Уқёнуси Яхбастаи шимолӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 1:
{{Баҳр}}
'''Уқёнуси яхбастаи шимолӣ''' — хурдтарин [[Уқёнус|уқёнуси]] кураи Замин аз ҷиҳати масоҳат буда, дар байни материкҳои Евросиё ва Америкаи Шимолӣ воқеъ гаштааст. Масоҳаташ 13,1 млн км²; ҷои аз ҳама чуқураш 5527 м (баҳри Гренланд). Ҷазмраҳои бисёре дорад: Гренландия, Галаҷазираи Арктикии Канада, Шписбертен, Замини Нав, Замини Шимолӣ ва ғайра. Масоҳати умумии ҷазираҳо 4 млн км² аст. Ба уқёнус дарёҳои калони Двинаи Шимолӣ, Печора, Об, Енисей, Хатанга, Лена, Индитирка, Колима, Макензи мерезанд.
 
Аз рӯи хусусиятҳои табиию географи Уқёнуси яхбастаи шимолӣ ба се ҳавза — Европаи Шимолӣ, Арктика ва баҳрҳои канории Арктика тақсим мешавад. Баҳрҳои канории Арктика (Кара, Лаптевҳо, Сибири Шарқӣ, Чукот, Бо- форт, Баффин), хал. Гудзон ва гулӯгоҳҳои Галаҷазираи Арктикии Канада асосан дар ҳудуди шелф (тунукоба) ҷойгир шудаанд. Релефи қаъри уқёнус аз шелф (бараш го 1200—1300 км), нишебии ростфуромадаи материкӣ ва буни уқёнус иборат аст. Буни уқёнусро қаторкӯҳҳои зериобии Гаккел, Ломоносов ва Менделеев — Алфа ба ҳавзаҳои чуқуроб ҷудо кардаанд. Иқлимаш арктикист. Зимистон 9/10 ҳиссаи акваторияи Уқёнуси яхбастаи шимолӣ бо яхҳои шинокунанда пӯшида мешаванд. Ба Уқёнуси яхбастаи шимолӣ шаклҳои арктикӣ ва атлантикии набототу ҳайвонот хос аст. Дар Уқёнуси яхбастаи шимолӣ моҳӣ, тюлен, морж ва дигар ҳайвонҳоро шикор мекунанд. Боркашонӣ асосан бо Роҳи баҳрии шимолӣ (СССР) ва Гузаргоҳи шимолу ғарби (ШМА ва Канада) сурат мегирад. Муҳимтарин бандарҳо: Мурманск, Архангелск, Диксон, Певек (ОССР), Тромсё, Нарвик (Норвегия), Черчиял (Канада).