мегардиданд. Шоирон дар чунин анҷуманҳо шеър мехонданд, аҳли сӯҳбат мувофиқи завқу салиқаи худ ва меъёрҳои маъмул ҳусну қубҳи ашъорро доварӣ мекарданд ва сухани охиринро шеършиноси маъруф мегуфт. Дар «Хамсат-ул-мутаҳайирин»-и Навоӣ, «Мақомоти МавлавӣҶомӣ»-и Абдулвосеи Низомӣ, «Макорим-ул-ахлоқ»-и Хондамир ва хусусан «Бадоеъ-ул-вақоеъ»-и Восифӣ дар ин бора ривоятҳои бисёре оварда шудаанд. Кошифӣ боби дуюми «Бадоеъ-ул-афкор фӣ саноеъ-ул-ашъор»-ро «Дар баёни уюби назм, ки онро илми нақд хонанд» унвон гузошта, дар он салх, масх, муноқиза, зиёдат, такаллуф ва дигар нуқсонҳои шеърро таҳлил кардааст. Атоуллоҳ низ роҷеъ ба бисёр нуқсонҳои шеър (заъфи таълиф, сирқат, айбҳои қофия ва ғайра) сухан меронад. Ҳамин ҳолат дар дигар асарҳои назмшиносӣ низ ба мушоҳида мерасад. Наққодони сухан нуқсу камбудии асарҳои бадеӣ, тозагиҳои асарҳои адибон ва тарзи хоси эҷодиёти адибонро нишон додаанд. Афкори адабии тоҷик ба диди эстетикӣ, махсусан, бо мақулаи асосии он – зебоӣ пайванди мустаҳкаме дошт. Зебоии шеърро бо диди шоиронаи зебоии инсон, дарку дарёфти наводири мароқангези олами мавҷудоти табиат, сохтори вазну қофия, шакли хубу мазмуни марғуб, ҳусни сухан, таносуби таркиботи лафзӣ ва фаҳму бадеъ ва бе айбу нуқсон будан муайян кардаанд. Бо ҳамин сабаб таҳлили хосиятҳои шеър мавриди тадқиқи сухансанҷони ин давра қарор гирифта, муҳаққиқон онҳоро аз мавқеи талаботи балоғату фасоҳат ва арӯз, қофия ва бадеъ санҷидаанд. Адабиётшиносони он замон ба таҳқиқ ва таҳлили илми арӯз таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир кардаанд. Зарурати донистани арӯзро Сайфии Бухороӣ чунин ба қалам додааст: «Чун шеър каломест мавзун ва ҳар мавзунеро ночор аст аз мизоне, то зиёдат ва нуқсони онро ба он мизон тавон донист ва мизони шеър ба илми арӯз маълум мешавад. Пас ҳар кас, ки дар боби шеър дахл мекунад, хоҳ ба гуфтани шеър ва хоҳ ба шинохтани он, бар ӯ лозим бошад, ки арӯз бидонад». Асарҳои машҳури соҳаи илми арӯз аз нимаи дуюми асри 15 ба баъд инҳо мебошанд: ду рисолаи Дарвеш Мансури Сабзворӣ дар арӯз, асарҳои Алишоҳ ибни Маҳдӣ «Лисон-ул-қалам», Абусаид ибни Шайх Муҳиуддини Рофеӣ «Арӯз», Абдурраҳмони Ҷомӣ «Рисолаи арӯз», Сайфии Бухороӣ «Арӯзи Сайфӣ», Алишери Навоӣ «Мизон-ул-авзон», Наҷмуддин Алии Зоирӣ «Назм-ул-қавоид», Абдулқаҳҳор ибни Исҳоқи Шариф «Арӯзи Ҳумоюн», Сафиуддин Алӣ «Тӯҳфат-уш-шуаро» – дар шарҳи абёте, ки Ҷавҳарӣ аз шоирони муосири амир Алишер Навоӣ дар илми арӯз суруда буд, Юсуфи Азизӣ «Арӯзи Юсуфӣ» ва ғайра Ҳамчунин Ҳофизалии Ҷомӣ, Атоуллоҳи Ҳусайнӣ, Юсуфи Бадеӣ, Қосими Коҳӣ ва дигарон низ дар бораи арӯз рисолаҳо доштанд. Адибони он замон дар илми қофия низ рисолаҳо навиштаанд, ки аксар «Рисолаи қофия» ё «Илм-ул-қавофӣ» ном доранд. Аз рисолаҳои ин силсила асарҳои Абдурраҳмони Ҷомӣ «Рисолаи қофия» ва Атоуллоҳи Ҳусайнӣ «Рисола дар илми қавофӣ» машҳуранд. Асарҳои Ҳусайн Воизи Кошифӣ «Бадоеъ-ул-афкор фӣ саноеъ-ул-ашъор» ва Атоуллоҳи Ҳусайнӣ «Бадоеъ-ус-саноеъ» дар илми бадеъ таълиф шудаанд. Атоуллоҳи Ҳусайнӣ бо номи «Такмил-ус-саноат» асари муфассале дошт. Таснифи навъҳои шеър дар таърихи афкори назарии нимаи дуюми асри 15 мақоми хос дорад. Донишмандони улуми адабӣ роҷеъ ба қасида, ғазал, қитъа, рубоӣ, дубайтӣ, маснавӣ, шоҳбайт, фард ва анвои гуногуни мусаммат (мураббаъ, мухаммас, мусаддас, мусамман, муашшар ва ғайра) дар кутубу рисолаҳо назари худро баён кардаанд. Абдурраҳмони Ҷомӣ роҷеъ ба анвои адабӣ гуфтааст: «Шеър бар ақсом аст чун қасида, ғазал, маснавӣ, қитъа ва рубоӣ ва шуаро дар муморасати онҳо мутафовит, баъзе мутафаннинанд, ки бар ҷамеи ин ақсом шеър гуфтаанд ва баъзе аз он қабиланд, ки майли эшон ба баъзе аз ин ақсом бештар будааст, чун мутақаддимон, ки эҳтимоми эшон ба қасоид будааст дар мадоеҳу мавоиз ва ғайри он ва эҳтимоми баъзе ба маснавӣ ба хилофи мутааххирон, ки суханони аксар бар тариқи ғазал воқеъ шудааст ва адади ин тоифа аз ҳадду ҳаср берун аст». Дар як ҷумла муаллифи «Баҳористон» ба ақсоми шеър, таваҷҷӯҳи баъзе шоирон ба ҳамаи анвоъ ва аз дигарон ба баъзе, майли қадимиён ба қасида, эҳтимоми баъзе ба маснавӣ ва аз мутааххирон бар ғазал баҳои муносиб додааст. Адабиётшиносони он замон ба мазмуни асарҳои бадеӣ аҳамият дода, мазмуну мӯҳтавиёти қасида, ғазал, рубоӣ ва маснавиро тибқи мазмун табақабандӣ кардаанд, ки ҳоси­ли он ҳаҷв, ҳазл, нақиза, мунозира, шикояти рӯзгор, насиҳат, хамриёт, мутоиба, муаммо, луғз ва ғайра аст. Масалан, Ҳусайн Воизи Кошифӣ маънои луғавӣ ва истилоҳии маснавӣ, тарзи қофиябандии он, истеъмоли онро дар қисасу ахбор ва ҳикоёти таърихӣ шарҳ дода, намунаи ин навъи шеър «Шоҳнома»-и Фирдавсиро ном бурдааст.
Адибони асрҳои 10 — 15 дар асоси таҷрибаи эҷодии [[адабиёти араб]], [[Адабиёти форс-тоҷик|форсии дарӣ]], назари адабии [[Адабиёти Юнон|юнониён]] ва арабҳо роҷеъ ба поэтикаи шеъру наср, шинохти фалсафию филологии адабиёт асарҳои пурарзише ба вуҷуд оварданд.
Дигар навъҳои шеър аз назари шаклу, мазмун, маъною мафҳум дар бахши «Дар баёни маонии баъзе алфози мутадовила миёни шуаро, ки мӯҳтоҷ ба баён аст»-и «Бадоеъ-ус-саноеъ»-и Атоуллоҳи Ҳусайнӣ шарҳ ёфтаанд ва ин бахшро луғати мухтасари истилоҳоти адабиётшиносӣ метавон гуфт. Фасли «Зикри баъзе алфоз, ки мустаъмал ва мутадовили ин тоифа аст»-и «Бадоеъ-ул-афкор»-и Кошифӣ низ ҳамин хусусиятро дорад. Дар нимаи дуюми асри 15 ва ибтидои асри 16 илмҳои адабӣ ривоҷ ёфтанд. Улуми адабӣ соҳаҳои гуногуни филология ва иншои шеъру наср ва адабиётшиносиро фаро гирифта, барои такмили ҳунари касбии нависандагӣ зарур буданд ва ҳамчун ҷузви таркибии адабиёти назарӣ дар ҷомеа мақоми шоиста доштанд. Донишмандон аз оғози аҳди ислом улуми адабиро иборат аз дувоздаҳ навъ донистаанд (нигар мақолаҳои Адаб ва Адабиёт). Муаллифи «Арӯзи Ҳумоюн» Абдулқаҳҳор ибни Исҳоқи Шариф номгӯ ва шарҳи мухтасари ин дувоздаҳгонаро овардааст. Дар таснифи улуми адабӣ чаҳор илм ба соҳаи забоншиносӣ хос мебошанд, илмҳои дигар сохтори назму насрро фаро мегиранд. Аз китобҳои назарӣ, дастурӣ ва амалии фанни иншо ва номанигорӣ «Махзан-ул-иншо»-и Кошифӣ, «Тарассул»-и Аб­дуллоҳи Марворид, «Маншаъ-ул-иншо»-и Абдулвосеи Низомӣ, «Руқаот ва муншаот»-и Ҳақирӣ, «Тарас­сул»-и Хоҷа Бурҳон, «Манозир-ул-иншо», «Риёз-ул-иншо» ва «Қавоид-ул-иншо»-и Маҳмуди Қовонро метавон ном бурд, ки ҳарчанд дар маҳалҳои гуногун тасниф шудаанд, аз ҷиҳати услуб ба ҳам қаробат дошта, гоҳе дар атрофи қоидаҳои ин фан баҳс карда, асосан намунаҳои муросилоти шахсӣ, пурсишу посухҳои илмӣ, номаҳои давлатӣ ва ғайраро дар бар мегиранд. Ҷомӣ ва Навоӣ низ маҷмӯаҳои руқаоти худро тартиб дода, онҳоро чун асари алоҳида дар куллиётҳояшон ҷой додаанд. Дар таснифи илмҳои адабӣ касе илми муамморо ворид накардааст, аммо аз асри 15 ба баъд дар илми муаммо рисолаҳои бисёре навиштаанд. «Чаҳор рисола»-и Ҷомӣ, «Муфрадот»-и Навоӣ, «Ҳулали мутарраз дар фанни муаммо ва луғаз»-и Алии Яздӣ, «Муаммо»-и Мир Ҳусайни Муаммоӣ, «Афкор-уш-Шариф»-и Шарифӣ, «Зобитаи ҳалли муаммо»-и Камолуддин Муҳаммади Бадахшӣ, рисолаҳои Сайфии Бухороӣ, Юсуфи Бадеӣ, Қосими Коҳӣ ва дигар қоидаҳои муаммо ва роҳҳои кашфи онро фаро гирифтаанд. Дар мамлакатҳои Ғарб адабиётшиносӣ дар Юнони Қадим бо таълимоти Афлотун (427 – 347 то м.), «Поэтика» ва «Риторика»-и Арасту сар шудааст. Афлотун саромади ҷараёни идеалистӣ дар эстетика буда, вазифаи маърифатии адабиётро инкор мекард ва фақат ба аҳамияти тарбиявии он иқрор буд. Арасту адабиётро эҷодкорие медонист, ки ба мардум на фақат дониш, балки завқе ҳам медиҳад ва дилу рӯҳро тоза мекунад. Арасту ва пайравони ӯ аз мақоми иҷтимоии адабиёт, аз шаклу сабкҳои шеърӣ, аз ҷинс ва жанрҳои адабӣ сухан рондаанд. Таълимоти Арастуро дар Рими Қадим Горатсий (65 – 8 то м.) бо рисолаи манзуми «Фанни шеър» давом дод. Дар асрҳои миёна адабиётшиносӣ бештар дар Шарқ – [[Хитой]], [[Ҳин­дустон]], мамлакатҳои арабизабон ва форсизабон инкишоф ёфт. Муҳақ­қиқон ва адабиётшиносони Шарқ бештар ба муносибати шаклу мазмун, омӯхтани шаклҳои бадеӣ ва хусусиятҳои сабку услуб таваҷҷӯҳ намуданд. Аврупои Ғарбии асрҳои миёна даврони ҳукмронии иртиҷоии динӣ буд ва ин боиси инқирози илм, аз ҷумла афкори адабиётшиносӣ гардид. Дар замони Эҳё (Ренессанс) муборизаи шадид бар зидди тангназарии асримиёнагӣ давом ёфт ва адабиётшиносӣ диққати нависандагонро ба омӯхтани воқеияти ҳаёт ва забони халқ мутаваҷҷеҳ намуд. Дар аввали асри 17 Бэкон нахустин бор истилоҳи таърихи адабиётро истифода кард ва онро чун илми мустақил шинохт. Дар асри 18, замони маорифпарварии Аврупо, дар адабиётшиносӣ дастурҳои воқеъгароӣ (реализм) тадқиқ шуданд ва барои намуна асарҳои Дидро ва Лессинг («Лаокоон», 1766) аҳамияти хос доштанд. Маорифпарварон масъалаи иртиботи шахсу ҷомеаро ба миён оварда, нақши муҳити иҷтимоиро барои ташаккули шахс таъкид карданд ва ифодаи фардияти шахсро дар адабиёт зарур донистанд. Дар асри 19 Гегел дар «Лексияҳо оид ба эстетика» (1817 – 29) рушди фарҳангу ҳунарро аз Шарқи Қадим (ки онро ватани шакли рамзии ҳунар донистааст) то замони худ аз назар гузаронд ва ин нақшаи таърихии ӯ моҳиятан идеалистӣ бошад ҳам, фарогири рӯҳи таърихият ва диалектика буд. Гегел дар асарҳояш ба фардияти аҳли ҳунар, ба