Омударё: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х Omid Jeyhani moved page Амударё to Омударё: Ин рӯд Омударё ном дорад.
х Бот: автоматизированная замена текста (-Узбак +Ӯзбек)
Сатри 58:
Истифодабарии оби Омударё барои обёрӣ, одатан, аз март сар шуда, моҳҳои июн — авг. ба дараҷаи баланд мерасад. Сарфи солонаи об дар моҳҳои январ — феврал, дар баъзе солҳо моҳи март ҳам кам аст. То соли 1960 сарфи миёнаи об дар назди ш. Каркӣ дар як сония 2000 м<sup>3</sup>-ро ташкил медод. Оби Омударё тира аст (3,3 кг/ м<sup>3</sup>). Поёноби Амударё ях мебандад, дар ҳаволаи ш. Нуқус он тақр. 4 моҳ ях мекунад.
 
Омударё ва шохобҳои он барои обёрӣ аҳамияти калон доранд; аз он заминҳои Тоҷикистон, УзбакистонӮзбекистон, Туркманистон ва Афғонистон обёрӣ мешаванд. Соли 1962 канали Қароқум ба номи Ленин (дарозиаш 800 км) ба истифода дода шуда, оби Омударё то ба Ишқобод бурда шуд. Ҳамин тавр, дар воҳаҳои Мурғоб ва Таҷани Туркманистон 170 ҳазор га замини нав обёрӣ гардид. Барои обёрии заминҳои Бухоро соли 1962 канали Аму — Қарокӯл, соли 1965 канали Аму — Бухоро канда шуд. Оби Омударё ба воситаи насосҳои пуриқтидор ба системаи обёрии дашти Қаршӣ равон гардид. Омударё аҳамияти нақлиётӣ низ дорад. Аз Тирмиз то поёноби Омударё дарё киштигард мебошад. Дар ҳудуди Тоҷикистон киштӣ то Панҷи Поён ҳаракат карда метавонад. Қисми киштигарди дарё (бо Панҷ) бештар аз 1400 км-ро ташкил медиҳад. Ба воситаи Омударё маҳсулоти саноати нефт, чӯбу тахта, нуриҳои минералӣ, пахта ва ғ. кашонда мешавад. Муҳимтарин бандарҳои Омударё Тирмиз, Каркӣ, Чорҷӯй ва Нуқус мебошанд. Дар ҳавзаи Омударё давлатҳои қадими Осиёи Марказӣ — Хоразм, Суғд ва Бохтар ҷой гирифта буданд. Тадқиқи Омударё асосан аз охирҳои асри 19 оғоз ёфт. Дар ҳудуди Тоҷикистон аз болои дарё Панҷ якчанд пул сохта шудаанд, ки барои рушди робитаҳои иқтисодии Тоҷикистону Афғонистон аҳамияти муҳими стратегӣ доранд.
 
== Набототу ҳайвонот ==