Абдулҳай Маҳмадаминов: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
х Бот:ивазкунии автоматии матн (-ӯзбак +ӯзбек)
Сатри 33:
Аз соли 2009 то кунун раисии Шӯрои илмию методии факултаи филологияро бар уҳда дорад. Ҳамзамон роҳбари маҳфили илмии «Нақди адабӣ» мебошад. Абдулҳай Маҳмадаминов муаллифи беш аз 30 китоб ва зиёда аз 400 мақола аст. Таълифоти ӯ оид ба масъала ва муаммоҳои муҳимми таърих ва назарияи адабиёт, нақди адабӣ, матншиносӣ, китобшиносӣ, сарчашмашиносӣ, тарҷума, равобити адабӣ, фолклоршиносӣ, луғатшиносӣ ва исломшиносӣ бахшида шудаанд. Дар маркази фаъолияти илмии Абдулҳай Маҳмадаминов махсусан тадқиқи рӯзгор ва осори устод Айнӣ, А.Лоҳутӣ, А.Фитрат, Алӣ Хуш, Сомеи Одиназодаи Хатлонӣ ва Ҳ. Бақозода мавқеи асосӣ дорад. Абдулҳай Маҳмадаминов танҳо дар хусуси асари бунёдии С.Айнӣ тазкираи «Намунаи адабиёти тоҷик» беш аз 100 мақола ва чор монография «Ҷустуҷӯи ҳақиқат» (1994, ба забони русӣ), «Адабиётшиносӣ ва худогоҳии миллӣ» (1998), «Айнишиносӣ ва замони ҳозира» (2005), «Садриддинхоҷаи Айнӣ ва сарнавишти тоҷикон» (2008) ба табъ расонидааст.
 
Абдулҳай Маҳмадаминов матни илмию интиқодии «Тартилу — л — Қуръон», «Таҳзибу — с — сибён», «Зарурийёти динийя», «Намунаи адабиёти тоҷик» — и С.Айнӣ, «Мухтасари таърихи Ислом», «Мавлуди шариф ё худ миръоти Хайрулбашар», «Мусулмонони Дорурроҳат», «Оила ё худ вазоифи хонадорӣ», «Баёноти Сайёҳи Ҳиндӣ», «Қоидаҳои забони тоҷик (Сарф ва наҳв)», «Раҳбари наҷот», «Намунаи ганҷи шойгон», «Бародари меҳрубон» — и А.Фитрат, «Дафтари сабз» — и Сомеи Одиназодаи Хатлонӣ, «Маданият ва вазоиф», «Шариати исломия ва тараққиёти мадания» — и Сайид Аҳмади Васлии Самарқандӣ, «Василату — н — наҷот» — и Муҳаммадҳусайни Ҳоҷиро омода ва ба зевари табъ оростааст. Таълифоти илмии М. дар Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Чехославакия, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Англия, Америка, Франсия, Ҷумҳурии ӮзбакистонӮзбекистон, Ҷумҳурии Туркманистон ва Ҳиндустон ба табъ расиданд. Аз натиҷаҳои тадқиқот М. дар симпозиуму семинар ва конференсияҳои ҷумҳуриявӣ, умумииттиҳодӣ, минтақавӣ ва байналмиллалӣ бо маърӯзаҳои илмӣ баромад кардааст. Тарҷумаи китоби дарсии С.Айнӣ «Духтарбача ё ки Холида», осори шарқшиносони рус А. Д. Гребенкин «Тоҷикон», «Таҷрибаи тавсифи бекигарии Кӯлоб» ба қалами М. тааллуқ дорад. Фолклоршиносӣ ва луғатшиносӣ қисми таркибии фаъолияти тадқиқотии Абдулҳай Маҳмадаминов мебошад. Таснифи луғати шеваи гӯиши мардуми Хатлон таҳти унвони «Фарҳанги Асалмоҳ», осори фолклории «Қиссаи ҳазрати Шоҳ Аҳтам», «Маликаи зебоҳусн», «Шоҳзода Доробшоҳи зарринкамар» аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
 
Барнома ва дастурҳои таълимии «Программаи адабиёти тоҷик» (1984), «Мавзӯъҳои корҳои контролӣ аз адабиёти тоҷик барои шунавандагони ғоибхони факултетҳои иқтисодӣ ва таъриху ҳуқуқшиносии шуъбаи тайёрии УДТ ба номи В. И. Ленин» (1984), «Дастури методӣ оид ба кори амалии шуъбаи тайёрӣ» (1987), «Муқаддимаи адабиётшиносӣ» (Барномаи дарсҳои лексионӣ ва амалӣ) (1996—2012, чор бор ба табъ расидааст), «Адабиётшиносии муқоисавӣ» (2012), «Мактабҳои адабӣ» (2013), «Назарияи адабиёт» (Барномаи дарсҳои лексионӣ ва амалӣ) (2013) аз ҷумлаи корҳои методии Абдулҳай Маҳмадаминов мебошанд.