Газ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 29:
Дар Тоҷикистон аввалин кони газ соли 1964 ба истифода дода шудааст (кони Қизилтумшуқ дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ). Таркиби он аз 85,6% метан ва 0,28% гидрогенсулфид иборат аст. Солҳои баъдӣ истихроҷи газ дар 36 чоҳи нав ҷорӣ шуд. Таҳқиқҳои геологӣ собит намуданд, ки дар Тоҷикистон захираи бузурги газ ва нафт мавҷуд аст. Бино ба маълумоти ширкати Tethys Petroleum (Канада) захираи гази Тоҷикистон 27,5 млрд баррел буда, 69 дарсади он газ ва 31 дарсад омехтаи нафту гази моеъ мебошад. Ширкати «Газпром»-и Федератсияи Руссия дар мавзеи Сариқамиш (50 км ғарбтари ш. Душанбе) чоҳи умқаш 6300 м-ро кофта истодааст, ки захираи гази он 60 млрд м<sup>3</sup>-ро ташкил медиҳад. Ҳамчунин истихроҷи гази кони Шамбарӣ низ дар назар аст.
 
== Корбурди санъатӣ ==
газҳороГазҳоро дар саноат фаровон кор мефармоянд. Газҳои табиӣ ва газҳои кокс ашёи хом ва сӯзишворианд. Оксигени атмосфера дар филизкорӣ ба кор меравад. Метан, этан ва ғ.ғайра дар саноати нафту кимиё истифода мешаванд. Атсетиленро дар синтези кимиёӣ ва кафшери филиззот, аммиакро дар саноати нуриҳои минералӣ, нитрогенро барои ҳосил кардани аммиак кор мефармоянд.
<br />{{ЭСТ}}
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Газ"