Саидаҳмади Васлӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х Бот: автоматизированная замена текста (-ӯзбак +ӯзбек)
Сатри 16:
: Лабат ба сокии кавсар шароби ноб диҳад…
 
Аз мазмуни ғазал маълум аст, ки Васлӣ дар иншои он аз як қатор образҳои шоиронаи услуби «бедилӣ» истифода бурдааст. Ғазалҳои Васлӣ дар равони писанди ҳамагонанд. Дар як ғазали ӯзбакииӯзбекии Саидаҳмад Васлӣ чунин омадааст:
 
: Бир кеча хучрам сари, чоно шаоб айлаб келинг,
Сатри 25:
Ғазали мазкур низ дар қолаби анъанавӣ офарида шуда, қофия ва радифаш низ бамаврид дар шакли мувофиқ оварда шудааст. Иштиёқи дидори ёр қаҳрамони лирикиро водор месозад, ки бар мавзӯи ишқӣ ғазал офарад. Ғазал аз лиҳози мавзӯъ ва мундариҷа низ пурра анъанавӣ буда, дар он васфи ҷамоли ёр бо воситаҳои тасвири бадеии анъанавӣ ифода гардидааст.
 
Аммо метавон дар ашъори Саидаҳмад Васлӣ оҳангҳои иҷтимоиро низ мушоҳида кард. Дар ин бобат таъсири адабиёти маорифпарварии тоҷику ӯзбакӯзбек равшан намудор аст. Гарчи дар мавзӯъ ва мундариҷаи ғоявии осори Васлӣ таҷдиди назар мушоҳида карда шавад ҳам, қолиб ва шакли осори бадеии ӯ дар асосу суннатҳои адабии классикӣ офарида шудааст. Маъюсию бадбахтӣ, шикваю норозигии ичтимоӣ, мавзӯҳои иҷтимоии ашъори шоирро асос гардиданд. Аммо бояд зикр кард, ки ин афкори адиб то ба дараҷаи мавзӯи асосии осори адиб қарор нагирифтаанд. Умуман то ибтидои асри ХХ дар осори адибони намоёнтарини тамоми ҳудудҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар саросари водии Зарафшон ва муҳити адабии Самарқанд дар қатори мавзӯъ ва оҳангҳои нави иҷтимоӣ идомаи анъанаҳои аз ҳама хуби адабиёти классикиро низ мушоҳида кардан мумкин аст.
 
=== Аз рубоиёт ===