Афғонистон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х Бот:ивазкунии автоматии матн (-ӯзбак +ӯзбек)
х Бот: автоматизированная замена текста (-ӯзбак +ӯзбек)
Сатри 107:
[[паштун]] 37 %,
[[ҳазораҳо]] 8 %,
[[ӯзбакҳоӯзбекҳо]] 6 %,
туркманҳо 2,0 % ва боқӣ, [[балуҷ]], [[қирғиз]], [[чордеҳ]]ҳо, лӯлӣ ва дигарон халқиятҳои хурд дохиланд. Афзоиши миёнаи солонаи аҳолӣ 2,6 % буда, зичии миёна дар 1 км² 38 нафар мебошад; дарозумрӣ ба ҳисоби миёна 44,6 сол (мардҳо 44,2 ва занҳо 47,8). Зичии бештари аҳолӣ дар Ҷалолобод, Ҳирот, Қандаҳор, Балх мушоҳида шуда, ба ҳар як км² то 250—400 нафар рост меояд. Мутобиқи маълумоти расонаҳои итти­лоотӣ, дар давоми 25 соли нобасомониҳо (аз соли 1985 ба баъд) дар Афғонистон бештар аз 2 млн нафар нобуд шуда, қариб 4 млн нафар тарки ватан кардаанд. Тамоми сокинони Афғонистон мусулмонанд(95 % [[ҳанафӣ]] ва 5 % [[шиъа]]).
 
Сатри 120:
Ташаккули афғонҳо (паштунҳо) ба сифати халқи воҳид ба асрҳои 11-12 рост меояд. Паҳншавии паштунҳо дар Хуросон (Афғонистони имрӯза) дар асрҳои 15-16 оғоз гардид. «Муҳоҷирати бузург»-и афғонҳо ба лашкаркашиҳо ва ҷангҳои хонумонсӯзи Чингизхону Темур (асрҳои 13-14) вобаста аст.
 