ифодаи хислатҳои шахсии ӯ, ба сабку услуб ва ғайра бештар аҳамият дод, назарияи романро кор кард ва романро ҳамосаи (эпоси) замони нав донист, ки зиндагии хусусии шахс ва саҳни вусъатноки ҳаёти иҷтимоиро ба ҳам мепайвандад. Дар асри 19 инчунин назарияи реализми танқидӣ мавриди баррасӣқарор гирифт. Аз ҷумла Стендал адабиётро оинаи зиндагӣ шумурд ва талаб кард, ки адабиёт бояд қонуниятҳои олами воқеиро зоҳир созад ва на фақат олами зоҳириро тасвир намояд, балки ба дунёи ботинии (равонии) шахс ҳам сар фурӯ барад. Балзак хусусияти методи эҷодии адабиёти маорифпарварӣ, романтизм ва воқеъгароиро аз чанд ҷиҳат муайян карда, дар масъалаи хислати шахс ва алоқаи он бо муҳит мулоҳиза ронд ва маф­ҳуми «инсони иҷтимоӣ»-ро ба доираи пажӯҳишҳои илм ворид кард. Дар асри 19 мунаққидон ва назарияпардозони рус дар тараққии афкори зебоишинохтӣ (эстетикӣ) ҳиссаи калон гузоштанд. В. Г. Белинский, А. И. Герсен, Н. Г. Чернишевский таърихи адабиёти русро дар иртибот бо таърихи муборизаи озодихоҳӣ баррасӣ карданд. Онҳо масъалаи иртиботи ҳақиқати ҳаёт ва ҷаҳонбинии аҳли ҳунарро ба миён гузошта, мавқеи адабиётро дар дигарсозии инқилобии зиндагӣ мавриди муҳокима қарор доданд, масъалаи халқияти адабиётро низ аз ҳамин дидгоҳҳал намуданд. Белинский хусусиятҳои мактаби воқеъгароии (реализми) русро дар давраҳои шаклгирии он муайян кард. Инқилобгароёни демократ Н. А. Добролюбов ва Н. Г. Чернишевский ин кори ӯро давом дода, бисёр хусусиятҳои муҳими эҷодиёти нависандагони бузурги русро равшан намуданд. Аз нимаи дуюми асри 19 вобаста ба зуҳури марксизм давраи наве дар таърихи адабиётшиносӣ сар шуд. К. Маркс ва Ф. Энгелс қонунҳои иҷтимоии тараққии ҷамъиятро кашф намуда, робитаи мураккаби байни асоси (базиси) иқтисодии ҷамъият ва барсохти (надстройкаи) он (аз ҷумла адабиёт)-ро муайян карданд. Афкори онҳо ба дарки қонунҳои иҷтимоии тараққиёти ҳунар, барои аз мавқеи табақотӣ (синфӣ) омӯхтани таърихи адабиёт ва танқиди адабӣ нигоронда шуда буд. Бахусус, таълимоти марксистӣ барои равшан кардани масъалаҳои назарияи мактаби воқеъгаро (реализм) имкон дод. Дастури асосии ҳунари воқеъгароӣ, аз назари Ф. Энгелс, ба ҷуз аз тасвири ҳаққонияти ҷузъиёт, дар вазъиятҳои типӣ тасвир шудани характерҳои типӣ мебошад. Ин таъриф барои фаҳмидани воқеъгароии асри 19 аҳамият дорад ва ба таври куллӣ моҳияти асосии воқеъгароиро ифода мекунад. К. Маркс ва Ф. Энгелс ба аҳамияти ҷаҳонбинии ҳунарманд, ғоянокӣ, халқият, синфияти адабиёт ва ғаразнокии он аҳаммияти калон додаанд. Фикрҳое, ки онҳо доир ба давраҳои гуногуни тараққиёти адабиёт (давраи атиқа, асрҳои миёна, Эҳё, Маорифпарварӣ ва ғайра), хусусан дар бораи эҷодиёти нависандагони асри 19 – Гёте, Балзак, Лассал ва дигарон баён кардаанд, ба сифати методологияи марксистии адабиёти шӯравии тоҷик қабул гардида буд. В. И. Ленин дар мақолаи «Ташкилоти партиявӣ ва адабиёти партиявӣ» (1905) ва дигар мақолаву тезис ва суханрониҳояш кӯшиш намуд, ки адабиётшиносии марксистиро бо корҳои ҳаррӯза ва амалии муборизаи синфӣ ва инқилоби пролетарӣ татбиқ намояд. Вай партиявиятро дар асоси ҳамаи дигар масъалаҳои асосии назарияи адабиёт гузошт ва масъалаи идеали эстетикӣ, озодии ҳунарманд, халқияти адабиёт, анъанаву навоварӣ ва ғайраро аз ҳамин дидгоҳи сиёсӣ ҳал намуд. Ин таълимоти В. И. Ленин ва андешаҳои ӯ дар бораи ҷанбаҳои объективӣ (айнӣ) ва субъективӣ (зеҳнӣ) дар кори адабию ҳунарӣ дар мавриди эҷодиёти Л. Н. Толстой ва мавҷуд будани «ду маданият дар ҳар маданияти миллӣ» асоси методологии пажӯҳишҳои адабиётшиносӣ, нақди адабӣ ва методи эҷодии адабиёти шӯравиро барои чанд даҳсола муайян намуда буданд. Дар адабиётшиносии тоҷик низ вобаста ба зуҳури афкори рӯшангарӣ (маорифпарварӣ ва ҷадидия) дар афкори адабӣ тағйирот ба вуқӯъ пайваст. Арзишҳо ва меъёрҳои баҳо ба намунаҳои адабиёт тағйир ёфт. Дар охири асри 19 ва бахусус оғози асри 20 дар баробари тазкиранависии суннатӣ тазкираҳое таълиф шуданд, ки дар онҳо маълумоти умумии тавсифӣ мавқеи дуюмдараҷа гирифта, осори шуаро ва нависандагон аз меъёри мавқеи иҷтимоӣ, аҳамияти милливу ватандӯстӣ ва навназарӣ баҳо дода шуданд. Дар ин маврид метавон баҳсҳои назарӣ ва усулие, ки дар саҳифаҳои рӯзномаи «Бухорои Шариф» баргузор шуда буд, намунаҳои нақди адабӣ дар нашрияҳои М. Беҳбудӣ (г. «Самарқанд», маҷаллаи «Оина») ва тазкираҳои Садри Зиё «Тазкори ашъор» ва Салимбекро ном бурд. Ба таври куллӣ ин намунаҳои нақд масъалаҳои таҷдиди назар ба адабиёт, баррасии масъалаҳои иҷтимоӣ, назари воқеӣ ва навбинӣ ба масъалаҳои адабиётро фаро гирифта буданд. Ба ин маънӣ метавон оғозгоҳи шинохти тозаи адабиёт, яъне адабиётшиносӣ ва нақди адабиро ба даврони рӯшангарӣ ва ҷадидия нисбат дод. Ин афкори адабии нав бо ҷанбаи иҷтимоъгароии худ ба адабиётшиносии замони шӯравӣҳамоҳангӣ дошт ва баъзе аз хусусиятҳои он дар таълифоти Садриддин Айнӣ идома ёфт. Оғози рушди адабиётшиносии тоҷикии замони шӯравӣ бо номи Садриддин Айнӣ вобастагӣ дорад. Айнӣ бо «Намунаи адабиёти тоҷик» (1926), бо рисолаҳое, ки дар бораи Фирдавсӣ (1934), Ибни Сино (1939), Рӯдакӣ (1940), Саъдӣ (1940), Бедил (1946), Навоӣ (1948) ва дигарон навиштааст, дастурҳои асосии омӯзиши таърихи адабиётро муайян кард. Ӯ дар таърихи илми замони нави тоҷик якумин касе буд, ки эҷодиёти классикон ва раванди адабии таърихиро алоқамандона бо вазъи иҷтимоию сиёсии замон омӯхта, ба асоси ҳаётии эҷоди бадеӣ (воқеъгароӣ) ва халқияти он, ба масъалаҳои услуб ва методи (усули) эҷодии нависандагон, пайдоиш ва инкишофи баъзе жанрҳову шаклҳои бадеӣ диққат дод. Адабиётшиносии тоҷик дар замони шӯравӣ дар раванди муборизаҳои сахти мафкуравӣ шакл гирифта, аз аввали пайдоишаш мутаваҷҷеҳи масъалаҳои сиёсию иҷтимоии ҷамъият гардид, хусусиятҳои ҳирфаӣ ва шаклгирии минбаъдаи онро муайян намуд. Муҳимтарини ин муборизаҳо муборизаи зидди инкоргароии (нигилизми) таърихӣ ва таърихиву маданӣ буд. Дар айёме, ки пантуркистҳои таҳрифгари таърих мавҷудияти халқи тоҷик, маданият, адабиёт ва забони ӯро инкор мекарданд, устод Айнӣ бо «Намунаи адабиёти тоҷик» таърихи ҳазорсола доштани забони адабии ҳозира ва адабиёти асрҳои миёнаи тоҷикро исбот намуд. Солҳои 30 – 40 асри 20 инкоргароии маданӣ-фарҳангӣ ба чунин шакле зоҳир шуд, ки баъзеҳо ҳуқуқи халқи тоҷикро ба адабиёти асрҳои гузашта, хусусан то асри 16 инкор менамуданд, дар сари ақидае пофишорӣ доштанд, ки дар инкишофи он адабиёт халқи тоҷик иштирок накардааст. Фаъолияти адабиётшиносии устод Айнӣ солҳои 30 – 40 асри 20 бар муқобили чунин таҳрифи таърих нигаронида шуда буд. Дар натиҷа бо пешниҳоди ӯ нисбат ба адабиёти то асри 16, ки мероси умумии эрониёну тоҷикони ҳозира аст, истилоҳи адабиёти форс-тоҷик қабул гардид. Дар ин роҳ маҷмӯаи дастҷамъонаи «Намунаҳои адабиёти тоҷик» (1940) ва сарсухани он, ки ба қалами И.С. Брагинский тааллуқ дошта, бо маслиҳати Айнӣ навишта шуда буд, низ нақши муассире гузошт. Консепсияи таърих ва таърихи фарҳангу маданияти халқи тоҷик, ки бунёди истилоҳи адабиёти форс-тоҷик бар он буд, аз солҳои 40 асри 20 дар тамоми илми собиқ шӯравӣ пазируфта шуд. На танҳо тадқиқоти адабиётшиносону таърихшиносони тоҷик (Бобоҷон Ғафуров, Л. Бузургзода, А. Мирзоев ва дигарон), балки шарқшиносон ва нависандагони шӯравӣ, хусусан А. А. Фадеев дар ин кор мавқеи муҳим дошт. Адабиётшиносии солҳои 30 – 40 асри 20 низ чун як ҷузъи муҳимми талошҳои фарҳангӣ инкишоф ёфта, барои ташаккули ҳофизаи таърихӣ ва худогоҳии миллии халқи тоҷик омили муҳим гардид. Ҳамчунин муборизаи зидди инкоргароии (нигилизми) таърихию маданӣ, ки аз боқимондаҳои Пролеткулт буд ва тамоми адабиёти давраҳои гузаштаро адабиёти феодалӣ медонист, низ аҳамияти махсус пайдо кард. Аз ин рӯ, дар фаъолияти илмии устод Айнӣ диққати асосӣ ба падид овардани бунёди халқиву инсондӯстии эҷодиёти намояндагони барҷастаи адабиёти гузашта – Рӯдакӣ, Абуалӣ ибни Сино, Фирдавсӣ, Саъдӣ ва дигарон равона гардид. Ин мавзӯъ дар тадқиқоти баъзе муҳаққиқони дигар ҳам то ҳол мавқеи калон дошта, боиси муайян гардидани баъзе аз хусусиятҳои асосии равияҳои пешқадами адабиёти гузашта, устувор гардидани пояҳои методологияи таҳқиқи иҷтимоии илмии адабиётшиносӣ шуд. Адабиётшиносӣ инчунин дар муборизаи зидди назарияи «ҷараёни ягона» ва дигар консепсияҳои дуруштандеш (вулгаризаторӣ) дар заминаи назарияи мафкураи марксистӣ-ленинӣ барои муайян намудани моҳияти равандҳои адабӣ то ба ҳадде имкон ёфт. Адабиётшиносон А. Мирзоев, А. Н. Болдирев, Х. Мирзозода, Н. Маъсумӣ, Р. Ҳодизода ва дигарон аввал ба адабиёти баъди асри 15, ки омӯхта нашуда буд, мутаваҷҷеҳ гардида, сарчашмаҳои адабӣ, давраҳои алоҳида, эҷодиёти Восифӣ, Биноӣ, Сайидо, Дониш, Шоҳин, Туғрал ва дигонро тадқиқ намуданд. Дар айни замон омӯзиши умумии таърихи адабиёти форс-тоҷик ва муҳимтарин маъалаҳои он натиҷаи ҷиддӣ дод ва асарҳои ҷомеи Е. Э. Бертелс «История персидско-таджикской литературы» («Таърихи адабиёти форс-тоҷик», М., 1960), И. С. Брагинский «Из истории таджикской народной поэзии» («Аз таърихи назми халқи тоҷик»; М., 1956) ва ғайра ба майдон омаданд. Ҷустуҷӯи сарчашмаҳои асосии адабиёти асрҳои миёна, ҷамъоварии мероси адабии намояндагони он, таҳқиқи ақидаҳои иҷтимоиву