Бадахшон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х Бот:ивазкунии автоматии матн (-ӯзбак +ӯзбек)
х Бот: автоматизированная замена текста (-ӯзбак +ӯзбек)
Сатри 113:
 
=== Солҳои 1500 ===
Дар соли 1504-05 лашкари ӯзбакӯзбек бо сардории Шайбонихон ба минтақаҳои ҳокимнишини Ҳисору Қундуз ҳуҷум карда, онҳоро ишғол намуд ва Бадахшон низ зери таҳдиди ҳуҷуми ӯзбакҳоӯзбекҳо қарор гирифт. Вале дар ҷанги сахте, ки байни ду қувваи асосӣ дар минтақа — байни Шайбонихон ва шоҳи Эрон — Исмоили Сафавӣ дар с.1510 дар наздикиҳои Марв рух дод, Шайбонихон кушта ва қувваҳояш торумор гардиданд. Баъди гирифтани Ҳирот шоҳ Исмоили Сафавӣ дар он ҷо ҳокими темурии Бадахшон — писари султон Маҳмуд Мирзо — Увайс Мирзоро, ки дар таърих бештар бо номҳои Мирзохону Хонмирзо машҳур буд, ба ҳузураш қабул кард ва ба иловаи Бадахшон мулки Ҳисорро низ ба ӯ дод. Азбаски дар он вақт Ҳисору Хатлон як мулкро ташкил медоданд, Мирзохон акнун ҳокими як минтақаи хеле калони иборат аз Бадахшон, Ҳисор ва Хатлон шуд. Аз ҳамин таърихи соли 1510 сар карда, Кӯлобу Бадахшон якҷо то соли 1584 ба дасти темуриёни Ҳинд қарор гирифтанд. Вале подшоҳии Хонмирзо дар Ҳисор он қадар зиёд давом накард. Ба зудӣ Убайдуллохони Шайбонӣ дар соли 1513-14 Ҳисорро гирифт ва Хонмирзо акнун ҳокими Бадахшон ва Хатлон шуд. Ин дафъа Хатлон аз Ҳисор ҷудо гашт.
 
Аз рӯйи навиштаҳои мирзо Ҳайдари муғул дар «Таърихи Рашидӣ» дар соли 1504-05 маркази вақти Бадахшон Қалъаи Зафар буда, худи Бадахшон дар ҳамон айём ба чор қисм тақсим карда шуда будааст: «Қисми болои он тобеи Кошғар буда, онро Мирзо Абубакри Кошғарӣ ва баъд султон Саиди Кошғарӣ истило карда, дохили девони Кошғар намуда будаанд (яъне сокинони ин қисми Бадахшон хироҷро ба Кошғар мепардохтанд); қисми поину нисбатан ҳамвору муфиди он дар дасти ӯзбакҳоӯзбекҳо[и шайбонӣ] қарор дошт ва мардуми ин қисм хироҷро ба онҳо мепардохтанд; пораи сеюми он қисми миёнаи Бадахшон буда, даромади онро шоҳ Разиюддин мегирифт; ниҳоят, қисми чорум, ба таъбири мирзо Ҳайдар, иборат аз „тангиҳои Бадахшон“ буд, ки Қалъаи Зафарро бо заминҳои атрофи он дар бар мегирифт».
 
Солҳои 1504—05 бародари Шайбонихон — Маҳмуд султон, ки волии Қундуз буд, даргузашт ва Шайбонихон ба ҷойи ӯ Қамбарбийи марвиро волӣ таъйин кард. Қамбарбий як дастаи ӯзбакҳороӯзбекҳоро бо сардории Маҳмуд ибни Муҳаммад-махдум ном ба сӯи Қалъаи Зафар, маркази Бадахшон барои ишғоли он фиристод. Ба ӯзбакҳоӯзбекҳо намояндаи мардуми маҳаллӣ (таҳҷоӣ) бо номи Муборакшоҳ бо дастаи худ ба ҷанг пардохта ғолиб омад. Ба сабаби ин зафар қалъаи дастнораси бевосита дар соҳили Кӯкча қарордошта, ки Шафдевор (Шафтивар) ном дошт, Қалъаи Зафар номида шуд. Сабаби дигар чунин ном гирифтани қалъаи мазкур боз дар он буд, ки асли баромади худи Муборакшоҳ аз қабилаи маҳаллие буд бо номи «музаффариён» [ки решаи ин калима низ аз «зафар» мебошад].
 
