Турон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х Бот:ивазкунии автоматии матн (-ӯзбак +ӯзбек)
Сатри 15:
Дар замонҳои пасин ба сабаби кӯчи тираҳое аз турктаборон аз бахшҳои ховарии Осиё ба сарзаминҳои Фарорӯд (зодбуми турониён) ва даромехтани онҳо бо бархе аз бумиёни туронӣ, ҳама турониён «турк» хонда шуданд ва ин иштибоҳи бузурги торихӣ ва таборшинохтӣ ба ҳамаи матнҳои торихӣ ва ҷуғрофиёӣ ва адабӣ ва аз ҷумла «Шоҳнома» роҳ ёфт<ref>Дӯстхоҳ, Ҷалил. Ҳамосаи Эрон: ёдмоне аз фаросӯи ҳазораҳо (сиву панҷ гуфтору баррасӣ ва нақди шоҳномашинохтӣ). – Теҳрон: «Огоҳ», 1380, ISBN 964-416-190-4. – саҳ. 199, 222, 442</ref>.
 
Турон номи аслӣ ва бостонии Тоҷикзамин аст, ки [[Тоҷикистон]] як бахше аз он аст. Бархе аз [[туркзабонон]] ҳақиқату воқеияти таърихиро таҳриф карда, кӯшиш мекунанд, ки Туронро сарзамини [[туркон]] ва туркнажодонро вориси аслӣ ва ҳаққонии таърих ва мероси турониён вонамуд кунанд. Дар ин кор аз ҳама бештар [[туркҳо]]ву [[озарбойҷониҳо]]ву [[узбакӯзбек]]ҳо кӯшиш мекунанд, ки хушбахтона аз ҳама камтар ҳаққи чунин даъворо доранд. [[Туркзабонон]] бар ин дурӯғ бовар доранд, ки [[Турон]] ҳамеша туркнишин будааст ва аз ин рӯ бо [[Туркистон]] яке аст.
 
Пешиниён Туронро бо [[Туркистон]] яке намедонистанд. Аз ҷумла, нависандаи «Фарҳанги Онандроҷ» навиштааст: «Ва Турон ғайри [[Туркистон]] буда... чун аъроб бар он вилоят (Турон) муставлӣ (фармонраво) шуданд ба [[Мовароуннаҳр]] мавсум шуд». Ҳамин нависанда ҳудуди онро чунин менигорад: «[[Мовароуннаҳр]] [[вилоят]]ест шарқаш [[Фарғона]] ва ғарбаш [[Хоразм]] ва шимолаш [[Тошканд]] ва ҷанубаш [[Балх]]у [[Самарқанд]] ва муаззам билоди Турон аст» <ref>Фарҳанги Онандроҷ, ҷ. 1, саҳ. 1224.</ref>.
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Турон"