Тӯрақул Ризоқулов: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Саҳифаи нав: {{Олим |ном = Тӯрақул Ризоқулов |тасвир = |номи аслӣ = Ризоқулов Тӯрақул Рабимқ...
 
No edit summary
Сатри 25:
|викианбор =
}}
'''Тӯрақул Ризоқулов ''' (''Ризоқулов Тӯрақул Рабимқулович''; 05 марти 1972, {{Зодгоҳ|ноҳияи Шаҳристон}}, Деҳаидеҳаи Бураген (ҳоло Фирдавсӣ), [[вилояти Суғд]]) — олим, номзади илмҳои иқтисодӣ (1999), доктори илмҳои иқтисодӣ (2009), профессор (2017), узви вобастаи Академияи илмҳои табиатшиносии Россия, (2018), Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон (2012)
== Зиндагинома ==
Ризоқулов Тeрақул Рабимқулович – 5 марти соли 1972 дар дехаи Бурагени (ҳоло Фирдавсӣ) ноҳияи Шаҳристон вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд ёфтааст. Солхои 1979 – 1989 мактаби тахсилотии умумии миёнаи № 29-и деҳаро, ки он вақт ба ноҳияи Уротеппа (ҳоло Истаравшан) тобеъият дошт ба итмом расонидааст. Пас аз хатми мактаби миёна солҳои 1989 – 1994 факултаи иқтисодии Донишгоҳи Аграрии Тоҷикистон ш. Душанберо бо дипломи аъло хатм намудааст. Пас аз хатми донишгоҳи номбурда фаъолияти илмӣ – педагогии худро дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (ДДХ) ба номи академик Б. Ғафуров аз моҳи августи соли 1994 оғоз намудааст. Солҳои 1994 – 1995 чун муаллими кафедраи умумиқтисодии факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд кор кардааст. Солҳои 1995 – 1998 дар шӯъбаи рӯзонаи аспирантураи ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров таҳсил намудааст. Солҳои 1999 – 2000 аввал чун сармуаллим, сониян дотсенти кафедраи «Молия ва қарз»-и ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров фаъолияти худро давом доданд. Аз моҳи августи соли 2000 то соли 2006 вазифаи мудири кафедраи «Молия ва қарз» ва хамзамон вазифаи ноиб декан оид ба илми факултаи иқтисодиро низ дар ӯҳда доштанд.