Кӯлоб: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х Вироиши 217.11.191.135 (Баҳс) вогардонида шуд ба охирин тағйире, ки Шухрат Саъдиев анҷом дода буд
Барчасб: вогардонӣ
х Бот:ивазкунии автоматии матн (-ӯзбак +ӯзбек)
Сатри 102:
{{аввали иқтибос}}''«Баъд аз марги Тоғрулбек ба ҷои ӯ Алпарслон подшоҳ шуд. Амири Хутталон дар қалъаи худ оси гардида, хироҷ напардохт. Султон ба ҷанги ӯ шитофт. Чун ба Хутталон расид, дид, ки қалъаи он бисёр мустаҳкаму баланд аст. Ӯ чанде бо соҳиби қалъа ҷангид, вале ба чизе ноил нагардид. Рӯзе Алпарслон бо шахси худ ба чанг пардохт. Ӯ аз асп пиёда шуда ба кӯҳ (баландӣ) баромадан гирифт. Аскарон аз ӯ пайравӣ карда, ба мавқеи Хутталиён наздик шуданд ва ба ҳуҷумҳои пай дар пай пардохтанд. Соҳиби қалъа (яъне шоҳи Хутталон) дар он замон дар болои қалъа назди тиркаше истода буд ва афроди худро ба ҷанг таҳриз мекард. Нохост тире, ки онро ба сӯи ӯ кушод дода буд, ба вай расид ва ӯро бикушт. Сипас Алпарслон қалъаро фатҳ кард ва Хутталон ба ҳайати кишварҳои ӯ даромад»''{{охири иқтибос}}
 
Гуфтан мумкин аст, ки бо ин ҷанги дар санаи 456/1063-1964 рух дода, бо Хатлону маркази он зарбаи мухлик дода шуд. Баъд аз таърихи мазкур номи маркази Хатлон шахри [[Хулбук]]ро дигар дар маохизи таърихӣ дучор намеоем. Баръакс дар давраи мазкур муаррихон аз қалъаи Кӯлоб дар наздикиҳои [[Ҷайхун]] ёд кардаанд, ки ба гумони голиб он дар ҷои шаҳри Кӯлоби имрӯза вокеъ буд. Чунин ба назар мерасад, ки баъди дар санаи 1038-1039 аз тарафи Буритегину кумичиёну туркони ганчина хароб карда шудани шаҳрҳою деҳоти Хатлон табдил ёфт. Баъди хароб сохтани қалъа ҳаёт дар он мавзеъ ба кулли катъ нагардид ва чи тавре ки дар боло қайд кардем, дар он қо бо мурури замон деҳа ва сипас шаҳре бо номи Кӯлоб дар асрҳои XV-XVI қомат афрохт. Бо ҳамин, дигар то асри XVI оиди шаҳри Кӯлоб дар сарчашмаҳои таърихӣ маълумоте дучор намегардад. Як нафар амирони турк Сайиди Алии Раис, ки ашъори зиёдеро аз девонҳои [[Саъдӣ]], [[Амир Хусрави Деҳлавӣ]] ва Мавлоно [[Ҷалолиддини Румӣ]] аз бар медонист ва худ низ ба форсӣ шеър мегуфт, дар асари ба забони турки навишта — «Миръоту-л-мамолик» («Ойинаи кишварҳо») оиди Хатлону шаҳри Кӯлоб ва мавзеи тавозуди мазори ҳазрати Амири Кабир [[Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ]] маълумоти тозаи пурқимат додоааст. Аз порчаи мазкур чунин бармеояд, ки Дили яке аз мавзеъҳои асосии Хатлон будааст, зеро тобути мубораки Сайид Алии Ҳамадониро шогирдонаш дар асри XIV, бори аввал маҳз дар Дилии Хатлон гуронида будаанд, на дар шаҳри Кӯлоб ки шояд дар он замон ободу машҳур набуд. Аз мавзеи Дили як нафар амирзодаи муғул — Мирзо Ҳайдар дар асари худ «Таърихи Рашидӣ» ҳамчун яке аз мавзеъҳои муҳими Хатлон ёд кардааст. Мирзо Ҳайдар дар соли 912/ 1506-1507 ҳангоми аз Хисори Шодмон ба Бадахшон аз узбакҳоӯзбекҳо гурехтанаш аввало дар Пушинг (деҳаест маъруф то имрӯз бо ҳамин ном дар [[ноҳияи Данғара]]и [[вилояти Хатлон]]) истода, сипас аз он ҷо ба Дилии бозор меравад: «Чун бо Дилии бозор, ки аз курайёти муътабараи Хатлон аст, расида шуд, ин аҳвол маълум гашт».<ref>[https://kulobjonvatanam.wordpress.com/about/ Таърихи Кӯлоб. Бойгонӣ]</ref>
 
Дар ибтидои асри XVI — Ҳофиз Таниши Бухороӣ таърихнигори Абдуллохони Шайбонӣ дар китоби худ «Шарафномаи шоҳӣ» («Абдуллонома»), ки ҳуҷуми Абдуллохон ба Кӯлоб ривоят мекунад, дар се мақола далелу арқом оварда аст. Дар мақолаи аввал, ки «Кӯлоб дар асрҳои 16» ном дорад муаллиф аз хусуси таьрихи бунёди шаҳри Кӯлоб дар асри XIII то асри XVI ва низ дар бораи хароб гардидани шаҳр аз ҷониби Шайбонӣ ва ҳам азнавсозии шаҳр замони ҳукуматронии Абдуллохон маълумот оварда шуда аст.
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Кӯлоб"