Сипаҳсолор: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х ислоҳ, дақиқсозӣ, сарчашмаҳо
Сатри 32:
 
== Вожашиносӣ ==
«''Сипаҳсолор''» яке аз куҳантарин истилоҳоти низомист ва аз ду [[вожа]] сохта шудааст: ''[[сипоҳ]]'' ({{lang-pal|''spāh''}} > {{lang-xpr|''spāδ''}} > {{lang-peo|''spāda-''}} > [[Забони эронии бостон|эронии бостон]]: «''*spāda-''»)<ref>[http://www.rabbinics.org/pahlavi/MacKenzie-PahlDict.pdf ''MacKenzie, D. N.'', A Concise Pahlavi Dictionary, London, etc.: Oxford University Press, 1971. — 236 pp. ISBN 0-19-713559-5. — p. 75]</ref> + ''[[солор]]'' ({{lang-fa|'''سالار'''}} < {{lang-pal|''sālār''}} > {{lang-xpr|''sarδār''}} > [[Забони эронии бостон|эронии бостон]]: ''*sar(a)sara-dāra-'')<ref>''Ҳасандӯст, Муҳаммад''. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Нашри осор, 1393. ISBN: 978-600-6143-57-6. ҷ. 3, с. 1648.</ref>. Мақулаи дастурии ин вожа [[исм]] ва сохтвожаи он ба сурати [исм (''сипоҳ'') + [[исм]] (''солор'')] аст. Дар сохти ин исм аз фароянди вожасозии таркиб истифода шудааст. «''Солор''» гунае дигар аз «''сардор''» аст, ки аз куҳантарин замонҳо ба маънои «''раҳбар, пешво, фармондеҳ; генерал''» дар номгузории симату дараҷаҳои низомӣ ба кор меравад.
 
Аз «''spāda-''» дар порсии бостон «''*spāda-pati-''» сохта шуда, ки дар паҳлавӣ «''spāδpat''» / «''spāδbad''», дар порсии миёна «''spāhpat''» / «''spāhbed''», дар суғдӣ «''spāδpaδ''», дар балхӣ «''σπαλοβιδο'', ''ασπαλοβιδο''» ва дар форсии дарӣ [[Дараҷаҳои Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон|«''сипаҳбад''»]] ({{lang-fa|'''سپهبد'''}}) гаштааст<ref>''Саймиддинов, Додихудо''. Вожашиносии забони форсии миёна. – Душанбе: Пайванд, 2001. – 310 с. – с. 226</ref>. Ҳамчунин аз «''сипоҳ''» дар форсии дарӣ истилоҳи «''сипаҳсолор''» ({{lang-fa|'''سپه‌سالار'''}}) сохта шуда, ки бо ''сипаҳбад'' мутародиф аст<ref>''[[Фарҳанги забони тоҷикӣ]]''. Зери таҳрири М. Ш. Шукуров, В. А. Капранов, Р. Ҳошим, Н. А. Маъсумӣ — М., «Советская Энциклопедия», 1969. ҷ. 2, с. 243.</ref>.