Баъди соиқаи хонумонсӯзи Чингиз Мангухон тамоми сарзамини Афғонистонро ба Шамсуддин Муҳаммади Курт вогузошт. Хонаводаи Курт то соли 783 қамарӣ (1381 мелодӣ) ҳукумат ронда, оқибат Оли Курт ба дасти Амир Темур соли 786 қамарӣ (1384 мелодӣ) аз байн рафт. Сипас дар даврони салтанати Ҷало­луддин Акбар писари хурдсоли Ҳумоюн дар Ҳинд шимол Афғонистонро ӯзбакҳоиӯзбекҳои Мо­вароуннаҳр истило намуда буданд. Қисматҳои ғарбӣ, ки Қандаҳор марбути он буд, ба дасти сафавиҳои Эрон афтод ва дар қисмати шарқи Афғонистон ҳаракати озодихоҳӣ ва истиқлолхоҳӣ Афғонистон ба унвони Рӯшониён ба вуҷуд омад. Дар ин байн дар баъзе маҳалҳо қабилаҳои алоҳидаи афғонӣ барои нигоҳдошти иқоматгоҳҳои хеш ва тавсиаи чарогоҳҳо ва заминҳои корами хеш ба самти ғарбӣ юришҳо карда, дар он ҷо муқимӣ шуданд. Аввалҳо қабилаҳои афғонии юсуфзуйҳо навоҳии шимол водии Пешовар (Пишовур)-ро ишғол карда, дар миёнаҳои Афғонистон 16 марватҳо ба вилояти Банну соҳиб шуданд. Ибтидо Афғонистон 17 қабоили ғилзуйҳо ва абдолиён атрофи Куҳҳои Сулаймон ва навоҳии Қандаҳорро аз худ карданд. Дар охирҳои Афғонистон 17 ва авв. Афғонистон 18 музофоти алоҳидаи Афғонистон — Ҳирот ва баъдҳо Қандаҳор ба ҳайати давлати Са­фа­виёни Эрон, Пешовару Кобулу Ғазна ба ҳайати давлатдории Темуриёни Ҳинд дохил шуданд. Дар давраи ҳукмронии [[Нодиршоҳи Афшор]] (1736—1747) тамоми сарзамини ҳамондавраинаи Афғонистон ба империяи ӯ дохил буд. Соли 1747, баъди қатл шудани Нодиршоҳ, афғонҳо шӯриш бардоштанд ва дар натиҷа, давлати афғон — сулолаи Дурронӣ — Аҳмадшоҳи Абдолӣ ба вуҷуд омад. Ӯ дар навбати аввал муғулҳоро саркӯб ва дастнишондаҳои Нодиршоҳро аз Ҳирот берун кард. Империяи Аҳмадшоҳ аз Осиёи Марказӣ то Деҳлӣ ва аз Кашмир то Баҳри Араб тӯл мекашид. Соли 1774 вориси Аҳмад­шоҳ — Темуршоҳ пойтахти мамлакатро аз Қандаҳор ба Кобул кӯчонд. Бо сабаби фарохии ҳудудӣ империяи [[Аҳмадшоҳи Дурронӣ]] мустаҳкаму пур­иқтидор набуд ва сабаби ин камқувватӣ нотифоқии қабилаҳои гуногуни афғон буд. Ҳамчунин дар ин давра фишори беруна низ ба Афғонистон возеҳ ба назар мерасид; ав­валҳо аз тарафи эрониён ва минбаъд аз тарафи англисҳо аз Ҳинди Британиявӣ. Кӯшиши Британияи Кабир барои ғасби Афғонистон (ҷанг­ҳои аф­ғону англис, солҳои 1838—1842 ва 1878—1880) бенатиҷа монд, вале бо вуҷуди ин англисҳо назорати сиё­сати берунаи Афғонимтонро (тибқи қарордодҳои 1879 ва 1893) ба даст гирифтанд.
[[Акс:Shuja Shah Durrani of Afghanistan in 1839.jpg|alt=Дохилии қасри Шоҳ Шуҷоъ|left|thumb|320x320px|Дохилии қасри Шоҳ Шуҷоъ]]
[[Акс:Dost Mohammad Khan of Afghanistan.jpg|alt=Дӯстмуҳаммадхон (1793—1863)|thumb|Дӯстмуҳаммадхон (1793—1863)]]
Сатри 175:
=== Мусиқӣ ===
[[Акс:Farhad Darya's Peace Concert in 2010.jpg|alt=Фарҳоди Дарё, Консерт дар Кобул, 2010|thumb|320x320px|[[Фарҳоди Дарё]], Консерт дар [[Кобул]], [[2010]]]]
Гуногунии қавмии Афғонистон (тоҷик, пашту, балуч, турк­ман, ӯзбакӯзбек ва ғайра) дар мусиқии Афғонистон низ хеле равшану возеҳ акс ёфта, дар он ҳамчунин унсурҳои санъати ҷаз­зо­би ҳинд нақши худро гузош­таанд. Ин ҳолат имкон фа­ро­ҳам овард, ки мусиқии Афғонистон до­рои жанрҳои гуногун, лаҳн­­ҳои фаровон ва созҳои мухта­ли­фуннавъ бошад. Дар санъа­ти мусиқии Афғонистон дубайтӣ, чор­бай­тӣ, рубоӣ, ғазал ва қа­сида бис­ёр истифода мегарданд. Аз созҳои нисбатан маъ­руфтари мардумӣ танбӯр, рубоб, ғи­жак, сантӯр, чанг, сурнай, нақора, даф, дойра ва таблак хеле маъмуланд. Сарояндагони маш­ҳури Афғонистон устод Ғуломҳусайн, Муҳам­мад Умар, Ҳафи­зул­лоҳи Хаёл, Абдуҷалили Залонд, Салими Сармаст, Фитрати Ношинос, устод Сароҳанг, Ма­дадӣ, Зо­ҳири Ҳувайдо, [[Аҳмад Зоҳир]], Аҳмад Валӣ, [[Фарҳоди Дарё]], Маҳваш, Салмо, Қамар, Ҳан­гома ва дигарон ме­­бошанд, ки бе­рун аз хоки Афғонистон дар аксар мам­лакатҳои [[Осиёи Мар­казӣ]] шуҳ­рат доранд. Соли 2006 Рӯз­ҳои фарҳанги Афғонистон дар Тоҷикис­тон баргузор гардида, санъати му­сиқию овозхонӣ, синамову ҳунарҳои тасвирӣ ва саноеи дастии мардуми кишвари дӯст намоиш дода шуд.
 
=== Театр ===