ахлоқии онҳо, ки аз солҳои 40 ривоҷ ёфта буд, хусусан солҳои 60 – 70 асри 20 авҷ гирифт. Бо кӯшиши як гурӯҳ муҳаққиқон эҷодиёти адибоне, ки пеш номашон чандон маълум набуд, омӯхта шуд. Кам-кам моҳияти эстетикии адабиёт, масъалаҳои поэтика ва инкишофи равияҳои жанриву услубии он бештар мавриди баррасӣқарор гирифт (С. Саъдиев, А. Абдуллоев, М. Муллоаҳмадов, А. Насриддинов ва дигарон). Омӯзиши адабиёти омиёна («китобҳои халқӣ») оғоз ёфт (Ю. Салимов, Қ. Чиллаев, Қ. Восеъ), дар роҳи гурӯҳбандии он ва нашри муҳимтарин намунаҳояш қадамҳои ҷиддӣ гузошта шуд, ки ин боиси амиқтар падид овардани халқияти адабиёт ва зуҳуроти он гардид. Таҷрибаи омӯзиши адабиёти классикии форс-тоҷик дар як силсила «Очеркҳои таърихи адабиёти тоҷик» дар ИЗА Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст гардид, ки муаллифони онҳо Р. Ҳодизода, А. Афсаҳзод, А. Абдуллоев, У. Каримов, С. Саъдиев ва дигарон мебошанд. Ин очеркҳо барои ба вуҷуд овардани таърихи мукаммали адабиёти тоҷик аз замонҳои қадим то имрӯз замина тайёр кард. Аз солҳои 50, хусусан дар солҳои 60 асри 20 ба баъд, омӯзиши ҷиддии назарияи адабиёт–илмҳои бадеъ, арӯз, қофия ва жанрҳои суннатӣ ривоҷ ёфт ва дар ин кор адабиётшиносон – Б. Сирус, Т. Зеҳнӣ, А. Сатторзода, Х. Шарифов. Р. Мусул­мон­қулов, У. Тоиров, Ш. Раҳмонов иштирок карданд. Роҳҳои инкишофи афкори эстетикии файласуфон Абунасри Форобӣ, Ибни Сино ва Насируддини Тӯсӣ, сайри таърихии адабиётшиносиву танқид, хусусан асарҳои Муҳаммади Родуёнӣ, Рашиди Ватвот, Хусрави Деҳлавӣ, Шамс Қайси Розӣ, Ҷомӣ ва Атоуллоҳи Ҳусайнӣҳамаҷониба аз назар гузаронда шуд. Матншиносӣ низ вусъат гирифта (К. Айнӣ, А. Афсаҳзод, Алӣ Муҳаммадии Хуросонӣ, А. Кӯчаров ва дигарон), чопи илмӣ ва оммавии бисёр асарҳо (аз ҷумла «Шоҳнома», асарҳои Низомӣ, Хусрави Деҳлавӣ, Ҷомӣ, Восифӣ, Дониш, Садриддин Айнӣ ва дигарон) анҷом ёфт. Феҳристи дастнависҳои ганҷинаи Институти шарқшиносии Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе ва Теҳрон чоп шуд. Омӯзиши таърихи адабиёти замони шӯравии тоҷик низ як соҳаи адабиётшиносиро ташкил мекунад. Ин соҳа дар ҷараёни бартараф кардани иҷтимоъгароии дурушт ташаккул ёфтааст. Омӯзиши таърихи адабиёти шӯравии тоҷик асосан аз тадқиқи осори бадеии Садриддин Айнӣ – аз асарҳои Р. Ҳошим, Н. Бектош И. Брагинский сар шуда буд. Аксари адабиётшиносон ва мунаққидон – Н. Маъсумӣ, С. Табаров, Ш. Ҳусейнзода, М. Шакурӣ (Шукуров), Ю. Бобоев, Л. Демидчик, А. Сайфуллоев ва дигарон дар айнишиносӣ иштирок карда, роҳи эҷодии ин нависанда, аҳамияти ғоявию бадеии асарҳои вай, мавқеи ӯро дар рушди маънавии халқ мавриди баррасӣқарор додаанд. Дар ин кор сессияи илмии «Солонаи Айнӣ» (аз соли 1958) ва нашрияи «Ҷашнномаи Айнӣ» нақши алоҳида мебозад. Ҳаёт ва эҷодиёти бисёр нависандагони шӯравии тоҷик, инчунин масъалаҳои алоҳидаи эҷодиёти баъзеи онҳо дар шакли монографӣ тадқиқ шудааст. Агарчи адабиётшиносии классикии форс-тоҷик аз аввал ҷанбаи танқидӣ дошта, хусусан дар «Ал-Мӯъҷам»-и Шамс Қайси Розӣ баъзе аз дастурҳои асосии танқиди адабӣ муайян шуд, то Инқилоби Октябр (соли 1917) танқиди адабӣ аз адабиётшиносии умумӣ чун шохаи алоҳида ҷудо нашуда буд. Танқиди адабӣ фақат бо мақолаҳои сирф танқидии охири солҳои 20 ва дар зарфи солҳои 30 асри 20 ба сӯи истиқлоли жанрӣ роҳ пеш гирифт. Аз солҳои 30 асри 20 адибони тоҷик ба тақозои замон ба асарҳои инқилобгарони демократи рус В. Г. Белинский, Н. А. Добролюбов, Н. Г. Чернишевский ҷиддан рӯ оварданд, мероси назарии К. Маркс, Ф. Энгелс, Г. В. Плеханов, В. И. Ленин ва инчунин А. В. Луначарскийро омӯхтанд ва танҳо аз онҳо барои муайян кардани дастурҳои нави методологии танқид, яъне нақди марксистӣ-ленинӣ такягоҳҷустанд. Такя ба пояҳои назарии биниши танқидӣ, кӯшиши дахолат ба раванди адабӣ имкон дод, ки нависандагон Абулқосим Лоҳутӣ, Сотим Улуғзода Мирзо Турсунзода, Ҳабиб Юсуфӣ, мунаққидон Раҳим Ҳо­шим, Х. Мирзозода ва дигарон бо мақолаҳои солҳои 30 ва 40 асри 20 дар роҳи ба ҷараёни адабиёти пролетарӣ ва мафкураи коммунистӣ кашидани адабиёт саҳм бигиранд. Танқиди адабӣ солҳои 40 – 50 асри 20 кам-кам таъсири дуруштназарии иҷтимоиро (сотсиологизми вулгариро) паси сар мекард. Давраи аввали инкишофи адабиётшиносӣ ва танқиди адабӣ бо китоби дастҷамъонаи «Очерки таърихи адабиёти советии тоҷик» (ҷилдҳои 1 – 2; 1957 – 58, нашри якҷояи русӣ – М., 1961) ҷамъбаст гардид. Солҳои 60 – 70 а. 20 ба танқиди адабӣ муяссар шуд, ки кам-кам аз асорати назари сирф иҷтимоъгароёна халосӣ ёфта, пояҳои илмии объективиро бештар қувват диҳад ва диққати асосиро ба моҳияти эстетикии адабиёт, ба масъалаи алоқаҳои жанр, услуб, поэтика, ба раванди адабӣ мутамаркиз намояд. Нақши танқиду адабиётшиносӣ дар раванди адабии ҷорӣҷиддитар шуд. Дар асарҳои насли нави адабиётшиносону мунаққидон – Х. Отахонова, Ю. Акбарзода, Х. Шарифов, А. Сатторзода, М. Раҷабӣ, А. Абдуманнонов, А. Набиев, Ҷ. Бақозода ва дигарон бо назари таърихӣ фаро гирифтани рӯйдодҳои раванди ҷории адабӣ, дар саҳни инкишофи адабии собиқ шӯравӣ мавқеи муҳим дорад. На фақат хусусиятҳои асосии раванди адабӣ, балки масъалаҳои назариву амалии тарҷума (Ҳ. Шодиқулов, З. Муллоҷонова), робитаи мутақобилаи адабиёти тоҷик ва адабиёти халқҳои дигар (А. Сайфуллоев, Валӣ Самад, А. Давронов), роҳҳои инкишофи адабиёти бачагона (Р. Амонов, Н. Файзуллоев, Ю. Акбарзода), назарияи танқид (С. Табаров), назария ва амалияи матн­шиносӣ (Х. Отахонова, А. Кӯчаров) ва ғайра низ мавриди баррасӣқарор гирифт. Савияи нави адабиётшиносӣ ва танқиди адабӣ, ки солҳои 70 – 80 асри 20 муяссар шуд, имкон дод, ки дар асари дастҷамъонаи шашҷилдаи «Таърихи адабиёти советии тоҷик. Инкишофи жанрҳо» (ИЗА Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1978 – 86) махсусиятҳои таҷаддуди реалистии адабиёти тоҷик аз рӯи тағайюру таҳаввули сохтори жанру услуб тадқиқ гардад. Солҳои 70 – 80 асри 20 нашри асарҳои адабиётшиносону мунаққидон хеле афзуд. Адабиётшиносӣ ва танқиди адабӣ ба ҳалли мураккабтарин масъалаҳои таърихи адабиёти гузаштаву ҳозираи тоҷик даст зада, муҳимтарин проблемаҳои инкишофи таърихии адабиёт ва ҷараёнҳои ғоявию услубии он, мазмуну шакли миллӣ ва муносибати мутақобилаи ҷанбаи миллию байналмилалӣ, анъанаву навоварӣ, махсусиятҳои биниши эстетикии халқ ва нақши он дар ташаккулу тараққии тасвири воқеъгароёна, бахусус реализми сотсиалистӣ, нақши таҷрибаи эстетикии реализми адабиёти рус дар инкишофи насри муосири тоҷик ва ғайраро ба тадқиқ гирифт. Аммо дар замони бозсозии горбачевӣ, бахусус, дар даврони соҳибистиқлол шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон (1991) ва тағйир хӯрдани арзишҳо адабиётшиносӣ аз маҳдудияти мафкуравӣ озод шуд ва ба дастурҳои бунёдии илмии худ таҷдиди назар намуд. Адабиётшиносон масъалаҳои таърихи адабиёт ва эҷодиёти нависандагони алоҳидаро аз меъёри арзишҳои асили миллӣ ва умумибашарӣ, мазияти ҳунарӣ мавриди баррасӣ ва пажӯҳиш қарор доданд. Дар шароити нав масъалаҳои таърихи адабиёт (адабиёти дарбор, осори тасаввуфӣ, адабиёти ҷадидия) таҳкиқ шуданд ва ба чанде аз масъалаҳои адабиётшиносӣ ва таърихи адабиёт назари интиқодӣ андохта шуд. Ҳамзамон масоили тозаи адабиётшиносӣ ба таври амиқ ва ҳамаҷониба таҳкиқ гардид ва як силсила тадқиқоти муҳиме ба анҷом расид. Адабиётшиносон мутаваҷҷеҳи адабиёти қадими тоҷикӣ шуданд ва китоби [[Авесто]], ҳамчунин маҷмӯаи хираднома ва достонҳои қадим ба чоп расиданд. Масъалаи таърихи адабиёти арабизабони форсии тоҷикӣ, назарияи насри классикӣ ва таърихи таҳаввули шакливу жанрии он (Х. Шарифов, Н. Салимов, Т. Мардонӣ, Н. Зоҳидов, А. Абдусаттор) ба таҳқиқ омад. Ба чигунагии назарияи адабиёти тоҷик, иртиботи он ба назарияпардозони Юнони Қадим, аз ҷумла Арасту таҷдиди назар шуд (А. Сатторзода). Рӯзгор ва осори адибони то ба ҳол таҳқиқшуда амсоли устод Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Камоли Хуҷандӣ аз нав баррасӣ шуданд, симои адибони орифе чун Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ (Балхӣ) мавриди тадқиқи ҷиддӣқарор гирифт, ки дар адабиётшиносӣ собиқа надошт. Ҳамчунин ба адабиёти асри 20 (маорифпарварӣ ва ҷадидия, замони шӯравӣ) ва эҷодиёти адибони ҷудогонаи он таҷдиди назар гардид ва ҳодисаҳои адабиву чеҳраҳои таҳқиқнашудаи он мавриди пажӯҳиш қарор гирифтанд. (М. Шакурӣ, Р. Ҳодизода, М. Раҷабӣ, А. Набавӣ). Дар заминаи таҳқиқи адабиёти замони Истиқлол (А. Сайфуллоев, А. Абдуманнонов, А. Набавӣ, Ю. Акбарзода), адабиёти кӯдакон (Н. Файзуллоев), айнишиносӣ низ пажӯҳишҳои тоза (М. Шакурӣ, А. Маҳмадаминов, М. Имомов) таълиф гардид. Дар адабиётшиносӣ риштаи иртиботи адабиёти халқҳои форсизабон – Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон зуҳур кард. (Х. Асозода, О. Хӯҷамуродов) ва робитаи адабӣ бо дигар халқҳо низ мавриди назар буд (А. Давронов, Валӣ Самад, М. Хоҷаева). Дар ду даҳсолаи асри 21 чанде аз адабиётшиносони ҷавон, амсоли Ш. Солеҳов, Ш. Исрофилниё, М. Зайниддинов, Т. Шарифзода, М. Нарзиқул, Б. Мақсудов, В. Охониёзов, А. Худойдод, Н. Нурзод, С. Аъзамзод, Р. Ваҳҳоб ва дигарон ба воя расиданд, ки рушди минбаъдаи адабиётшиносӣ дар дасти онҳост. Адабиётшиносии тоҷикӣ дар марҳалаи нави инкишоф қарор гирифтааст.
 
