Ҳаким Ғаюров: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Саҳифаи нав: {{Олим |ном = Ҳаким Ғаюров |тасвир = |номи аслӣ = Ғаюров Ҳаким Шарифович |бар...
(бе тафовут)

Нусха 06:42, 25 Декабри 2019

Ҳаким Ғаюров (Шаропов Шавкатҷон Аҳмадович; 30 августи 1964, шаҳри Панҷакент, вилояти Суғд) — олим, номзади илмҳои физика- математика, дотсент (2016). Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон (2012)

Ҳаким Ғаюров
Ғаюров Ҳаким Шарифович
Зодгоҳ шаҳри Панҷакент, вилояти Суғд, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ Физик-математик
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: Номзади илмҳои физика - математика,(1993)
Унвонҳои илмӣ дотсент (2016)
Алма-матер Донишгоҳи давлатии ба номи В,И, Ленин (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон(1982-1989)
Ҷоизаҳо Медали “Хизмати Шоиста ”(2019), Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон (2012)

Зиндагинома

Ғаюров Ҳаким Шарифович 30 августи соли 1964 дар деҳаи Шашкати ноҳияи Панҷакент чашм ба олами ҳасти кушодааст. Солҳои 1971-1981 мактаби миёнаи рақами №41- и деҳаро бо баҳои аъло хатм кардааст. Ҳангоми мактабхонӣ дар синфҳои 8-ум, 9-ум ва 10-ум дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанҳои математика ва физика иштирок намуда, соҳиби се медали нуқра (ҷои дуюм) ва ду медали биринҷӣ (ҷои сеюм) гардидааст. Баъди хатми мактаби миёна, ҳуҷҷатҳои худро ба факултети физикаи Донишгоҳи давлатии ба номи В.И. Ленин (ҳозира ДМТ) супорида, соҳиби унвони донишҷӯ гардидааст. Онро бо дипломи аъло хатм намудааст. Баъди хатми донишгоҳ, соли 1989 ҳуҷҷатҳои худро ба аспирантураи Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти кайҳонии назди АУФР супорида соли 1993 хатм намудааст. Аз соли 1993 сар карда фаъолияти кории худро дар ҳайси сармуаллим ва баъдтар дотсенти кафедраи физикаи умумии факултети физикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳозира ДМТ) давом додааст. Аз оғози соли 2003 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар вазифаҳои мудири кафедра, баъдан муовини декан оид ба тарбия ва таълими факултети бизнес ва баҳисобгирӣ фаъолият намудааст. Солҳои 2008-2012 вазифаи декани факултети инноватсия ва технологияи тиҷорат ва аз моҳи январи 2013 то декабри соли 2017 вазифаи декани факултети инноватсия ва телекоммуникатсия аз моҳи декабри 2017 то имрӯз дар вазифаи муовини ректор оид ба таълим фаъолият бурда истодааст.

Фаъолияти илмӣ

Моҳи июни соли 1993 рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Некоторые вопросы теории релаксации разрежённых потоков быстрых частиц в неоднородной среде» таҳти роҳбарии д.и.ф.м., профессор Ерохин Н.С., дар Шӯрои дифои Донишгоҳи дӯстии халҳо ба номи Патрис Лумумбаи ш. Москва ҳимоя намудааст. Самтҳои фаъолияти илмӣ-тадқиқотии Ғаюров Ҳ.Ш., асосан физикаи зарраҳои элементарӣ, татбиқи зарраҳои бунёдӣ дар кайҳон, ҳодисаҳои гузариши зарраҳои бунёди дар фазои ғайриякҷинса, татбиқи усулҳои моделиронӣ ва ҳисобии техникаи ҳисоббарор ва татбиқи технологияи инноватсионӣ дар раванди таълим ба ҳисоб рафта, чандин мақолаҳои илмии ӯ дар маҷалаҳои илмии ҷумҳуриявӣ ва берун аз он, аз ҷумла дар давлатҳои Россия, Украина, Олмон, Амрико ва Ҷопон ба табъ расидаанд. Айни замон бо Барномаи давлатии рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзию техникӣ барои солҳои 2010-2020 ва Барномаи давлатии рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015 корҳои илмиро пеш бурда, дар чандин конференсияҳои байналхалқӣ (Россия, Қазоқистон, Украина Олмон ва Маҷористон) фишурдаи корҳои илмӣ - татқиқотиашро аз чоп баровардааст. Дар замина тадқиқоти гузаронидашуда таҳти роҳбарии ӯ 2 нафар унвонҷӯ, 4- нафар доктрантони PHD –и Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон корҳои илмии худро дар ҳолати омодашавӣ ва дифоъ қарор доранд.

Осор

Профессор Ҳаким Ғаюров дорои асару мақолаҳои илмӣ, монография ва китобҳои таълимӣ мебошанд.