Бобур менависад, ки дар Бадахшон чор бек дар байни бадахшониён бо сари баланд мегаштанд ва ба ӯзбакҳоӯзбекҳо тобеъ набуданд. Инҳо Муҳаммади Қӯрчӣ, Муборакшоҳ, Зубайр ва Ҷаҳонгири туркман буданд. Ин чор бек якҷо шуда, Носир Мирзои темуриро шикаст дода, аз Бадахшон дар соли 1506-07 пеш карданд ва ӯ ба Кобул рафт. Дар соли 1507-08 Мирзохон, ки дар Кобул буд, аз Бобур рухсат гирифта, ба Бадахшон, ба Қалъаи Зафар омад. Дар ин асно дар байни бекҳои ёдшудаи Бадахшон зиддиятҳое пайдо шуданд, ки дар натиҷа Муборакшоҳро Зубайри Роғӣ кушт. Мирзохон, Зубайрро кушт. Мирзохонро аз Кобул худи Зубайр даъват карда оварда буд. Аз навиштаҳои Мирзо Ҳайдар, ки худ дар Қалъаи Зафар дар назди Мирзохон буд, чунин маълум мегардад, ки аҳволи Мирзохон дар Қалъаи Зафар бисёр бад будааст: «Маоши Мирзохон он қадар, ки ба хӯрдиёт (хӯрданиҳо) кофӣ тавонад буд, набуд». Дар аввалҳои баҳор дар миёни муътақидони шоҳ Разиюддин ихтилофе пайдо шуд [ва он] ба ҳадде расид, ки сари ӯро бурида, пеши Мирзохон оварданд".
 
Шоҳ Разиюддин ба сабаби ихтилоф бо пайравонаш соли 1510 кушта шуда, мавқеи Мирзохон дар Бадахшон каме устувор гардид. Ӯ то ҳангоми вафоташ дар соли 1520 подшоҳи Бадахшон буд. Азбаски Сулаймоншоҳ — писари Мирзохон хурдсол буд, Бобур ӯро дар наздаш нигоҳ дошта, писари навраси 13-солаи худ — Ҳумоюнро ҳокими Бадахшон таъйин кард.Ҳумоюн баъд аз шикасти сахти дуюми ӯзбакҳоӯзбекҳо аз лашкари қизилбошҳои Эрон дар соли 1528 дар Хуросон, тибқи хоҳиши падараш Бобур, ба сӯи Ҳисору Самарқанд лашкар кашид, аммо ба муваффақият ноил нашуда, ба қафо баргашт. Дар худи ҳамин сол Бобур Ҳумоюнро ба Агра, ба назди худаш даъват кард, то агар мабодо вафот кунад, Ҳумоюн ҷойи ӯро гирад. Ҳумоюн дар Бадахшон амиреро бо номи Фақир Алӣ ба ҷойи худ гузошта, худ ба Агра ба назди падараш рафт. Амирон ва мардуми Бадахшон, ба сабаби он ки ӯзбакҳоӯзбекҳо дар наздикии Бадахшон қарор доштанд, дар таҳлука афтода, ба назди хони Кошғар — Саидхон расулҳо фиристода, таърихеро муайян карданд, ки агар ӯ то фалон таърих ба Бадахшон ҳамчун ҳоким биёяд, бисёр хуб мешавад. Агар ӯ то таърихи мазкур наояд, бадахшониён рафта ӯзбакҳороӯзбекҳоро худашон оварда, Бадахшонро ба онҳо месупоранд. Сабаби султон Саидхонро ҳамчун ҳокими Бадахшон хостани мардум дар он буд, ки Шоҳбегими бибии хони мазкур аз авлоди шоҳони Бадахшон буд. Тибқи даъват султон Саидхон дар ибтидои соли 1529 то ба мавзеи Сариғчӯпони Бадахшон омада, аз он ҷо дастаи пешгарди лашкари худро таҳти сардории муаллифи «Таърихи Рашидӣ» — Мирзо Ҳайдари мазкур ба сӯи Қалъаи Зафар фиристод. Вақте ки мирзо Ҳайдар ба назди Қалъаи Зафар омада расид, маълум гардид, ки 11 рӯз пеш аз ин Ҳумоюн бародари хурдии худ — Мирзо Ҳиндолро ба Қалъаи Зафар ҳамчун ҳокими Бадахшон фиристода будааст. Мирзо Ҳайдар ба назди Ҳиндол кас фиристода, хост фаҳмонад, ки «Ҳоло фасли зимистон аст, хони Кошғар -Саидхон низ ба Бадахшон омадааст, то баромадани зимистон баъзе мавзеъҳои Бадахшонро ба хон биспор. Баъди баромадани зимистон хон низ баргашта ба Кошғар меравад». Азбаски Ҳиндол ба ин маслиҳат розӣ нашуд, «… охируламр кор бар тохт (ғорат) қарор ёфт. То омадани хон (Саид) банда (мирзо Ҳайдар) атрофи Қалъаи Зафарро фароҳам овардам (ғорат кардам) ва он ҷо аз нотиқу сомит, ки исми шайъ (чиз) бар он тавон ниҳод, дарҳам кашиданд. Баъд аз чанд рӯз хон ҳам расид. Муддати се моҳ Қалъаи Зафарро муҳосира намуданд ва атрофи онро он чи аз банда боқӣ монда буданд, мардуми хон бурданд».
 