Дар китобҳои фалсафии бархе аз китобҳои таъриху луғат бобҳо ва фаслҳои алоҳида ба баҳси масъалаҳои гуногуни адабиёт ихтисос ёфтаанд:
* [[Ибни Сино]],
* «Қобуснома»-и [[Унсурулмаолии Кайковус]],
* «Чаҳор мақола»-и [[Низомии Арӯзии Самарқандӣ]] (1158),
* «Асос-ул-иқтибос»-и (1258) Насируддини Тусӣ
 
=== масъалаҳои балоғат ва суханварӣ ===
Китобу рисолаҳои бахшида ба масъалаҳои балоғат ва суханварӣ дар асри 11 пайдо шуданд.
 
Муҳаммад ибни Умари Родуёнӣ «Тарҷумон-ул-балоға»-ро (1114) ба масъалаҳои бадеиёти сухан, таҳлили санъатҳои бадеии ташбеҳ, истиора, таҷнис, тазод, таносуби сухан ва ғайра бахшид ва нукоти муҳимме роҷеъ ба шеъри шоирон арз кард.
 
Шамс Қайси Розӣ дар «Ал-Мӯъҷам фӣ маойири ашъор-ил-Аҷам» аз илмҳои арӯз, қофия ва бадеъ баҳс ороста, дар бораи вазифаҳои шеър, қофия ва хелҳои он, санъатҳои бадеӣ ва анвои шеър (қасида, рубоӣ, маснавӣ ва ғайра) мулоҳизаҳо рондааст.
 
=== Масъалаҳои назарияи наср ===
Масъалаҳои назарияи наср дар «Чаҳор мақола»-и Низомии Арӯзӣ, «Ҷавомеъ-ул-ҳи­коёт»-и Муҳаммад Авфӣ матраҳ шудаанд.
 
Китоби Муҳаммад Авфии Бухороӣ «Лубоб-ул-албоб» қадим­тарин тазкира дар адабиёти форс-тоҷик ба шумор меравад.
 
Авфӣ дар ин тазкира оид ба бисёр масъалаҳои адабиёт таваққуф намуда, доир ба рӯзгор ва осори қариб 300 нафар шоирон (аз аввалин шоири форсигӯй то замони худаш) маълумот додааст ва ашъори шоиронро нақди илмии бадеӣ кардааст.
 
==== Адабиётшиносии нимаи дуюми асрҳои 12 — 15 ====
Ба адабиётшиносии нимаи дуюми асрҳои 12 — 15 китобҳои зерномбаршуда ва дигар маълум буданд:
* «Ҳадоиқ-ус-сеҳр фӣ дақоиқ-уш-шеър»-и Рашиди Ватвот,
* «Меъёр-ул-ашъор», бахшҳои хитоба ва шеъри «Асос-ул-иқтибос»-и Насируддини Тӯсӣ,
* «Эъҷози Хусравӣ»-и Амир Хусрави Деҳлавӣ,
* «Меъёри нусратӣ»-и Шамси Фахри Исфаҳонӣ,
* «Рисолаи пирӯзӣ ва мақолаи нав­рӯзӣ»-и Наҷотии Нишопурӣ,
* «Дақо­иқ-уш-шеър»-и Тоҷулҳаловӣ,
* «Ҳадоиқ-ул-ҳақоиқ»-и Шарафуддини Ромӣ
 
Дар ин давра адабиётшиносӣ чун ҷузъи таркибии улуми адабӣ ва адабиёти бадеӣ инкишоф ёфт ва адабиётшиносони хушсалиқае фаъолият доштанд.
 
Асарҳои онҳо масъалаҳои умдаи эҷоди бадеӣ, ба монанди ҳунари офаринандагӣ, муҳимтарин ҳодисаҳои адабии замон, пайванди адабиёт бо суннатҳои эҷодӣ, қонунияти моҳияти шеър, мақоми адиб ва адабиёт дар ҷамъият, шинохти сухану суханварӣ, шарҳу тафсири осори адибон ва шарҳи мухтасари ҳоли гӯяндагонро инъикос кардаанд.
 
=== Адабиётшиносии асрҳои миёна ===
Адабиётшиносии асрҳои миёна рукнҳои назарияи адабиётро, аз ҷумла дар баҳси моҳияти шеър ва наср, нақди адабиро дар баррасии балоғати шеъру сухан ва таърихи адабиётро дар тазкираҳо бо худ дошт. Аз ҷумла адаби назариявии асри 15 нишон медиҳад, ки дар он замон шакли содаи ҳар се ҷузъи таркибии адабиётшиносӣ мавҷуд будааст.
 
Таърихи адабиёт дар тазкираҳо, масъалаҳои назариявӣ дар рисолаҳо ва нақди адабӣ дар маҳфилҳо ва нақди ашъор густариш меёфтанд.
 
Абдурраҳмони Ҷомӣ дар бораи қофия, арӯз ва муаммо чаҳор рисола навишт, равзаи ҳафтуми «Баҳористон»-ро ба тазкираи шуарои асрҳои 9 — 15 ва баёни навъҳои шеър бахшид.
 
Дар «Нафаҳот-ул-унс» (1478) дар бораи адибоне, ки пайрави маслаки тасаввуф буданд (Абдуллоҳи Ансорӣ, Саноӣ, Аттор, Ҷалолуддини Балхӣ, Ироқӣ ва дигар) ва ба ин равия асар эҷод мекарданд (Низомӣ, Саъдӣ, Камол, Ҳофиз ва дигар), маълумоти судманд медиҳад.
 
Ҷомӣ оғози шеъри тоҷикиро аз Рӯдакӣ сар карда, то Навоӣ дар бораи 39 нафар шоири номдор маълумот додааст.
 
Давлатшоҳи Самарқандӣ ибтидои шеъри форсиро аз замони Сосониён гирифта, ҷараёни адабиро бо даврабандии хосе то замони худ идома медиҳад.
 
Навоӣ дар тазкираи «Маҷолис-ун-нафоис» дар бораи 459 нафар адиби муосираш маълумот медиҳад, ки 420 нафари онҳо шоирони форсигӯй буданд.
 
