Гавҳар: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 2:
[[Акс:White pearl necklace.jpg|thumb|White pearl necklace]]
[[Акс:Uwakoya3.JPG|thumb|Uwakoya3]]
'''Гавҳар''' ({{lang-fa|گوھر}}), '''марворид''', '''дур''' — моддаи оҳакии лундашакл, ки дар ҷавф (ковокӣ)-и садаф (баъзе намудҳои моллюскҳо)-и баҳр ё дарё пайдо мешавад. Баъзан ба ҷавфи ин ҷонварон паразит, регреза ва ғ. ворид мегардад ва тадриҷан онҳоро пардаи садаф печонда гавҳар-ро ба вуҷуд меорад. Рангаш ҷилодори сафед, гулобӣ, зардча, баъзан сиёҳ. Андозааш аз зарраҳои микроскопӣ то андозаи тухми кабӯтар мешавад. Гавҳари калони лунда ва дурустқолаб гаронбаҳост. Одатан, андозаи гавҳар аз нахӯд калонтар мешавад. Гавҳар-ҳои андозаашон хурдро марворид, сурхтоби нисбатан калонашро дурр меноманд. Гавҳар-ро аз баҳри Сурх ва халиҷи Форс, соҳилҳои Шри-Ланка, Австралия, Ҷопон ва Венесуэла ба даст меоранд. Дар замонҳои қадим аз дарёҳои Руссия, Шотландия, Олмон, Хитой ва мамлакатҳои Амрикои Шимолӣ низ гавҳар мегирифтанд. Гавҳар дар Осиёи Марказӣ, Ҳиндустон ва мамлакатҳои дигари Шарқ аз қадимулайём (чанд аср пеш аз м.) маъмул буд. Гавҳар-ро дар маснуоти заргарӣ (шадда, ҳалқа (гӯшвор), ангуштарин, қуббаи сари сина) васеъ истифода мебаранд. Дар тибби қадим гавҳар-ро барои муолиҷаи баъзе бемориҳо дар таркиби давоҳои гуногун аз ҷумла, доруи чашм (сурмаи сулаймонӣ) низ ба кор мебурданд. Бинобар афзудани талабот ба гавҳар дар асри 20 ба таври сунъӣ ҳосил кардани он (махсусан дар Ҷопон) авҷ гирифт. Ба ин мақсад ба ҷавфи моллюскҳои баҳрӣ саққочаҳои садаф мегузоранд, ки аз онҳо дар муддати муайян гавҳар ҳосил мешавад.
'''Гавҳар''' ([[форсӣ]]: '''گوھر''') марворид; [[санг]]и қиматбаҳо.
{{иқтибос|муаллиф=[[Абдураҳмони Ҷомӣ|Ҷомӣ]]|'''''Гавҳар''''' чу тавон зи [[кон]] гирифтан,|Сустӣ бувад аз дукон гирифтан.}}
 
== МанбаъЭзоҳ ==
{{эзоҳ}}
* Фарҳанги забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд) Ҷ. 1 А-О./Дар зери таҳрири М. Ш. Шукуров, В. А. Капранов, Р.Ҳошим, Н. А. Маъсумӣ. — Москва 1969, — c. 248
 
== Сарчашма ==
[[Гурӯҳ:Минералҳо аз рӯйи алифбо]]
* {{ЭМТ|Гавҳар|4|муаллиф= }}
[[Гурӯҳ:Геология]]
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Гавҳар"