Ҳамин тавр, мардуми Бадахшон аз зиддияти байни ҳокимони темурӣ-муғулии худ ғорат гардида, мардуми зиёде молу ҷони худро талаф доданд. Ҳиндол дар қалъа ҷон ба саломат бурд. Баъдтар Бобур Ҳиндолро ба назди худ даъват карда Сулаймоншоҳи писари Мирзохонро ба Бадахшонҳамчун ҳоким фиристод ва дар ин бора ба хони Кошғар — Саидхон мактуб навишта, фаҳмонд, ки ӯ вориси ҳақиқии тахти Бадахшон — Сулаймоншоҳро ба он ҷо фиристодааст. Дар ин байн Ҳумоюн, ки баъди вафоти падараш — Бобур дар соли 1530 дар Ҳинд ҷойи ӯро гирифта буд, баъди муборизаҳою ҷангҳои зиёд бо подшоҳони мухталиф оқибат аз Шерхони сурӣ шикаст хӯрда, ба сӯи Кобул ба қафо баргашт. Ӯ солҳои 1544-46 аз Кобул ба Қалъаи Зафар ҳуҷум оварда бо Сулаймоншоҳи мазкур ҷангид. Сулаймоншоҳ тоб наоварда гурехт. Ҳумоюн Қалъаи Зафарро гирифта, баъд аз он ҷо ба Кишм омад. Дар Кишм ӯ бемор шуд. Чун ин хабар ба гӯши Комрон — бародари дигари Ҳумоюн расид, ӯ зуд ба Кобул омад. Чун Ҳумоюн низ аз ин хабар огаҳӣ ёфт, Қалъаи Зафарро боз баргардонида ба Сулаймоншоҳ дод ва ӯ ҳам фавран ба Кобул баргашт. Баъд аз он ки Комрон тоату фармонбардорӣ изҳор кард, Ҳумоюн ӯро дар ҳудуди соли 1549 ҳокими Кӯлоб таъйин кард.
Сатри 127:
Дар миёнаҳои асри 16 як нафар адмирали турк бо номи Сейдӣ Алӣ Раис, ки забони форсиро хуб медонист ва ҳатто ба ин забон шеър низ мегуфт, дар асари ба забони туркӣ навиштаи худ «Миръоту-л-мамолик» (Оинаи кишварҳо) оид ба Бадахшон ва Хатлон маълумоти муҳим додааст. Сейдӣ баъди ҷанги сахти баҳрӣ бо як гурӯҳ баҳриёни худ ба Ҳиндустон меафтад. Ӯ дар соли 1556 аз Ҳиндустон ба Кобул ва аз он ҷо бо роҳи Бадахшон, Хатлон, Ҳисор ва Самарқанд ба ватани худ — Туркия бармегардад. Сейдӣ мавзеъҳои зиёраткардаашро дар асари мазкури худ зикр карда, чунин менависад: "… дар аввали раҷаб [-и соли 1556] ба ш. Андароб, аз он ҷо ба вил. Бадахшон ба Толиқон расидем. Дар он ҷо бо Сулаймоншоҳ ва писараш Иброҳим мирзо вохӯрдем. Подшоҳ дар ҳаққи мо лутфу эҳсони зиёд кард. Ӯ ба сабаби адовате, ки нисбат ба ҳокими Балх — Пирмуҳаммадхон ва ҳокими Тошканд — Буроқхон дошт, гуфт: «Ба он роҳҳо рафтани шумо хатарнок аст. Бародарҳои қазоқи (яъне — роҳзани) Пирмуҳаммадхон роҳҳои Қундузу Қубодиён ва Тирмизро зери хавф гузоштаанд. Аммо роҳҳои Бадахшону Хатлон бехавфанд, шумо бо ҳамин роҳҳо равед. Подшоҳу мирзо ба ман аспу сару либос туҳфа намуданд. Ҷаҳонгир Алихон, бародари зани подшоҳ (Сулаймоншоҳ) ҳокими Хатлон буд. Подшоҳ ба номи ӯ мактуб навишта ба мо дод, то ба ӯ бирасонем. Мо бо ҳамон роҳи нишондодаи ӯ ба роҳ баромадем ва ба пойтахти Бадахшон — шаҳри Кишм расидем. Дар он ҷо чорбоғи подшоҳӣ — подшоҳ Ҳумоюнро, ки Боғчаи Дуоба ном дошт, тамошо кардем. Сипас, бо роҳи Қалъаи Зафар ба шаҳри Рустоқ ва аз он ҷо ба бандари Самтӣ расида, аз оби Ому, яъне Ҷайҳун ба воситаи мешҳо (саночҳо, пӯстҳои дамкардашуда) гузаштем. Аз сӯи Кошғар ба вилояти Хатлон, ба Дилӣ расидем. Дар он ҷо қабри Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат кардем. Пас аз он ба шаҳри Кӯлоба расидем. Дар он ҷо бо Ҷаҳонгир Алихон мулоқот карда, мактуби хоҳарашро ба ӯ супоридем…».
 