Суннати тазкиранависии Давлатшоҳ ва Навоиро дар асрҳои баъдина тарҷумонҳои «Маҷолис-ун-нафоис», Хоҷа Ҳасани Нисорӣ, Мутрибӣ, Малеҳо ва даҳҳо адабиётшиносони дигар идома додаанд. Инчунин асарҳои Навоӣ «Хамсат-ул-мутаҳайирин» (дар бораи Ҷомӣ) ва «Ҳолоти Паҳлавон Муҳаммад», Абдулвосеи Низомӣ «Мақомоти Мавлавӣ Ҷомӣ», Абдулғафури Лорӣ "Такмила бар «Нафаҳот-ул-унс», Хондамир «Макорим-ул-ахлоқ» (дар бораи Навоӣ) беҳтарин китобҳо дар шарҳи ҳоли адибон буданд. Шарҳу хулоса ва тафсири осори бадеии адибони арабу Аҷам, муосирон ва ҳатто худи онҳо як бахши муҳимми асарҳои Адабиётшиносии нимаи дуюми асри 15 мебошад. Ҳадафи асосии шореҳон кашфи асрори мармуз ва илмии осори адабист. Ҷомӣ соли 1470 «Лавомеъ»-ро дар шарҳи қасидаи мимияи хамрияи Абуҳафс Умар ибни Алии маъруф ба Ибни Фориз (1180—1235) навишт, рисолаи дигари худ «Шарҳи қасидаи тоия»-ро ба ташреҳи қасидаи дигари ҳамон шоири араб «Назм-уд-дурар» хос гардондааст. «Шарҳи байтайни маснавӣ», ки тафсири ду байти аввали «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалоллуддини Румиро фаро мегирад, «Шарҳи байти Хусрави Деҳлавӣ», ки аз баррасии байти қасидаи «Миръот-ус-сафо»-и Хусрави Деҳлавӣ «Зи дарёи шаҳодат чун наҳанги „ло“ барорад „ҳу“ — Таяммум фарз гардад Нӯҳро дар вақти тӯфонаш» иборат аст ва «Рисолаи суханони Хоҷа Порсо» низ аз ин қабил асарҳои Ҷомӣ мебошанд. «Шарҳи рубоиёт» рисолаест, ки 46 рубоии ирфонии худи Ҷомиро аз мавқеи таълимоти ваҳдати вуҷуд шарҳ медиҳад. Ҷалолуддини Даввонӣ низ рубоиёти худро шарҳ додааст. Аз осори дигарон дар ин мавзӯъ рисолаи Хоҷа Аҳрор «Ҳуроия», шарҳи Ҳофизалии Ҷомӣ ба қасидаи Аттор ва шарҳи Абдулғафури Лорӣ бар «Нафаҳот-ул-унс»-ро метавон ном бурд. Асари Асирии Лоҳиҷӣ «Мафотеҳ-ул-эъҷоз» (1472), ки шарҳи «Гулшани роз»-и Маҳмуди Шабистарист, бузургтарин дастоварди ин соҳа мебошад. Дар асрҳои минбаъда шарҳнависӣ ба осори Фирдавсӣ, Низомӣ, Анварӣ, Хоқонӣ, Саъдӣ, Ҷалолуддини Румӣ, Хоҷа Ҳофиз, Абдурраҳмони Ҷомӣ ва дигарон ба ҳукми анъана даромад. Танқиди адабӣ дар адабиётшиносии ин давра ва дар тӯли асрҳои миёна такя бар таълимоти улуми балоғат ва адаб дошт. Зарурати нақди сухан ва ағрози адабиётро аҳли адаб аз оғози баррасиҳои ҳунарӣ дарёфтаанд. Амир Хусрави Деҳлавӣ, ки дар кулли анвои суханварӣ устод ва соҳибназар буд, сухансанҷро ба саррофи гавҳаршинос монанд кардааст:
Агар таҳсини шеъри хештан бар дасти хешастӣ,
Ҳама кас хештанро Унсурию Анварӣ донад.
Бале, ғаввос аз дарё гуҳар берун кашад, аммо
Чу вақти қимат ояд, қимати ӯҷавҳарӣ донад.
 
=== Адабиётшиносии асри 15 ===
Нақди адабӣ, хусусан нақди шеър дар асри 15 бисёр ривоҷ ёфта буд.
 
Дар маҷлисҳоишоҳона,ҷамъомадҳоиаҳли шаҳр, маҳфилҳои адибон ва маҳфилҳои арбоби сулуку ирфон базмҳои адабӣ ва мубоҳисаҳои шеършиносӣ барпо мегардиданд.
 
Шоирон дар чунин анҷуманҳо шеър мехонданд, аҳли сӯҳбат мувофиқи завқу салиқаи худ ва меъёрҳои маъмул ҳусну қубҳи ашъорро доварӣ мекарданд ва сухани охиринро шеършиноси маъруф мегуфт.
 
Дар «Хамсат-ул-мутаҳайирин»-и Навоӣ, «Мақомоти МавлавӣҶомӣ»-и Абдулвосеи Низомӣ, «Макорим-ул-ахлоқ»-и Хондамир ва хусусан «Бадоеъ-ул-вақоеъ»-и Восифӣ дар ин бора ривоятҳои бисёре оварда шудаанд.
 
Кошифӣ боби дуюми «Бадоеъ-ул-афкор фӣ саноеъ-ул-ашъор»-ро «Дар баёни уюби назм, ки онро илми нақд хонанд» унвон гузошта, дар он салх, масх, муноқиза, зиёдат, такаллуф ва дигар нуқсонҳои шеърро таҳлил кардааст.
 
Атоуллоҳ низ роҷеъ ба бисёр нуқсонҳои шеър (заъфи таълиф, сирқат, айбҳои қофия ва ғайра) сухан меронад.
 
Ҳамин ҳолат дар дигар асарҳои назмшиносӣ низ ба мушоҳида мерасад. Наққодони сухан нуқсу камбудии асарҳои бадеӣ, тозагиҳои асарҳои адибон ва тарзи хоси эҷодиёти адибонро нишон додаанд.
 
Афкори адабии тоҷик ба диди эстетикӣ, махсусан, бо мақулаи асосии он — зебоӣ пайванди мустаҳкаме дошт. Зебоии шеърро бо диди шоиронаи зебоии инсон, дарку дарёфти наводири мароқангези олами мавҷудоти табиат, сохтори вазну қофия, шакли хубу мазмуни марғуб, ҳусни сухан, таносуби таркиботи лафзӣ ва фаҳму бадеъ ва бе айбу нуқсон будан муайян кардаанд.
Бо ҳамин сабаб таҳлили хосиятҳои шеър мавриди тадқиқи сухансанҷони ин давра қарор гирифта, муҳаққиқон онҳоро аз мавқеи талаботи балоғату фасоҳат ва арӯз, қофия ва бадеъ санҷидаанд. Адабиётшиносони он замон ба таҳқиқ ва таҳлили илми арӯз таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир кардаанд.
 
Зарурати донистани арӯзро Сайфии Бухороӣ чунин ба қалам додааст: «Чун шеър каломест мавзун ва ҳар мавзунеро ночор аст аз мизоне, то зиёдат ва нуқсони онро ба он мизон тавон донист ва мизони шеър ба илми арӯз маълум мешавад.
 
Пас ҳар кас, ки дар боби шеър дахл мекунад, хоҳ ба гуфтани шеър ва хоҳ ба шинохтани он, бар ӯ лозим бошад, ки арӯз бидонад».
 
Асарҳои машҳури соҳаи илми арӯз аз нимаи дуюми асри 15 ба баъд инҳо мебошанд:
* ду рисолаи Дарвеш Мансури Сабзворӣ дар арӯз,
* асари Алишоҳ ибни Маҳдӣ «Лисон-ул-қалам»,
* асари Абусаид ибни Шайх Муҳиуддини Рофеӣ «Арӯз»,
* асари Абдурраҳмони Ҷомӣ «Рисолаи арӯз»,
* асари Сайфии Бухороӣ «Арӯзи Сайфӣ»,
* асари Алишери Навоӣ «Мизон-ул-авзон»,
* асари Наҷмуддин Алии Зоирӣ «Назм-ул-қавоид»,
* асари Абдулқаҳҳор ибни Исҳоқи Шариф «Арӯзи Ҳумоюн»,
* асари Сафиуддин Алӣ «Тӯҳфат-уш-шуаро»
 
Дар шарҳи абёте, ки Ҷавҳарӣ аз шоирони муосири амир Алишер Навоӣ дар илми арӯз суруда буд, Юсуфи Азизӣ «Арӯзи Юсуфӣ» ва ғайра Ҳамчунин Ҳофизалии Ҷомӣ, Атоуллоҳи Ҳусайнӣ, Юсуфи Бадеӣ, Қосими Коҳӣ ва дигарон низ дар бораи арӯз рисолаҳо доштанд.
 
Адибони он замон дар илми қофия низ рисолаҳо навиштаанд, ки аксар «Рисолаи қофия» ё «Илм-ул-қавофӣ» ном доранд.
Аз рисолаҳои ин силсила асарҳои Абдурраҳмони Ҷомӣ «Рисолаи қофия» ва Атоуллоҳи Ҳусайнӣ «Рисола дар илми қавофӣ» машҳуранд.
 
Асарҳои Ҳусайн Воизи Кошифӣ «Бадоеъ-ул-афкор фӣ саноеъ-ул-ашъор» ва Атоуллоҳи Ҳусайнӣ «Бадоеъ-ус-саноеъ» дар илми бадеъ таълиф шудаанд.
Атоуллоҳи Ҳусайнӣ бо номи «Такмил-ус-саноат» асари муфассале дошт.
 
Таснифи навъҳои шеър дар таърихи афкори назарии нимаи дуюми асри 15 мақоми хос дорад.
Донишмандони улуми адабӣ роҷеъ ба қасида, ғазал, қитъа, рубоӣ, дубайтӣ, маснавӣ, шоҳбайт, фард ва анвои гуногуни мусаммат (мураббаъ, мухаммас, мусаддас, мусамман, муашшар ва ғайра) дар кутубу рисолаҳо назари худро баён кардаанд.
 
Абдурраҳмони Ҷомӣ роҷеъ ба анвои адабӣ гуфтааст:
«Шеър бар ақсом аст чун қасида, ғазал, маснавӣ, қитъа ва рубоӣ ва шуаро дар муморасати онҳо мутафовит, баъзе мутафаннинанд, ки бар ҷамеи ин ақсом шеър гуфтаанд ва баъзе аз он қабиланд, ки майли эшон ба баъзе аз ин ақсом бештар будааст, чун мутақаддимон, ки эҳтимоми эшон ба қасоид будааст дар мадоеҳу мавоиз ва ғайри он ва эҳтимоми баъзе ба маснавӣ ба хилофи мутааххирон, ки суханони аксар бар тариқи ғазал воқеъ шудааст ва адади ин тоифа аз ҳадду ҳаср берун аст».
 
Дар як ҷумла муаллифи «Баҳористон» ба ақсоми шеър, таваҷҷӯҳи баъзе шоирон ба ҳамаи анвоъ ва аз дигарон ба баъзе, майли қадимиён ба қасида, эҳтимоми баъзе ба маснавӣ ва аз мутааххирон бар ғазал баҳои муносиб додааст.
 
Адабиётшиносони он замон ба мазмуни асарҳои бадеӣ аҳамият дода, мазмуну мӯҳтавиёти қасида, ғазал, рубоӣ ва маснавиро тибқи мазмун табақабандӣ кардаанд, ки ҳосили он ҳаҷв, ҳазл, нақиза, мунозира, шикояти рӯзгор, насиҳат, хамриёт, мутоиба, муаммо, луғз ва ғайра аст.
Масалан, Ҳусайн Воизи Кошифӣ маънои луғавӣ ва истилоҳии маснавӣ, тарзи қофиябандии он, истеъмоли онро дар қисасу ахбор ва ҳикоёти таърихӣ шарҳ дода, намунаи ин навъи шеър «Шоҳнома»-и Фирдавсиро ном бурдааст.
 
Дигар навъҳои шеър аз назари шаклу, мазмун, маъною мафҳум дар бахши «Дар баёни маонии баъзе алфози мутадовила миёни шуаро, ки мӯҳтоҷ ба баён аст»-и «Бадоеъ-ус-саноеъ»-и Атоуллоҳи Ҳусайнӣ шарҳ ёфтаанд ва ин бахшро луғати мухтасари истилоҳоти адабиётшиносӣ метавон гуфт.
 
Фасли «Зикри баъзе алфоз, ки мустаъмал ва мутадовили ин тоифа аст»-и «Бадоеъ-ул-афкор»-и Кошифӣ низ ҳамин хусусиятро дорад.
 
=== Адабиётшиносии ибтидои асри 16 ===
Дар нимаи дуюми асри 15 ва ибтидои асри 16 илмҳои адабӣ ривоҷ ёфтанд. Улуми адабӣ соҳаҳои гуногуни филология ва иншои шеъру наср ва адабиётшиносиро фаро гирифта, барои такмили ҳунари касбии нависандагӣ зарур буданд ва ҳамчун ҷузви таркибии адабиёти назарӣ дар ҷомеа мақоми шоиста доштанд.
 
