Фарқият байни намунаҳои "Душанбе"

Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
Аз ҷойноми «Душанбе» ({{lang-fa|«دوشنبه»}}) барои нахустин бор дар китоби донишманди балхӣ Маҳмуд ибни Валӣ «Баҳр ул-аъроф фи маноқиб ал-хайр» (оғози садаи XVII м.) ва номаи хони [[Балх]] Субҳонқул Баҳодур ба шоҳи давлати Рус Фёдор Алексеевич (декабри 1676) ёд шудааст. Дар санаде бозмонда аз соли 1826 ин шаҳр «'''Душанбе-қурғон'''» ({{lang-fa|«دوشنبه قورغان»}}) номида шудааст. «Қурғон» вожаи туркӣ ва маънояш «қалъа» ва «ҳисор» аст. Қалъаи Душанбе дар канораи чапи рӯди Варзоб ҷой дошта ва ҳар рӯзи душанбе дар назди он бозор баргузор мешудааст. Номи кунунии пойтахти Тоҷикистон ёдовари ҳамин бозор аст. Азбаски ин ҷойро «душанбебозор» мегуфтанд, деҳкадае, ки бо гузашти замон дар ҷои «душанбебозор» пайдо шуд, Душанбе ном гирифт.
 
Соли [[1924]], пас аз ташкил кардани [[Ҷумҳурии МухторииМухтори Шӯравии Сосиалистии Тоҷикистон]] дар таркиби Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Ӯзбекистон, Душанбе шаҳр ва [[пойтахт]] эълон гардид.
=== Сталинобод ===
[[16 октябр]]и соли [[1929]] Душанбе ба '''[[Сталинобод]]''' (бахшида ба роҳбари ҳамонвақтаи [[ИҶШС]] [[Иосиф Сталин]] (1924—1953), номаш иваз гардид. Соли [[1961]] дубора Душанбе номида шуд. Чунин иваз кардани номҳои шаҳру маҳалҳои аҳолинишин дар натиҷаи тағйир ёфтани сохти ҷамъиятиву сиёсӣ дар Тоҷикистон ба вуқуъ омадааст (Ниг: [[Рӯйхати номгузориҳои навини шаҳрҳои Тоҷикистон]])