Аз ин порча маълум мегардад, ки Сулаймоншоҳ дар он айём дар Толиқон қарор доштааст, шояд баъди шикаст хӯрдан аз Ҳумоюн. Ғайр аз ин маълум мегардад, ки дар он айём маркази Бадахшон ш. Кишм будааст. Инчунин, мушаххас мегардад, ки зани Сулаймоншоҳ — хоҳари ҳокими Кӯлоб буда, он ҳоким Ҷаҳонгир Алихон ном доштааст. Роҳи асосӣ аз Хатлон ба Бадахшон аз тариқи деҳаи Боғи Баҳорак ба Самтӣ ва аз он ҷо ба Рустоқу Кишм мерафт. Мавзеи марқади Саййидалии Ҳамадонӣ дар Дилӣ ном мавзеи Хатлон қарор доштааст, на дар ҷойи имрӯзааш дар ш. КӯлоБадахшон Ғайр аз ин, аз порчаи мазкур адовати Сулаймоншоҳ нисбат ба ҳокими ӯзбакиӯзбеки Балх — Пирмуҳаммадхон баръало намудор аст, ки ин душманӣ охир ба ҷанг кашид.
 
Баъд аз якчанд соли ҳукмронӣ подшоҳи Бадахшон Сулаймоншоҳ ё ба тариқи дигар — Шоҳсулаймон каме пурқувват гардид. Ӯ бо писараш Иброҳим Мирзо лашкаре тартиб дода, қасди гирифтани Балхро намуданд. Дар Балх Пирмуҳаммадхони ӯзбакӯзбек ҳоким буд. Ӯ аз писарамаки ҷавонаш — Абдуллоҳхон, ки дар Мовароуннаҳр ба мулкгирӣ шурӯъ карда буд, ёрӣ пурсид. Абдуллоҳхон ба ёрӣ пеш омад. Шоҳсулаймон дар ҷанг шикаст хӯрда гурехт, аммо писараш Иброҳим Мирзо, ки табъи хуби шоирӣ дошт, асир афтода, оқибат бо фармони Пирмуҳаммадхон кушта шуд. Бо вуҷуди он ки Абдуллоҳхон якҷоя бо Пирмуҳаммадхон дар ҷанг бар Шоҳсулаймон ғолиб омаданд, Абдуллоҳхон нисбат ба Бадахшон ва Кӯлоб, ки дар он вақт як подшоҳ доштанд, дар худ кина мепарварид. Хоссатан, ки ӯ то соли 1584 тамоми Осиёи Миёнаро ишғол намуда, фақат минтақаи Бадахшон ва Кӯлоб аз қаламрави ӯ берун монда буданд, бо мақсади гирифтани минтақаи мазкур ба лашкараш амр дод, ки дар баҳори соли 1584 ҳама дар саҳрои Насаф ҷамъ шаванд. Подшоҳи он замони Бадахшон ва Хатлон Шоҳрух-мирзо — набераи Шоҳсулаймон ба хотири пешгирӣ аз ин ҳуҷум Шоҳҳасан ном саййидзодаи тирмизиро бо туҳфаҳои зиёди қимат ба назди