Донишмандон аз оғози аҳди ислом улуми адабиро иборат аз дувоздаҳ навъ донистаанд (нигаред мақолаҳои [[Адаб]] ва [[Адабиёт]]).
Муаллифи «Арӯзи Ҳумоюн» Абдулқаҳҳор ибни Исҳоқи Шариф номгӯ ва шарҳи мухтасари ин дувоздаҳгонаро овардааст.
 
Дар таснифи улуми адабӣ чаҳор илм ба соҳаи забоншиносӣ хос мебошанд, илмҳои дигар сохтори назму насрро фаро мегиранд.
 
Аз китобҳои назарӣ, дастурӣ ва амалии фанни иншо ва номанигорӣ китобҳои зерномбаршуда ҳарчанд дар маҳалҳои гуногун тасниф шудаанд, аз ҷиҳати услуб ба ҳам қаробат дошта, гоҳе дар атрофи қоидаҳои ин фан баҳс карда, асосан намунаҳои муросилоти шахсӣ, пурсишу посухҳои илмӣ, номаҳои давлатӣ ва ғайраро дар бар мегиранд:
* «Махзан-ул-иншо»-и Кошифӣ,
* «Тарассул»-и Аб­дуллоҳи Марворид,
* «Маншаъ-ул-иншо»-и Абдулвосеи Низомӣ,
* «Руқаот ва муншаот»-и Ҳақирӣ,
* «Тарас­сул»-и Хоҷа Бурҳон,
* «Манозир-ул-иншо»,
* «Риёз-ул-иншо» ва «Қавоид-ул-иншо»-и Маҳмуди Қовон.
 
Ҷомӣ ва Навоӣ низ маҷмӯаҳои руқаоти худро тартиб дода, онҳоро чун асари алоҳида дар куллиётҳояшон ҷой додаанд.
 
Дар таснифи илмҳои адабӣ касе илми муамморо ворид накардааст, аммо аз асри 15 ба баъд дар илми муаммо рисолаҳои бисёре навиштаанд ва дигар қоидаҳои муаммо ва роҳҳои кашфи онро фаро гирифтаанд, аз он ҷумла:
* «Чаҳор рисола»-и Ҷомӣ,
* «Муфрадот»-и Навоӣ,
* «Ҳулали мутарраз дар фанни муаммо ва луғаз»-и Алии Яздӣ,
* «Муаммо»-и Мир Ҳусайни Муаммоӣ,
* «Афкор-уш-Шариф»-и Шарифӣ,
* «Зобитаи ҳалли муаммо»-и Камолуддин Муҳаммади Бадахшӣ,
* рисолаҳои Сайфии Бухороӣ, Юсуфи Бадеӣ, Қосими Коҳӣ.
 
Дар мамлакатҳои Ғарб адабиётшиносӣ дар Юнони Қадим бо таълимоти Афлотун (427—347 то м.), «Поэтика» ва «Риторика»-и Арасту сар шудааст.
 
Афлотун саромади ҷараёни идеалистӣ дар эстетика буда, вазифаи маърифатии адабиётро инкор мекард ва фақат ба аҳамияти тарбиявии он иқрор буд.
 
Арасту адабиётро эҷодкорие медонист, ки ба мардум на фақат дониш, балки завқе ҳам медиҳад ва дилу рӯҳро тоза мекунад.
Арасту ва пайравони ӯ аз мақоми иҷтимоии адабиёт, аз шаклу сабкҳои шеърӣ, аз ҷинс ва жанрҳои адабӣ сухан рондаанд.
Таълимоти Арастуро дар Рими Қадим Горатсий (65 — 8 то м.) бо рисолаи манзуми «Фанни шеър» давом дод.
 
Дар асрҳои миёна адабиётшиносӣ бештар дар Шарқ — [[Хитой]], [[Ҳиндустон]], мамлакатҳои арабизабон ва форсизабон инкишоф ёфт.
 
Муҳаққиқон ва адабиётшиносони Шарқ бештар ба муносибати шаклу мазмун, омӯхтани шаклҳои бадеӣ ва хусусиятҳои сабку услуб таваҷҷӯҳ намуданд.
 
Аврупои Ғарбии асрҳои миёна даврони ҳукмронии иртиҷоии динӣ буд ва ин боиси инқирози илм, аз ҷумла афкори адабиётшиносӣ гардид.
 
=== Адабиётшиносии замони Эҳё ===
Дар замони Эҳё (Ренессанс) муборизаи шадид бар зидди тангназарии асримиёнагӣ давом ёфт ва адабиётшиносӣ диққати нависандагонро ба омӯхтани воқеияти ҳаёт ва забони халқ мутаваҷҷеҳ намуд.
 
=== Адабиётшиносии аввали асри 17 ===
Дар аввали асри 17 Бэкон нахустин бор истилоҳи таърихи адабиётро истифода кард ва онро чун илми мустақил шинохт.
 
=== Адабиётшиносии аввали асри 18 ===
Дар асри 18, замони маорифпарварии Аврупо, дар адабиётшиносӣ дастурҳои воқеъгароӣ (реализм) тадқиқ шуданд ва барои намуна асарҳои Дидро ва Лессинг («Лаокоон», 1766) аҳамияти хос доштанд.
 
Маорифпарварон масъалаи иртиботи шахсу ҷомеаро ба миён оварда, нақши муҳити иҷтимоиро барои ташаккули шахс таъкид карданд ва ифодаи фардияти шахсро дар адабиёт зарур донистанд.
 
=== Адабиётшиносии аввали асри 19 ===
Дар асри 19 Гегел дар «Лексияҳо оид ба эстетика» (1817 — 29) рушди фарҳангу ҳунарро аз Шарқи Қадим (ки онро ватани шакли рамзии ҳунар донистааст) то замони худ аз назар гузаронд ва ин нақшаи таърихии ӯ моҳиятан идеалистӣ бошад ҳам, фарогири рӯҳи таърихият ва диалектика буд.
 
Гегел дар асарҳояш ба фардияти аҳли ҳунар, ба ифодаи хислатҳои шахсии ӯ, ба сабку услуб ва ғайра бештар аҳамият дод, назарияи романро кор кард ва романро ҳамосаи (эпоси) замони нав донист, ки зиндагии хусусии шахс ва саҳни вусъатноки ҳаёти иҷтимоиро ба ҳам мепайвандад.
 
Дар асри 19 инчунин назарияи реализми танқидӣ мавриди баррасӣқарор гирифт.
Аз ҷумла Стендал адабиётро оинаи зиндагӣ шумурд ва талаб кард, ки адабиёт бояд қонуниятҳои олами воқеиро зоҳир созад ва на фақат олами зоҳириро тасвир намояд, балки ба дунёи ботинии (равонии) шахс ҳам сар фурӯ барад.
 
Балзак хусусияти методи эҷодии адабиёти маорифпарварӣ, романтизм ва воқеъгароиро аз чанд ҷиҳат муайян карда, дар масъалаи хислати шахс ва алоқаи он бо муҳит мулоҳиза ронд ва маф­ҳуми «инсони иҷтимоӣ»-ро ба доираи пажӯҳишҳои илм ворид кард.
 
Дар асри 19 мунаққидон ва назарияпардозони рус дар тараққии афкори зебоишинохтӣ (эстетикӣ) ҳиссаи калон гузоштанд. В. Г. Белинский, А. И. Герсен, Н. Г. Чернишевский таърихи адабиёти русро дар иртибот бо таърихи муборизаи озодихоҳӣ баррасӣ карданд.
Онҳо масъалаи иртиботи ҳақиқати ҳаёт ва ҷаҳонбинии аҳли ҳунарро ба миён гузошта, мавқеи адабиётро дар дигарсозии инқилобии зиндагӣ мавриди муҳокима қарор доданд, масъалаи халқияти адабиётро низ аз ҳамин дидгоҳҳал намуданд.
 
Белинский хусусиятҳои мактаби воқеъгароии (реализми) русро дар давраҳои шаклгирии он муайян кард.
Инқилобгароёни демократ Н. А. Добролюбов ва Н. Г. Чернишевский ин кори ӯро давом дода, бисёр хусусиятҳои муҳими эҷодиёти нависандагони бузурги русро равшан намуданд.
 
Аз нимаи дуюми асри 19 вобаста ба зуҳури марксизм давраи наве дар таърихи адабиётшиносӣ сар шуд. К. Маркс ва Ф. Энгелс қонунҳои иҷтимоии тараққии ҷамъиятро кашф намуда, робитаи мураккаби байни асоси (базиси) иқтисодии ҷамъият ва барсохти (надстройкаи) он (аз ҷумла адабиёт)-ро муайян карданд.
Афкори онҳо ба дарки қонунҳои иҷтимоии тараққиёти ҳунар, барои аз мавқеи табақотӣ (синфӣ) омӯхтани таърихи адабиёт ва танқиди адабӣ нигоронда шуда буд.
 
Бахусус, таълимоти марксистӣ барои равшан кардани масъалаҳои назарияи мактаби воқеъгаро (реализм) имкон дод.
 
Дастури асосии ҳунари воқеъгароӣ, аз назари Ф. Энгелс, ба ҷуз аз тасвири ҳаққонияти ҷузъиёт, дар вазъиятҳои типӣ тасвир шудани характерҳои типӣ мебошад. Ин таъриф барои фаҳмидани воқеъгароии асри 19 аҳамият дорад ва ба таври куллӣ моҳияти асосии воқеъгароиро ифода мекунад.
 
К. Маркс ва Ф. Энгелс ба аҳамияти ҷаҳонбинии ҳунарманд, ғоянокӣ, халқият, синфияти адабиёт ва ғаразнокии он аҳаммияти калон додаанд.
Фикрҳое, ки онҳо доир ба давраҳои гуногуни тараққиёти адабиёт (давраи атиқа, асрҳои миёна, Эҳё, Маорифпарварӣ ва ғайра), хусусан дар бораи эҷодиёти нависандагони асри 19 — Гёте, Балзак, Лассал ва дигарон баён кардаанд, ба сифати методологияи марксистии адабиёти шӯравии тоҷик қабул гардида буд.
 
В. И. Ленин дар мақолаи «Ташкилоти партиявӣ ва адабиёти партиявӣ» (1905) ва дигар мақолаву тезис ва суханрониҳояш кӯшиш намуд, ки адабиётшиносии марксистиро бо корҳои ҳаррӯза ва амалии муборизаи синфӣ ва инқилоби пролетарӣ татбиқ намояд.
Вай партиявиятро дар асоси ҳамаи дигар масъалаҳои асосии назарияи адабиёт гузошт ва масъалаи идеали эстетикӣ, озодии ҳунарманд, халқияти адабиёт, анъанаву навоварӣ ва ғайраро аз ҳамин дидгоҳи сиёсӣ ҳал намуд.
Ин таълимоти В. И. Ленин ва андешаҳои ӯ дар бораи ҷанбаҳои объективӣ (айнӣ) ва субъективӣ (зеҳнӣ) дар кори адабию ҳунарӣ дар мавриди эҷодиёти Л. Н. Толстой ва мавҷуд будани «ду маданият дар ҳар маданияти миллӣ» асоси методологии пажӯҳишҳои адабиётшиносӣ, нақди адабӣ ва методи эҷодии адабиёти шӯравиро барои чанд даҳсола муайян намуда буданд.
 
Дар адабиётшиносии тоҷик низ вобаста ба зуҳури афкори рӯшангарӣ (маорифпарварӣ ва ҷадидия) дар афкори адабӣ тағйирот ба вуқӯъ пайваст.
Арзишҳо ва меъёрҳои баҳо ба намунаҳои адабиёт тағйир ёфт.
 
=== Адабиётшиносии аввали асри 20 ===
Дар охири асри 19 ва бахусус оғози асри 20 дар баробари тазкиранависии суннатӣ тазкираҳое таълиф шуданд, ки дар онҳо маълумоти умумии тавсифӣ мавқеи дуюмдараҷа гирифта, осори шуаро ва нависандагон аз меъёри мавқеи иҷтимоӣ, аҳамияти милливу ватандӯстӣ ва навназарӣ баҳо дода шуданд.
Дар ин маврид метавон баҳсҳои назарӣ ва усулие, ки дар саҳифаҳои рӯзномаи «Бухорои Шариф» баргузор шуда буд, намунаҳои нақди адабӣ дар нашрияҳои М. Беҳбудӣ (г. «Самарқанд», маҷаллаи «Оина») ва тазкираҳои Садри Зиё «Тазкори ашъор» ва Салимбекро ном бурд.
 
