Ҳидроген: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш тавассути мурургари телефони ҳамроҳ
Сатри 3:
Рақами тартибии ҳидроген ба 1 баробар буда, конфигуратсияи электронии 1s1 –ро дорад. Массаи атомиаш 1,00794 мебошад.
Ҳидрогени инфиродӣ (Н) соли 1766 аз тарафи олими англис Генри Кавендиш муайян карда шуд. Номи ҳидроген аз калимаи юнонии «hydro genes» гирифта шуда, маънояш тавлидкунандаи об мебошад. Ба ин элемент номи ҳидрогенро соли 1779 олими фаронсавӣ А.Л.Лавуазйе дод. Нишонаи «Н» аз ҷониби Берселиус соли 1814 пешниҳод гардид.
Ҳидроген аз ҳама элементи паҳншудатарини Олам маҳсуб гардида, аз се ду ҳиссаи массаи онро ташкил медиҳад. 73% массаи [[Офтоб]] аз ҳидрогени атомӣ иборат аст. Дар бадани одам ба 100 атоми ҳидроген ҳамагӣ 58 атоми дигар элементҳо рост меояд. Дар шакли озод дар газҳои чоҳҳои [[нафт]], қабатҳои болоии [[атмосфера]] вомехўрад. Ҳидроген инчунин ба таркиби об ва узвиёти зинда, маъданҳо ва ғайра шомил мебошад.
Гази беранг, бебўй. Зичиаш нисбат ба ҳамаи газҳо камтар аст (ρ=0,089 г/л). Ҳангоми сахт хунук кардан ба моеи беранг табдил меёбад. Зимни хунуккунии минбаъда ба шакли моддаи сахт мегузарад. Дар об ниҳоят кам ҳал мешавад.
 
 
 
== Инҷоро ҳам бингаред ==