Абдуллоҳхон фиристод. Аммо дер шуда буд ва аз он сафорат фоидае ҳосил нагардид. Абдуллоҳхон худ аз паси ӯ 19 янв. 1584 ба сӯи саҳрои Насаф роҳ пеш гирифт. Баъд аз чанд рӯзи иқомат Абдуллоҳхон бо хайлу ҳашами худ ба сӯи Балх ҳаракат карда, дар охирҳои ҳамон моҳи муҳаррам (12 февр.) ба он ҷо расид.
 
Баъд аз якчанд рӯз Абдуллоҳхон ҳукамои худро бо дастаҳои лашкар барои гирифтани шаҳрҳову навоҳии Бадахшон, ки бори аввал онҳоро муваррих Ҳофизи Таниш ёд намудааст: Ғӯрию Каҳмарду Бағлон, Қундузу Ишкамишу Фархору Рустоқ, Толиқону Қалъаи Зафару Хусту Варсаҷу Наҳрин ва пойтахти онвақтаи Бадахшон — ш. Кишм фиристод. Ҳамаи мавзеъҳои ёдшуда бисёр зуд ва ба осонӣ аз тарафи лашкари Абдуллоҳхон ба ҷуз Фархору Хуст гирифта шуданд. Дар Фархору Хуст дастаи ӯзбакҳоӯзбекҳо бо сардории Муҳаммадбоқӣ-бий асир афтод ва баъд аз гузаштани вақти зиёде Муҳаммадбоқӣ-бийро бо чанд амири диг. фархориён озод намуданд.
 
Шоҳрух Мирзо, ки аз соли 1575 сар карда ба ҷойи бобои худ — Шоҳсулаймон (ё ба тарзи диг. — Сулаймоншоҳ) подшоҳи Бадахшон буд, ба ҷойи ташкили мубориза, аз як шаҳр ба шаҳри дигар мегурехт ва дар ниҳояти кор бо бобои худ -Шоҳсулаймон дар Кобул қарор гирифт. Азбаски Шоҳрух Мирзо гурехта буд, қалъа ва ш. Кӯлоб, ки дар он вақт дар ҷойи деҳаи Тебалай, 5-километрии шарқи Кӯлоби имрӯза воқеъ буд, ба нуқтаи асосии мубориза бар зидди ӯзбакҳоиӯзбекҳои Абдуллоҳхон табдил ёфт. Хатлониёну бадахшониён ш. Кӯлобро мустаҳкам гардонида, писари хурдсоли Шоҳрух Мирзо — Муҳаммадзамон Мирзоро бо худ гирифта, бо ӯзбакҳоӯзбекҳо рӯ ба рӯ шуданд. Дар хусуси он ки дар ш. Кӯлоб ба лашкари Абдуллоҳхон як гурӯҳ ашрофи маҳаллӣ ва хатлониёну бадахшониён муқобил меистоданд, Ҳофизи Таниши Бухорӣ хабар додааст: «Он муборизон: Шоҳсолеҳи Калону Шоҳсолеҳи Хурд ва Шоҳмуҳаммади Баёну ҷамъе дигар аз диловарони вилояти Хатлону навоҳии Бадахшон буданд».
 