Мақолаҳои илмӣ

  • Релаксация разреженного потока быстрых заряженных частиц в неоднородном газе//Физика плазмы. Т. М., 1992 ISSN 0367 2921, Препринт, ИКИ РАН,1995,- М., №99. -20с. *Генерации обратного тока, которой связан с поперечным дрейфом инжектора с некоторой скоростью, //Физика плазмы,1996,т.17.-С.840-845 ISSN 0367 2921.
  • О теории релаксации потоков заряженных быстрых частиц в неоднородных средах. Сб. «Научные достижения в области физики и химии». Душанбе, 1998 – С.214-221. *Диффузионные режимы релаксации разреженных потоков быстрых электронов в неоднородных средах. /III International conference “Fundamental problems of physics”. Kazan, 13-18 June 2006.-С.52-56.
  • Релаксация разреженного потока быстрых электронов в неоднородном газе в отсутствие внешнего магнитного поля. //Доклады АН Тадж. ССР. 2006, Т. 49, №8. – С. 727-735. ISSN 0002-3469.
  • О некоторых вопросах режима релаксации потоков быстрых частиц в неоднородных средах. //Вестник ТГУ ПБП. Худжанд. Серия естественных наук 2007, № 1-2. С. 83-87. *Релаксация разреженных потоков быстрых тяжелых частиц в газе с растущей по направлению движения потока концентрацией. //Доклады АН РТ. Т. 51, 2008, №12. -С.818-823 ISSN 0002-3469.
  • Теория электромагнитных волн в движущейся неоднородной среде, нагретой до релятивистской температуры. //Вестник ТГУ ПБП. Серия естественных наук. Худжанд, 2009. № 4.-С. 81-86. ISSN 2411-1945.
  • Общие решение о диффузионном режиме релаксации потока за магниченных быстрых электронов в неоднородных газах. //Вестник ТГУ ПБП. Серия естественных наук. Худжанд, 2010. № 2.-С. 74-79.ISSN 2411-1945.
  • О роли электром-нитных взаимодействий в динамике неоднородной среде. //Вестник ТГУ ПБП. Серия естественных наук. Худжанд, 2011. № 1.-С. 66-71. ISSN 2411-1945. *Вопросы использования уравнения переноса излучения в задачах дистанционного зондирования рассеивающих сред.//Вестник ТГУ ПБП. Серия естественных наук. Худжанд, 2012. № 1.-С. 86-91. ISSN 2411-1945.
  • Одномерная и двухмерная задача релаксация в приближении непрерывного замедлени. /International symposium kscmbs-2016 "Khujand Symposium on Computational Materials and Biological Sciences/ Khujand, September 24-28, 2016.-С.77-80 ".
  • Резонансное туннелированные электромагнитной волны через неоднородной среды ионосферы. //Вестник ТНУ. Серия естественных наук 2017. №1-2. –С.69-72 ISSN 2413-452X. *Resonant tunneled electromagnetic wave through an inhomogeneous ionosphere environment.//Scientific journal "European journal of natural history"

Issue №8,dk 2017 s.59-64. ISSN 2073-4972.

  • Resonant tunneled electromagnetic wave through an inhomogeneous ionosphere environment. //Scientific journal "European journal of natural history" Issue №8,dk 2018 s.59-64. ISSN 2073-4972.
  • О резонансном туннелировании электромагнитных волн через неоднородную среду с разномасштабным характеристиками.//Научное обозрения. Фундаментальные и прикладные исследования. -2019 -№4, Москва.

Китобҳо (Монографияҳо)

  1. Механика, (дастури методӣ оид ба иҷрои корҳои лабораторӣ), ДДТ. Душанбе, 1993. - 70 саҳ.
  2. Вопросы теории релаксации разрежённых потоков быстрых частиц в неоднородной среде. Монография. Душанбе, ТГНУ, 2007 г. 230 стр.
  3. VBA дар MS EXCEL (дастури методӣ), Хуҷанд, «Ношир», 2008 г. – 190 саҳ
  4. Забони QBasic (дастури методӣ), Хуҷанд, «Ношир», 2009 г. – 220саҳ.
  5. Информатика (китоби дарсӣ бо қарори мушовараи ВМИҶТ), Хуҷанд, «Р.Чалил», 2013 с. – 230 саҳ.
  6. Вопросы теории релаксациии и распространения электромагнитных волн в неоднородной среде. Монография. Худжанд, Ношир, 2015 с. 250 стр.
  7. Физика (КТМ, бо ҷарори мушовараи ВМИҶТ), Хуҷанд, ДДҲБСТ, 2015 с. – 250 саҳ.
  8. Асосҳои WEB-дизайн, ( бо қарори мушовараи ВМИҶТ) Хуҷанд, ДДҲБСТ, 2018с.-310саҳ.
  9. Технологияи информатсионӣ, (КТМ), Хуҷанд, ДДҲБСТ, 2018с.-320саҳ.
  10. Технологияҳои шабакавӣ (КТМ), Хуҷанд, ДДҲБСТ, 2019с.-210саҳ.

Пайвандҳо