Content deleted Content added
Сатри 120:
::Ба маълумоти Шумо мерасонам, ки айни ҳол дар ҳамаи сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин дар <s>Нерӯҳои</s> Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон вожаҳои русии рутбаҳои ҳарбӣ мавриди истифода қарор дорад. Дар баррасӣ қарор доштани истифодаи ин вожаҳои таърихӣ ягон хабаре мавҷуд нест<ref>[https://www.google.com/search?q=%D0%92+%D0%9C%D0%B8%D0%BD%D0%BE%D0%B1%D0%BE%D1%80%D0%BE%D0%BD%D1%8B+%D0%A2%D0%B0%D0%B4%D0%B6%D0%B8%D0%BA%D0%B8%D1%81%D1%82%D0%B0%D0%BD%D0%B0+%D0%BE%D1%82%D0%BA%D0%B0%D0%B7%D0%B0%D0%BB%D0%B8%D1%81%D1%8C+%D0%BE%D1%82+%C2%AB%D1%82%D0%B0%D0%B4%D0%B6%D0%B8%D0%BA%D1%81%D0%BA%D0%B8%D1%85%C2%BB+%D0%B2%D0%BE%D0%B8%D0%BD%D1%81%D0%BA%D0%B8%D0%B9+%D0%B7%D0%B2%D0%B0%D0%BD%D0%B8%D0%B9 В Минобороне Таджикистана отказались от «таджикских» воинский званий]</ref>. Аз ин лиҳоз бинобар дар амал будани Қонуни ҳозираи Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди рутбаҳои ҳарбӣ бо истилоҳоти русӣ, мақолаҳо оиди рутбаҳои ҳарбӣ бояд аз қонуни амалкунанда навишта шаванд, ва вожаҳои рутбаҳои таърихии пешниҳодшуда ҳамчун мақолаҳои таърихи рутбаҳо бояд нишон дода шаванд. Бо нигоҳ доштани чунин мақолаҳои ғайривоқеи хонадаро гумроҳ кардан мумкин асту бас.
::Бо эҳтиром [[Акс:Nuremberg chronicles f 70v 2.png|26px]] [[User:TajikMaterialist|<b><span style="color:#c4a300;">Tajik</span><span style="color:#dd241d;">Materialist</span></b>]] 10:18, 6 Декабри 2019 (UTC)
:: {{эзоҳ}}
::: Рафиқ [[корбар:TajikMaterialist|TajikMaterialist]], иттилоъи Шумо дар бораи раванди тоҷикисозии дараҷаҳои низомии Тоҷикистон ба рӯз нест. Бино бар охирин хабарҳо, Кумитаи забону истилоҳот вожаҳои овардашуда дар мақоларо барои ҷойгузин кардани рутбаҳои русӣ ба гурӯҳи кории Шурои амнияти миллӣ ва Вазорати дифоъ пешниҳод кардааст<ref>[https://www.ozodi.org/a/tajik-army-translation-asia/30085281.html Дар ниҳоят "генерал" - "солор" ва "дивизия" - "лашкар" мешаванд?]</ref>. Ман худ узви гурӯҳи муштараки кории вожагузинии Кумитаи забону истилоҳот ва Вазорати мудофиа ҳастам ва аз ин раванд иттилоъи комил дорам. Мо бо мудирони Википедияи тоҷикӣ ба тавофуқ расидаем, ки ин мақолаҳо ба ҳамин шакле, ки навишта шудаанд, дар Википедия мемонанд. Аз Шумо дубора дархост мекунам ин мақолаҳоро даст назанед.
::: Бо эҳтиром, Ҷайҳонӣ --Умед 10:57, 6 Декабри 2019 (UTC)
::: {{эзоҳ}}
:::: '''Салом корбар [[Корбар:Omid_Jeyhani|Omid Jeyhani]]''', ташаккур барои расонидани маълумот,
:::: бинобар вобаста будани Шумо бо Вазорати мудофиа, медонед, ки расман дар ҳуҷҷатҳо ва дар хизмат, рутбаҳои пешинаро истифода мебаранд. Мақолаҳои навиштаи Шумо оиди рутбаҳои ҳарби сифатан хуб мебошанд, танҳо мақсад ҳамин аст, ки мақолаҳо ҳолати аслиро нишон диҳанд (чи хеле ки ҳаст). Инчунин Шумо дар Википедиа таҷрибаи бисёрсола доред ва аз таҷриба медонед, ки мақола бояд реалӣ бошад, асос дошта бошанд, оиди таърихи мавзӯъ дар қисми таърих ва оиди оянда бошад дар қисми пешниҳодҳо барои мисол.
:::: Пурсиданиям, ки мудирон дар куҷо оиди ин масъала баҳс намуда, ягон қарори бо ҳамин шакли навишта шуда монданро баровардаанд?
:::: Бо эҳтиром, [[Акс:Nuremberg chronicles f 70v 2.png|26px]] [[User:TajikMaterialist|<b><span style="color:#c4a300;">Tajik</span><span style="color:#dd241d;">Materialist</span></b>]] 15:54, 6 Декабри 2019 (UTC)