Абдуллоҳхон, ки шаҳру навоҳии Бадахшонро ба осонӣ гирифта буд, гумон кард Кӯлобро низ ба осонӣ мегирад. Бо ин мақсад ӯ як қисми лашкарашро бо сардории писараш Абдулмуъмин барои гирифтани ш. Кӯлоб фиристод. Аммо ӯ дар давоми як моҳ аз 6 май то 6 июни 1584 дар муқобили кӯлобиён коре кардан натавонист ва аз падараш ёрӣ хост. Абдуллоҳхон бо тамоми лашкараш ва тӯпҳо ба сӯи Кӯлоб равона шуда, дар давоми зиёда аз як моҳи дигар бо кӯлобиёну бадахшониён ҷангид. Ниҳоят, баъди ҷангҳои дуру дароз дар шаби 10 июли 1584 Абдуллохон ш. Кӯлобро, ки дар ҷойи деҳаи Тебалай қарор дошт, гирифт. Абдуллоҳхон баъди ишғоли Кӯлоб ин вилоятро ҷудо карда, ба писарамакаш Ҳазора-султон дод. Аммо соли 1587 баъди гирифтани ш. Ҳирот тамоми минтақаи Хатлону Бадахшонро ба ғайр аз ш. Ҳирот ба писараш Абдулмуъмин дод: «Ва рӯзи ҷумъаи ҳафтуми моҳ [-и рабеъу-с-сонии 996] подшоҳи динпаноҳ (Абдуллоҳхон) тамоми мамлакати Хатлону Қундуз ва Бағлону вил. Бадахшон ва дору-л-мулки Балх бо ҷамеи тавобеу лавоҳиқи онро то канори Оби Мурғоб ба султонзодаи фирӯзиинтисоби ҷалд (Абдулмуъминхон) дод».
 
Ҳамин тавр, Бадахшон ва Хатлон аз соли 1584 дар тобеияти ӯзбакҳоӯзбекҳо қарор гирифтанд. Азбаски дорулмулки Абдулмуъмин ш. Балх буд, акнун Бадахшон ва Хатлон аз Балх идора карда мешуданд. Соли 1598 Абдуллоҳхон вафот кард ва Абдулмуъмин ба Бухоро рафта, ба тахти падараш нишаст. Абдулмуъмин пас аз 6 моҳи подшоҳӣ кушта шуд. Ниҳоят, намояндаи охирини шайбониҳо — Пирмуҳаммад дар Бухоро ва писарамаки диг. Абдуллоҳхон — Абдуламин дар Балх ба сари қудрат омаданд.
 
=== Солҳои 1600 ===
Сатри 146:
Тавре аз ин порчаҳо дида мешавад, аксари он мавзеъҳое, ки дар фасли «Тахористон» Маҳмуд ибни Амирвалӣ овардааст, дар ҳақиқат ҷузъи Бадахшон мебошанд. Мас., шубҳае нест, ки шаҳру навоҳии зерин: Фархор, Роғ, Яфтал, Юмгон, Рустоқ, Дашти Қалъа, Ғӯрӣ, Ишкамиш, Наҳрин ба Бадахшон тааллуқ доштанд. Маҳмуд ибни Амирвалиро, ки худ дар Балх мезист ва донандаи хуби ҷуғрофиёву таърихи Хуросону Мовароуннаҳр буд, ба бехабарӣ дар масоили мазкур гунаҳкор кардан наметавонем. Сабаби инро мо дар моддаи «Балх»-и асари Маҳмуд ибни Амирвалӣ меёбем. Ӯ менависад: «Дар замонҳои пешин ва асрҳои гузашта муҳандисону массоҳон ба кишвари Балх як қисми худи Балх, як қисми Бомиён, як қисми Тахористон ва [як қисми] Хутталонро дохил намуда, ба ҳар яке аз ин[вилоят]ҳо якчанд шаҳру деҳаро дар тобеият қарор дода, сипас сокинони онҳоро балхию бомиёнию тахористонию хуталонӣ номидаанд». Ин андешаи Маҳмуд ибни Амирвалӣ дуруст буда, бори диг. собит месозад, ки сокинони Балх бо навоҳии тобеаш, Тахористону Хатлон ҳама ҷузъҳои як мардуму як сарзамин буда, таъриху забону фарҳангу урфу одатҳои яксон доштанд ва сарҳаддоти он вилоятҳо доимӣ набудаанд. Сарҳаддоти мазкури байни он вилоятҳои мазкур дар натиҷаи ҷангҳо ва кашмакашҳои феодаливу сиёсӣ зуд-зуд тағйир мепазируфтанд. Вале Бадахшон ҳамчун вилояти таърихии мустақили соҳибихтиёр бо сарзамини алоҳидаи дорои навоҳию марказ ва шоҳони худ барои муддати нисбатан дарози таърихӣ −230 сол, аз нимаи дуюми асри 17 сар карда аз нав ташаккул ёфт. Бадахшониён дар нимаи дуюми асри 17, дақиқтараш солҳои 1657-58 ба маркази Бадахшон — қалъаи Ҷузгун яке аз намояндагони хонадони сайидҳои Самарқанд — Ёрибекхонро, ки як-ду насл пештар аҷдоди ӯ ба Бадахшон омада, дар мавзеи Хами Мир зиндагӣ мекарданд, ҳамчун мири худ интихоб намуданд. Ба зудӣ, соли 1680 як гурӯҳ хоҷаҳои самарқандӣ, ки хирқаи пайғамбарро аз роҳи Бадахшон ба Ҳинд бурданӣ буданд, дар Ҷузгун нигоҳ дошта шуда, хирқаи муборакро низ дар ҳамин шаҳр монданд. Аз файзу баракати хирқа — Ҷузгун, маркази Бадахшон — Файзобод ном гирифт.
 
