Ансамбли «Дарё»: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
хNo edit summary
Барчасбҳо: вироиш тавассути телефони ҳамроҳ вироиш аз барномаи мобилӣ Android app edit
Сатри 3:
Бо мақсади рушди санъати мусиқии мардуми анъанавӣ моҳи майи [[соли 1989]] дар назди Кумитаи телевизион ва радио ансамбли «Дарё» таъсис ёфта буд. Дар муддати 20 – соли фаъолият ин ансамбл таҳти роҳбарии сароянда ва оҳангсози мумтоз Саидқул Билолов воқеан ба рушди санъати мусиқии мардуми тоҷик такони ҷиддӣ бахшида, як зумра сраояндагон ва мутрибони соҳибистеъдодро тарбия кард.
Қисми асосии репертуари ансамблро сюитаҳо, сурудҳои якка ва умумӣ дар мавзӯъҳои ватандӯстӣ ваҳдат, худогоҳӣ, сулҳу дӯстӣ (сурудҳои якка «Ватан», «Тоҷикистон», «Душанбе», «Якто», «Суруди садоқат», «Таронаи ваҳдат», «Тоҷикистон – ёдгори оли Сомон», «Тоҷикистон, эй диёри некномон», «Сарзамини камзамини беканор», «Ёди Ватан», «Дидори Ватан», «Давлати ман», «Аспи саманд», «Фасли навбаҳор», «Рӯди Сир», «Фалак», «Ширинлаб», «Гули ҷон», «Во фарёдо», сурудҳои умумӣ «Меҳрнома», «Аз хуни Сиёвушем», «Маъвои Роғун», «Шукӯҳи бахти тоҷикон», «Ориёно», «Оташи меҳр», «Дарахти дӯстӣ», «Минбару тахти ман», «Ғамхори ҳам бошем», «Сайқали дунё», «Шаҳри умед»; сюитаҳо «Асрори ишқ», «Нози чаман», «Гулдастаи наврӯзӣ» ва ғ.) ташкил медиҳад.
Инчунин, [[сароянда]]гону [[мутриб]]они ансамбл [[Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон|Ҳунарпешагони халқии Тоҷикистон]] [[Саидқул Билолов]], [[Лола Азизова]], [[Муборакшо Ҷумъаев]], [[Абдуллои Султон|Абдулло Султонов]], [[Ҳофизи халқии Тоҷикистон]] [[Нигина Рауфова]], [[Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон|Ҳунарпешагони шоистаи Тоҷикистон]] [[Назриддин Неъматуллоев]], [[Қурбоналӣ Абдуллоев]], [[Муҳаррама Шарипова]], [[Гулбек Саодатов]], [[Нуралӣ Шерматов]], [[Баҳром Қодиров]] ва сарояндагону мутрибони хушсадо Бунафша Шокирова, [[Нигина Амонқулова]], Насиба Зайниддинова, Зайнура Саидова, Тағоева Сафармо, Хайриддин Саидов ва Тӯраев Маҳмадсаид дар суруду навоҳояшон бузургии модар, ишқи пок ва зебоиҳои диёрро тараннум менамоянд.
Ансабли «Дарё» дар даврони Истиқлолияти давлатӣ дар баргузории қисми фарҳангию фароғатии тамоми чорабиниҳои муҳимми давлатӣ ва байналмилалие, ки дар ҷумҳуриамон ва берун аз он сурат гирифтаанд, саҳму нақши назаррас гузоштаанд. Аз ҷумла, дар рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар ЮНЕСКО дар шаҳри Париж бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон санъати миллии тоҷикро дар сатҳи хеле баланд намоиш доданд. Инчунин, иштироки ансамбли «Дарё» дар рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Ҳиндустон, Чин ва Олмон хеле назаррас аст.
Ҳамчунин, ансамбли «Дарё» ҳунару санъати асили миллии тоҷикро дар кишварҳои Белгия, Туркия, Қатар ва Амрико сарбаландона муаррифӣ намудааст.