Аритмияи дил: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
clean up, added orphan tag using AWB
илова бар
Сатри 14:
[[Беморӣ|Бемори]]ҳои силсилаи дилу рагҳо хеле сершуморанд. Баъзе аз онҳо асосан бемориҳои дил (тарбод, миокардит ва ғ.), дигарашон бемориҳои артерия (атеросклероз) ё вена (флебит – илтиҳоби венаҳо, васеъшавии модарзодии онҳо) мебошанд, сеюмӣ умуман узвҳои силсилаи дилу рагҳоро иллатдор мекунанд (бемории гипертония). Сабаби бемориҳои силсилаи дилу рагҳо ҳамчунин иллати модарзоди рушд, зарбу лат, илтиҳоб, заҳролудӣ, ихтилоли механизмҳое, ки фаъолияти рагҳо (ва нисбатан камтар кори дил)-ро танзим мекунанд, тағйироти патологии мубодилаи моддаҳо ва баъзе сабабҳои дигар, ки феълан пурра ошкор нашудаанд, мебошанд.
Осеб дидани рагҳо, хусусан артерияҳои калон боиси хунравӣ мешавад. Он барои зиндагӣ хатарнок буда, ҷарроҳии таъҷилиро тақозо мекунад. Бинобар ин, хуб донистани усулҳои ёрии аввалин ҳангоми хунравӣ ба ҳама, хусусан ба онҳое, ки аз нақлиёт истифода мекунанд – ронандагон, геологҳо, сайёҳон ва диг. ҳатмист. Набояд фаромӯш кард, ки зарб хӯрдани қафаси сина бисёр вақт боиси лат ёфтани дил, хунравӣ дар миокард ва халтачаи назди дил (перикирд) мешавад, илтиҳоби халтачаи назди дил (перикардит) рӯй медиҳад.<ref>
[http://www.navid.tj/health/?ELEMENT_ID=3773 Дил ҳаракати хунро дар рагҳо таъмин менамояд]</ref>Ин равандҳо гузаришро дар бофтаҳои миокард бадтар мекунанд, дард дар стернерум (минтақаи дил) рух медиҳад ва дар баъзе ҳолатҳо, бо миқдори зиёди ионҳои калий, оқибати марговар ба амал омада метавонад.<ref>{{Cite web|url=https://obzoroff.info/health/stati/zabolevaniya-serdtsa/|title=Намудҳои бемориҳои дил ва нишонаҳои онҳо.|author=|website=|date=|publisher=|lang=|accessdate=}}</ref>
[http://www.navid.tj/health/?ELEMENT_ID=3773 Дил ҳаракати хунро дар рагҳо таъмин менамояд]</ref>
 
==Сактаи дил чист ? (инфаркт миокарда )==
'''Сактаи дил''' вақте пайдо мешавад, ки агар рагҳои хунрасон ба таври ногаҳонӣ баста шаванд. Як қисмати мушаки [[дил]], ки аз раги хунрасони дил ( яъне раги иклилӣ – тоҷӣ ё коронарӣ ) хун мегирад, бо баста шудани раг ба далели ташкили лахта дар дохили раг мемирад ва аз байн меравад. Мушаки дил пас аз қатъ шудани хунрасонӣ муддати 20 дақиқа зинда мемонад ва пас аз он аз байн меравад. Ин замонро, ки байни шурӯъ шудани дард ва аз байн рафтани мушаки дил вуҷуд дорад, замони тиллоӣ меноманд. Яъне дар ин замон аст, ки агар битавонем, раги дилро боз кунем ва хунро ба мушаки дил бирасонем, мумкин аст осеби мушаки дилро коҳиш диҳем. Ҳарчӣ зудтар хун ба мушак бирасад, қисмате камтар аз мушак аз байн меравад.