Дар «Таърихи Бадахшон» хабаре оварда шудааст, ки тибқи он дар асри 17 Бадахшон аз шаҳру навоҳии зерин иборат будааст: 1) Ҷурм; 2) Садда ва Пасокӯҳ; 3-4) Зардев, Сарғулом, Шева; 5) Кишм, Фархор, Варсаҷ, Танги Дарун; 6) Арғунҷхоҳ; 7) Куррону Мунҷон; 8) Боғи Ҷурм. Ёрибекхон 8 мавзеи машҳурро ба 8 писараш дода, дар айни замон ш. Файзободу атрофи он бо Яфтали Болову Поён, Шаҳри Бузург дар ихтиёри худаш монда буданд. Минтақаҳои Рустоқу Янгиқалъа низ ёд нагардидаанд ва гумон меравад, ки онҳо низ ба Файзобод дохил буданд. Баъд аз вафоти ӯ ва ба сари қудрат омадани мир Юсуфалихон, соли 1713 мири мазкур сарҳаддоти Бадахшонро ба воситаи ҷангҳо хеле васеъ гардонд. Ӯ як қисми шаҳру навоҳие, ки дар асри 16 қабл аз ҳуҷуми ӯзбакҳоиӯзбекҳои шайбонӣ (Абдуллохон) дар ҳайати Бадахшон буданд (қаблан аз асари Ҳофизи Таниш номҳои онҳоро оварда будем) аз нав ишғол ва ба Бадахшон дохил кард. Инҳо Толиқон, Ишкамиш, Ғӯрӣ, Ҳазрати Имом ва Ҳафтдаҳдараи Хинҷон мебошанд. Мир Юсуфалихон ҳатто ш. Қундузро низ гирифт, аммо онро натавонист дар тобеияти худ нигаҳ дорад. Дертар шоҳи диг. Бадахшон -Султоншоҳ аз нав Толиқону Ишкамишро ишғол намуда, дар он одамони худро ҳоким таъйин кард. Ҳамин амир минтақаи Роғро, ки тобеи шоҳи Дарвоз буд, ба тобеияти Бадахшон баргардонд.
 