Ба таври куллӣ ин намунаҳои нақд масъалаҳои таҷдиди назар ба адабиёт, баррасии масъалаҳои иҷтимоӣ, назари воқеӣ ва навбинӣ ба масъалаҳои адабиётро фаро гирифта буданд.
Ба ин маънӣ метавон оғозгоҳи шинохти тозаи адабиёт, яъне адабиётшиносӣ ва нақди адабиро ба даврони рӯшангарӣ ва ҷадидия нисбат дод.
Ин афкори адабии нав бо ҷанбаи иҷтимоъгароии худ ба адабиётшиносии замони шӯравӣҳамоҳангӣ дошт ва баъзе аз хусусиятҳои он дар таълифоти Садриддин Айнӣ идома ёфт.
 
=== Адабиётшиносии тоҷикии замони шӯравӣ ===
Оғози рушди адабиётшиносии тоҷикии замони шӯравӣ бо номи Садриддин Айнӣ вобастагӣ дорад. Айнӣ бо «Намунаи адабиёти тоҷик» (1926), бо рисолаҳое, ки дар бораи Фирдавсӣ (1934), Ибни Сино (1939), Рӯдакӣ (1940), Саъдӣ (1940), Бедил (1946), Навоӣ (1948) ва дигарон навиштааст, дастурҳои асосии омӯзиши таърихи адабиётро муайян кард.
Ӯ дар таърихи илми замони нави тоҷик якумин касе буд, ки эҷодиёти классикон ва раванди адабии таърихиро алоқамандона бо вазъи иҷтимоию сиёсии замон омӯхта, ба асоси ҳаётии эҷоди бадеӣ (воқеъгароӣ) ва халқияти он, ба масъалаҳои услуб ва методи (усули) эҷодии нависандагон, пайдоиш ва инкишофи баъзе жанрҳову шаклҳои бадеӣ диққат дод.
 
Адабиётшиносии тоҷик дар замони шӯравӣ дар раванди муборизаҳои сахти мафкуравӣ шакл гирифта, аз аввали пайдоишаш мутаваҷҷеҳи масъалаҳои сиёсию иҷтимоии ҷамъият гардид, хусусиятҳои ҳирфаӣ ва шаклгирии минбаъдаи онро муайян намуд.
Муҳимтарини ин муборизаҳо муборизаи зидди инкоргароии (нигилизми) таърихӣ ва таърихиву маданӣ буд.
Дар айёме, ки пантуркистҳои таҳрифгари таърих мавҷудияти халқи тоҷик, маданият, адабиёт ва забони ӯро инкор мекарданд, устод Айнӣ бо «Намунаи адабиёти тоҷик» таърихи ҳазорсола доштани забони адабии ҳозира ва адабиёти асрҳои миёнаи тоҷикро исбот намуд.
 
Солҳои 30 — 40 асри 20 инкоргароии маданӣ-фарҳангӣ ба чунин шакле зоҳир шуд, ки баъзеҳо ҳуқуқи халқи тоҷикро ба адабиёти асрҳои гузашта, хусусан то асри 16 инкор менамуданд, дар сари ақидае пофишорӣ доштанд, ки дар инкишофи он адабиёт халқи тоҷик иштирок накардааст.
Фаъолияти адабиётшиносии устод Айнӣ солҳои 30 — 40 асри 20 бар муқобили чунин таҳрифи таърих нигаронида шуда буд.
Дар натиҷа бо пешниҳоди ӯ нисбат ба адабиёти то асри 16, ки мероси умумии эрониёну тоҷикони ҳозира аст, истилоҳи адабиёти форс-тоҷик қабул гардид. Дар ин роҳ маҷмӯаи дастҷамъонаи «Намунаҳои адабиёти тоҷик» (1940) ва сарсухани он, ки ба қалами И. С. Брагинский тааллуқ дошта, бо маслиҳати Айнӣ навишта шуда буд, низ нақши муассире гузошт.
 
Консепсияи таърих ва таърихи фарҳангу маданияти халқи тоҷик, ки бунёди истилоҳи адабиёти форс-тоҷик бар он буд, аз солҳои 40 асри 20 дар тамоми илми собиқ шӯравӣ пазируфта шуд.
 
На танҳо тадқиқоти адабиётшиносону таърихшиносони тоҷик (Бобоҷон Ғафуров, Л. Бузургзода, А. Мирзоев ва дигарон), балки шарқшиносон ва нависандагони шӯравӣ, хусусан А. А. Фадеев дар ин кор мавқеи муҳим дошт.
 
Адабиётшиносии солҳои 30 — 40 асри 20 низ чун як ҷузъи муҳимми талошҳои фарҳангӣ инкишоф ёфта, барои ташаккули ҳофизаи таърихӣ ва худогоҳии миллии халқи тоҷик омили муҳим гардид.
Ҳамчунин муборизаи зидди инкоргароии (нигилизми) таърихию маданӣ, ки аз боқимондаҳои Пролеткулт буд ва тамоми адабиёти давраҳои гузаштаро адабиёти феодалӣ медонист, низ аҳамияти махсус пайдо кард.
Аз ин рӯ, дар фаъолияти илмии устод Айнӣ диққати асосӣ ба падид овардани бунёди халқиву инсондӯстии эҷодиёти намояндагони барҷастаи адабиёти гузашта — Рӯдакӣ, Абуалӣ ибни Сино, Фирдавсӣ, Саъдӣ ва дигарон равона гардид.
Ин мавзӯъ дар тадқиқоти баъзе муҳаққиқони дигар ҳам то ҳол мавқеи калон дошта, боиси муайян гардидани баъзе аз хусусиятҳои асосии равияҳои пешқадами адабиёти гузашта, устувор гардидани пояҳои методологияи таҳқиқи иҷтимоии илмии адабиётшиносӣ шуд.
Адабиётшиносӣ инчунин дар муборизаи зидди назарияи «ҷараёни ягона» ва дигар консепсияҳои дуруштандеш (вулгаризаторӣ) дар заминаи назарияи мафкураи марксистӣ-ленинӣ барои муайян намудани моҳияти равандҳои адабӣ то ба ҳадде имкон ёфт.
 
Адабиётшиносон А. Мирзоев, А. Н. Болдирев, Х. Мирзозода, Н. Маъсумӣ, Р. Ҳодизода ва дигарон аввал ба адабиёти баъди асри 15, ки омӯхта нашуда буд, мутаваҷҷеҳ гардида, сарчашмаҳои адабӣ, давраҳои алоҳида, эҷодиёти Восифӣ, Биноӣ, Сайидо, Дониш, Шоҳин, Туғрал ва дигонро тадқиқ намуданд.
 
Дар айни замон омӯзиши умумии таърихи адабиёти форс-тоҷик ва муҳимтарин маъалаҳои он натиҷаи ҷиддӣ дод ва асарҳои ҷомеи Е. Э. Бертелс «История персидско-таджикской литературы» («Таърихи адабиёти форс-тоҷик», М., 1960), И. С. Брагинский «Из истории таджикской народной поэзии» («Аз таърихи назми халқи тоҷик»; М., 1956) ва ғайра ба майдон омаданд.
 
Ҷустуҷӯи сарчашмаҳои асосии адабиёти асрҳои миёна, ҷамъоварии мероси адабии намояндагони он, таҳқиқи ақидаҳои иҷтимоиву ахлоқии онҳо, ки аз солҳои 40 ривоҷ ёфта буд, хусусан солҳои 60 — 70 асри 20 авҷ гирифт.
Бо кӯшиши як гурӯҳ муҳаққиқон эҷодиёти адибоне, ки пеш номашон чандон маълум набуд, омӯхта шуд.
 
Кам-кам моҳияти эстетикии адабиёт, масъалаҳои поэтика ва инкишофи равияҳои жанриву услубии он бештар мавриди баррасӣқарор гирифт (С. Саъдиев, А. Абдуллоев, М. Муллоаҳмадов, А. Насриддинов ва дигарон).
 
Омӯзиши адабиёти омиёна («китобҳои халқӣ») оғоз ёфт (Ю. Салимов, Қ. Чиллаев, Қ. Восеъ), дар роҳи гурӯҳбандии он ва нашри муҳимтарин намунаҳояш қадамҳои ҷиддӣ гузошта шуд, ки ин боиси амиқтар падид овардани халқияти адабиёт ва зуҳуроти он гардид.
 
Таҷрибаи омӯзиши адабиёти классикии форс-тоҷик дар як силсила «Очеркҳои таърихи адабиёти тоҷик» дар ИЗА Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст гардид, ки муаллифони онҳо Р. Ҳодизода, А. Афсаҳзод, А. Абдуллоев, У. Каримов, С. Саъдиев ва дигарон мебошанд.
Ин очеркҳо барои ба вуҷуд овардани таърихи мукаммали адабиёти тоҷик аз замонҳои қадим то имрӯз замина тайёр кард.
 
Аз солҳои 50, хусусан дар солҳои 60 асри 20 ба баъд, омӯзиши ҷиддии назарияи адабиёт-илмҳои бадеъ, арӯз, қофия ва жанрҳои суннатӣ ривоҷ ёфт ва дар ин кор адабиётшиносон — Б. Сирус, Т. Зеҳнӣ, А. Сатторзода, Х. Шарифов. Р. Мусул­мон­қулов, У. Тоиров, Ш. Раҳмонов иштирок карданд.
 
Роҳҳои инкишофи афкори эстетикии файласуфон Абунасри Форобӣ, Ибни Сино ва Насируддини Тӯсӣ, сайри таърихии адабиётшиносиву танқид, хусусан асарҳои Муҳаммади Родуёнӣ, Рашиди Ватвот, Хусрави Деҳлавӣ, Шамс Қайси Розӣ, Ҷомӣ ва Атоуллоҳи Ҳусайнӣҳамаҷониба аз назар гузаронда шуд.
 
Матншиносӣ низ вусъат гирифта (К. Айнӣ, А. Афсаҳзод, Алӣ Муҳаммадии Хуросонӣ, А. Кӯчаров ва дигарон), чопи илмӣ ва оммавии бисёр асарҳо (аз ҷумла «Шоҳнома», асарҳои Низомӣ, Хусрави Деҳлавӣ, Ҷомӣ, Восифӣ, Дониш, Садриддин Айнӣ ва дигарон) анҷом ёфт.
 
Феҳристи дастнависҳои ганҷинаи Институти шарқшиносии Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе ва Теҳрон чоп шуд.
Омӯзиши таърихи адабиёти замони шӯравии тоҷик низ як соҳаи адабиётшиносиро ташкил мекунад.
Ин соҳа дар ҷараёни бартараф кардани иҷтимоъгароии дурушт ташаккул ёфтааст.
 
Омӯзиши таърихи адабиёти шӯравии тоҷик асосан аз тадқиқи осори бадеии Садриддин Айнӣ — аз асарҳои Р. Ҳошим, Н. Бектош И. Брагинский сар шуда буд.
 
Аксари адабиётшиносон ва мунаққидон — Н. Маъсумӣ, С. Табаров, Ш. Ҳусейнзода, М. Шакурӣ (Шукуров), Ю. Бобоев, Л. Демидчик, А. Сайфуллоев ва дигарон дар айнишиносӣ иштирок карда, роҳи эҷодии ин нависанда, аҳамияти ғоявию бадеии асарҳои вай, мавқеи ӯро дар рушди маънавии халқ мавриди баррасӣқарор додаанд.
Дар ин кор сессияи илмии «Солонаи Айнӣ» (аз соли 1958) ва нашрияи «Ҷашнномаи Айнӣ» нақши алоҳида мебозад.
Ҳаёт ва эҷодиёти бисёр нависандагони шӯравии тоҷик, инчунин масъалаҳои алоҳидаи эҷодиёти баъзеи онҳо дар шакли монографӣ тадқиқ шудааст.
Агарчи адабиётшиносии классикии форс-тоҷик аз аввал ҷанбаи танқидӣ дошта, хусусан дар «Ал-Мӯъҷам»-и Шамс Қайси Розӣ баъзе аз дастурҳои асосии танқиди адабӣ муайян шуд, то Инқилоби Октябр (соли 1917) танқиди адабӣ аз адабиётшиносии умумӣ чун шохаи алоҳида ҷудо нашуда буд.
 
