Адабиётшиносӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 57:
 
Абдурраҳмони Ҷомӣ дар бораи қофия, арӯз ва муаммо чаҳор рисола навишт, равзаи ҳафтуми «Баҳористон»-ро ба тазкираи шуарои асрҳои 9 – 15 ва баёни навъҳои шеър бахшид.
 
Дар «Нафаҳот-ул-унс» (1478) дар бораи адибоне, ки пайрави маслаки тасаввуф буданд (Абдуллоҳи Ансорӣ, Саноӣ, Аттор, Ҷалолуддини Балхӣ, Ироқӣ ва дигар) ва ба ин равия асар эҷод мекарданд (Низомӣ, Саъдӣ, Камол, Ҳофиз ва дигар), маълумоти судманд медиҳад.
 
Ҷомӣ оғози шеъри тоҷикиро аз Рӯдакӣ сар карда, то Навоӣ дар бораи 39 нафар шоири номдор маълумот додааст.