Аз «Таърихи Бадахшон»-и Мирзо Сангмуҳаммади Бадахшӣ ва Фазлалибеки Сурхафсар бармеояд, ки Вахон низ дар тобеияти Бадахшон қарор доштааст. Зеро Султоншоҳи мазкур барои ҷамъоварии лашкар ба хотири ҳуҷум кардан ба Чатрор, аз сарҳаддоти болои Вахон сар карда, то сарҳаддоти поини Бадахшон — сокинони Қатағани Қундуз одамони худро фиристода буд. Шуғнон дар замони Ёриҳо на фақат мустақил буд, балки шоҳи он — Шоҳ Ванҷихон бо кӯшиши сарлашкари худ — оқсақол Баҳодури қарлиғ «ғайр аз Чоҳоб тамоми музофот [и Бадахшон]-ро иҳота намуда, бар худ мутеъ сохт». Фақат баъди кушта шудани оқсақоли мазкур мирҳои Бадахшон аз нав дар Бадахшон ба ҳукмронӣ пардохтанд. Аммо ба зудӣ дар хонадони шоҳи Шуғнон ихтилофе пайдо шуд ва мири Бадахшон- мир Муҳаммадшоҳ аз фурсати дастдода истифода бурда Шуғнонро дар охири асри 18 ишғол намуд ва Роғ низ дубора забт гардид.
Сатри 152:
Дар нимаи авв. асри 19 мир Муҳаммадшоҳ Бадахшонро ба се қисм дар байни писарони худ тақсим кард, ки муаллифони «Таърихи Бадахшон» ҳар қисми онро батафсил овардаанд: «Қисми аввал Рустоқу ноҳияҳои тобеи он: Чоҳоб, Янгиқалъа, Қарлиғ, Даунг, Оби Осиёбҳо, Кӯли Деварӣ, Эли Кошон. Ин мавозеотро ба зери ҳукумати Мири Калон супурд. Ва қисми дуюм — Файзобод, Яфтали Боло, Дарайим (Даройим), Тешкон, Кишм, Машҳад, Калавгон, Зардев, Баҳорак, Ҷурм, Вардуҷ, Зебок ва Шакошим, Вахон, Шуғнон — ин мавозеотро дар зери ҳукумати Мирзои Калон — Султоншоҳ супурда, муқаррараш фармуд. Ва қисми севум — Саройи Баҳор, Аргу ва Яфтали Поин ва Роғ ва Шаҳри Бузург — ин ҷавонибро ба писари хурдаш — Сулаймоншоҳ супурда».
 
Акнун дар байни ин навоҳии зикршуда дар ҳайати Бадахшони миёнаҳои асри 19 шаҳру навоҳии Толиқон, Ишкамиш, Ғӯрӣ, Ҳазрати Имом, Ҳафтдаҳдараи Хинҷон, Фархору Варсаҷ, Куррону Мунҷон, Хусту Фринг, Наҳрину Андароб набуданд. Як қисми мавзеъҳои мазкурро ӯзбакҳоӯзбекҳо аз Қундуз истода ба тасарруфи худ дароварда буданд. Ӯзбекҳо на танҳо мавзеъҳои номбурда, балки дар с.1868 тамоми Бадахшонро ишғол намуданд. Чунончи муаллифони «Таърихи Бадахшон» менависанд: «Сулаймоншоҳ… аз қалъаи Саройи Баҳор омада, қалъаи Файзобод ва соири қилоъро молик гардида, муддати ду сол ҳукумат намуд аз санаи 1283 ило (то) санаи 1285 ҳиҷрӣ (1868-69), ки такрор мири Қатаған — мир Муҳаммад Муродбек омада Бадахшонро забт намуда, мир Сулаймоншоҳро бо тамомии авлоду асҳобу бародарзодагонаш дастгир карда, ба қалъаи Қундуз бурда маҳбус карда, Бадахшонро толону тороҷ карда, то муддати понздаҳ сол тасарруфи куллӣ намуд — аз ибтидои санаи 1285 то санаи 1300 ҳиҷрӣ (1882/3) тамоми Бадахшон ва Бадахшонотро».
 
Муҳаммад Муродбеки мазкур баъд аз он ки писарамакаш — Маҳмудбек, ҳокими Ҳазрати Имом Соҳиб ба муқобили ӯ исён бардошт, задухӯрдҳои байни онҳо ҳафт моҳ идома дошт, ба ҷойи аз ин фурсати муносиб истифода карда, якҷо бар зидди Муродбек мубориза бурдан, шоҳони Бадахшон барои тахти Файзобод байни худ ба муборизаҳои шадид пардохтанд. Баъдтар онҳо дар муқобили якдигар аз дастаҳои низомии афғонҳо истифода бурданд. Онҳо на фақат аз афғонҳо ба Кобул рафта, ёрӣ мепурсиданд, балки ба Бухоро ба назди амир Музаффар низ барои мубориза бар зидди хешони худ рафта, ёрӣ хостанд. Натиҷа он шуд, ки амирони афғон ва хусусан амир Абдурраҳмонхон аз зиддиятҳои байниякдигарии мирони Бадахшон истифода намуда, якеро ба дигаре ҷанг андохта, тамоми Бадахшон ва умуман тамоми Афғонистонро ба даст даровард.