Танқиди адабӣ фақат бо мақолаҳои сирф танқидии охири солҳои 20 ва дар зарфи солҳои 30 асри 20 ба сӯи истиқлоли жанрӣ роҳ пеш гирифт.
 
Аз солҳои 30 асри 20 адибони тоҷик ба тақозои замон ба асарҳои инқилобгарони демократи рус В. Г. Белинский, Н. А. Добролюбов, Н. Г. Чернишевский ҷиддан рӯ оварданд, мероси назарии К. Маркс, Ф. Энгелс, Г. В. Плеханов, В. И. Ленин ва инчунин А. В. Луначарскийро омӯхтанд ва танҳо аз онҳо барои муайян кардани дастурҳои нави методологии танқид, яъне нақди марксистӣ-ленинӣ такягоҳҷустанд. Такя ба пояҳои назарии биниши танқидӣ, кӯшиши дахолат ба раванди адабӣ имкон дод, ки нависандагон Абулқосим Лоҳутӣ, Сотим Улуғзода Мирзо Турсунзода, Ҳабиб Юсуфӣ, мунаққидон Раҳим Ҳошим, Х. Мирзозода ва дигарон бо мақолаҳои солҳои 30 ва 40 асри 20 дар роҳи ба ҷараёни адабиёти пролетарӣ ва мафкураи коммунистӣ кашидани адабиёт саҳм бигиранд. Танқиди адабӣ солҳои 40 — 50 асри 20 кам-кам таъсири дуруштназарии иҷтимоиро (сотсиологизми вулгариро) паси сар мекард. Давраи аввали инкишофи адабиётшиносӣ ва танқиди адабӣ бо китоби дастҷамъонаи «Очерки таърихи адабиёти советии тоҷик» (ҷилдҳои 1 — 2; 1957 — 58, нашри якҷояи русӣ — М., 1961) ҷамъбаст гардид.
 
Солҳои 60 — 70 а. 20 ба танқиди адабӣ муяссар шуд, ки кам-кам аз асорати назари сирф иҷтимоъгароёна халосӣ ёфта, пояҳои илмии объективиро бештар қувват диҳад ва диққати асосиро ба моҳияти эстетикии адабиёт, ба масъалаи алоқаҳои жанр, услуб, поэтика, ба раванди адабӣ мутамаркиз намояд. Нақши танқиду адабиётшиносӣ дар раванди адабии ҷорӣҷиддитар шуд. Дар асарҳои насли нави адабиётшиносону мунаққидон — Х. Отахонова, Ю. Акбарзода, Х. Шарифов, А. Сатторзода, М. Раҷабӣ, А. Абдуманнонов, А. Набиев, Ҷ. Бақозода ва дигарон бо назари таърихӣ фаро гирифтани рӯйдодҳои раванди ҷории адабӣ, дар саҳни инкишофи адабии собиқ шӯравӣ мавқеи муҳим дорад. На фақат хусусиятҳои асосии раванди адабӣ, балки масъалаҳои назариву амалии тарҷума (Ҳ. Шодиқулов, З. Муллоҷонова), робитаи мутақобилаи адабиёти тоҷик ва адабиёти халқҳои дигар (А. Сайфуллоев, Валӣ Самад, А. Давронов), роҳҳои инкишофи адабиёти бачагона (Р. Амонов, Н. Файзуллоев, Ю. Акбарзода), назарияи танқид (С. Табаров), назария ва амалияи матн­шиносӣ (Х. Отахонова, А. Кӯчаров) ва ғайра низ мавриди баррасӣқарор гирифт. Савияи нави адабиётшиносӣ ва танқиди адабӣ, ки солҳои 70 — 80 асри 20 муяссар шуд, имкон дод, ки дар асари дастҷамъонаи шашҷилдаи «Таърихи адабиёти советии тоҷик. Инкишофи жанрҳо» (ИЗА Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1978 — 86) махсусиятҳои таҷаддуди реалистии адабиёти тоҷик аз рӯи тағайюру таҳаввули сохтори жанру услуб тадқиқ гардад. Солҳои 70 — 80 асри 20 нашри асарҳои адабиётшиносону мунаққидон хеле афзуд. Адабиётшиносӣ ва танқиди адабӣ ба ҳалли мураккабтарин масъалаҳои таърихи адабиёти гузаштаву ҳозираи тоҷик даст зада, муҳимтарин проблемаҳои инкишофи таърихии адабиёт ва ҷараёнҳои ғоявию услубии он, мазмуну шакли миллӣ ва муносибати мутақобилаи ҷанбаи миллию байналмилалӣ, анъанаву навоварӣ, махсусиятҳои биниши эстетикии халқ ва нақши он дар ташаккулу тараққии тасвири воқеъгароёна, бахусус реализми сотсиалистӣ, нақши таҷрибаи эстетикии реализми адабиёти рус дар инкишофи насри муосири тоҷик ва ғайраро ба тадқиқ гирифт.
 
Адабиётшиносон масъалаҳои таърихи адабиёт ва эҷодиёти нависандагони алоҳидаро аз меъёри арзишҳои асили миллӣ ва умумибашарӣ, мазияти ҳунарӣ мавриди баррасӣ ва пажӯҳиш қарор доданд.
Дар шароити нав масъалаҳои таърихи адабиёт (адабиёти дарбор, осори тасаввуфӣ, адабиёти ҷадидия) таҳкиқ шуданд ва ба чанде аз масъалаҳои адабиётшиносӣ ва таърихи адабиёт назари интиқодӣ андохта шуд.
Ҳамзамон масоили тозаи адабиётшиносӣ ба таври амиқ ва ҳамаҷониба таҳкиқ гардид ва як силсила тадқиқоти муҳиме ба анҷом расид.
 
Адабиётшиносон мутаваҷҷеҳи адабиёти қадими тоҷикӣ шуданд ва китоби [[Авесто]], ҳамчунин маҷмӯаи хираднома ва достонҳои қадим ба чоп расиданд.
 
Масъалаи таърихи адабиёти арабизабони форсии тоҷикӣ, назарияи насри классикӣ ва таърихи таҳаввули шакливу жанрии он (Х. Шарифов, Н. Салимов, Т. Мардонӣ, Н. Зоҳидов, А. Абдусаттор) ба таҳқиқ омад.
 
Ба чигунагии назарияи адабиёти тоҷик, иртиботи он ба назарияпардозони Юнони Қадим, аз ҷумла Арасту таҷдиди назар шуд (А. Сатторзода). Рӯзгор ва осори адибони то ба ҳол таҳқиқшуда амсоли устод Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Камоли Хуҷандӣ аз нав баррасӣ шуданд, симои адибони орифе чун Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ (Балхӣ) мавриди тадқиқи ҷиддӣқарор гирифт, ки дар адабиётшиносӣ собиқа надошт.
 
Ҳамчунин ба адабиёти асри 20 (маорифпарварӣ ва ҷадидия, замони шӯравӣ) ва эҷодиёти адибони ҷудогонаи он таҷдиди назар гардид ва ҳодисаҳои адабиву чеҳраҳои таҳқиқнашудаи он мавриди пажӯҳиш қарор гирифтанд (М. Шакурӣ, Р. Ҳодизода, М. Раҷабӣ, А. Набавӣ).
 
Дар заминаи таҳқиқи адабиёти замони Истиқлол (А. Сайфуллоев, А. Абдуманнонов, А. Набавӣ, Ю. Акбарзода), адабиёти кӯдакон (Н. Файзуллоев), айнишиносӣ низ пажӯҳишҳои тоза (М. Шакурӣ, А. Маҳмадаминов, М. Имомов) таълиф гардид.
 
Дар адабиётшиносӣ риштаи иртиботи адабиёти халқҳои форсизабон — Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон зуҳур кард. (Х. Асозода, О. Хӯҷамуродов) ва робитаи адабӣ бо дигар халқҳо низ мавриди назар буд (А. Давронов, Валӣ Самад, М. Хоҷаева).
 
=== Адабиётшиносии тоҷикӣ дар давраи Истиқлолият ===
Аммо дар замони бозсозии горбачевӣ, бахусус, дар даврони соҳибистиқлол шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон (1991) ва тағйир хӯрдани арзишҳо адабиётшиносӣ аз маҳдудияти мафкуравӣ озод шуд ва ба дастурҳои бунёдии илмии худ таҷдиди назар намуд.
 
Дар ду даҳсолаи асри 21 чанде аз адабиётшиносони ҷавон, амсоли Ш. Солеҳов, Ш. Исрофилниё, М. Зайниддинов, Т. Шарифзода, М. Нарзиқул, Б. Мақсудов, В. Охониёзов, А. Худойдод, Н. Нурзод, С. Аъзамзод, Р. Ваҳҳоб ва дигарон ба воя расиданд, ки рушди минбаъдаи адабиётшиносӣ дар дасти онҳост.
Адабиётшиносии тоҷикӣ дар марҳалаи нави инкишоф қарор гирифтааст.
 
== Эзоҳ ==
Line 25 ⟶ 308:
 
== Адабиёт ==
* Теория литературы. Основные проблемы в историческом освещение, кн. 1 — 3, М., 1962 — 65;
* Шарипов Х., Формирование таджикской литературно-теоретической мысли в X – XI X—XI вв., Д., 1970; ҳамон муалл., Назарияи наср, Д., 2004;
* Бобоев Ю., Муқаддимаи адабиётшиносӣ, Д., 1974;
* Сатторов А., Афкори адабӣ ва эстетикии Абдурраҳмони Ҷомӣ, Д., 1975; ҳамон муалл., Из истории персидско-таджикской литературно-эстетической мысли (X – XVX—XV вв), Д., 1976; ҳамон муалл., Нуқтаи пайванд, Д., 1982;
* Мусулмонқулов Р., Атауллах-и Махмуди Ҳусайни и вопросы таджикской-персидской классической поэтики, Д., 1980; ҳамон муалл., Асрори сухан, Д., 1980;
* Қурбонмамадов А., Эстетики Абдурахмана Джами, Д., 1984;
* Асоев Х., Адабиёти форсӣ ва се шохаи он, Д., 1990;
* Хоҷаева М., Масъалаҳои услуб, Х., 1994;
* Имронов С., Ёдномаи устод Рӯдакӣ, Д., 2001;
* Салимов Н., Марҳилаҳои услубӣ ва таҳаввули анвои наср дар адабиёти форсу тоҷик (асрҳои IX – XIIIIX—XIII), Х., 2002;
* Шакурӣ М., Нигоҳе ба адабиёти тоҷикии садаи бист, Д., 2002;
* Валӣ Самад. «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва Чернишевский, Д., 2004;
* Набавӣ А., Нарзуллои Бектош ва илму адаби тоҷикӣ, Д., 2004;
* Зоҳидов Н., Насри арабизабони адабиёти форсу тоҷик дар асрҳои VIII – IXVIII—IX, Х., 2004;
* Сафар Абдулло. Нури сухан, Д., 2005;
* Табаров С., Ҷаҳони андешаҳои Абдурауфи Фитрат. Д., 2008;
* Сайфуллоев А., Уфуқҳои наср, Д., 2009;
* Отахонова Х., Масъалаҳои матншиносии осори адибон, Д., 2010;
* Мардонӣ Т., Рӯдакӣ ва адабиёти араб Д., 2010;
* Насриддинов А., Матншиносии осори бадеӣ, Х., 2010;
* Амирқулов С., Нигоҳе ба инкишофи таърихии адабиёти тоҷик дар Мовароуннаҳр (қарни 19), Д., 2010;
* Исрофилиё Ш. Р., Назаре ба адабиётшиносии чанд соли охир, г. «Адабиёт ва санъат», 3 марти соли 2011.
 
== Сарчашма ==