Газак: Тафовут байни таҳрирҳо
Content deleted Content added
No edit summary |
|||
Сатри 1:
'''Газак''' ({{lang-la|inflammatio}}), '''илтиҳоб'''
== Марҳилаҳои асосии газак ==
Газак аз се қисмати муҳим иборат аст:
* алтератсия
* экссудатсия
* пролифератсия
== Навъҳои газак ==
Вобаста ба бартарӣ доштани яке аз ҷузъҳои таркибии газак се навъи онро фарқ мекунанд: алтеративӣ, экссудативӣ ва нумувӣ (рушдёбанда).
* Газаки алтеративӣ (бартарӣ доштани иллати ҳуҷайраҳо) бештар дар дил, ҷигар, гурдаҳо ба вуҷуд меояд. Чунин шакли газак ҳангоми баъзе аксуламалҳои аллергӣ, таъсири моддаҳои бағоят заҳрнок (масалан, заҳре, ки микробҳои хуноқ ҷудо мекунанд) ба вуҷуд меояд. Шакли аз ҳама вазнини газаки алтеративӣ некроз (нобуд шудан)-и бофтаҳо аст.
* Газаки экссудативӣ нисбатан бештар рӯй медиҳад; дар манбаи ин навъи газак рагҳои хун хеле тағйир ёфта, сӯрохии девораи онҳо фарохтар мегардад; дар натиҷа қисми хун ва лейкоситҳо аз рагҳои хун бо бофтаҳо мегузаранд; аз ин рӯ моеъи дар манбаи газак ҷамъшударо экссудат меноманд. Агар экссудат шаффоф ва дорои то 8 % сафеда бошад, газак серозӣ номида мешавад; дар сурати дар таркиби он зиёд будани сафедаи махсус
** Дар мавриди газаки серрозӣ экссудат аз қисмҳои обакии хун, ки дар онҳо сафедаҳо ҳал шудаанд, иборат аст; дар таркиби экссудат ҳамчунин лейкоситҳо, эритроситҳо, ҳуҷайраҳои бофтаҳои кӯчидаи атроф дучор меоянд. Омехтаи ҳуҷайраҳо ранги экссудатро тира месозанд. Дар таркиби он, одатан, 3
** Ҳангоми газаки фибринозӣ дар таркиби экссудат фибрини бисёр ҷамъ меояд. Фибриногени хун аз доираи раг берун омада, лахта мебандад ва ба фибрин мубаддал мешавад. Дар аснои ин дар сатҳи пардаи серозӣ ё луобӣ пардаи фибринозӣ ташаккул меёбад. Он метавонад дар сатҳи пардаи серозӣ ё луобпарда озод қарор гирад. Ҳангоми бо некрози амиқи бофтаҳо якҷоя шудани газаки фибринозӣ, парда ба сатҳи қароргоҳи худ сахт мечаспад ва бо душворӣ ҷудо мешавад. Чунин газакро фибринозию некрозӣ ё хуноқӣ (онро хуноқ ҳисобидан лозим нест) меноманд.
** Дар ҳолатҳои газаки фасоднок таркиби экссудат асосан аз лейкоситҳо иборат аст (қисми зиёди онҳо дар ҳолати таҷзия мебошанд). Лейкоситҳо ферментҳои протеолизии гуногун доранд, ки боиси ҳал гаштани бофтаҳо, яъне пайдоиши фасод мегарданд. Агар фасод сарҳади аниқ надошта бошад, онро флегмона, ва агар ҳудуди аниқ дошта бошад, думбал меноманд. Дар ҷавфи ягон узв, масалан, дар плевра ё талхадон ҷамъ шудани фасод эмпиема номида мешавад.
* Барои газаки нумувӣ афзоиши ҳуҷайраҳо хос буда, боиси пайдоиши гиреҳчаҳо (гранулёма) ва ғафс шудани бофтаҳо мегардад. Чунин газак дар аснои сифилис, сил, тифи ҳасбавӣ ва ғайра дучор меояд.
Зуҳуроти клиникии газак панҷ аломати асосӣ дорад: сурх шудан, варам, вараҷа, дард ва ихтилоли кори узвҳои берунӣ (масалан, [[пӯст]]), ки дучори газаки шадид гаштаанд. Агар узвҳои дарунӣ газак гиранд, ҳамаи ин нишонаҳо зоҳир намешаванд. Одатан, дар сурати газак аксуламали умумии организм
Газак нафақат асоси аксуламали муҳофизӣ мебошад, балки дар шароити муайян ба организм зарар ҳам расонда, бофтаҳои ҳаётан муҳимро иллатнок мекунад.
== Оқибати газак ==
Оқибати газак гуногун аст; бемор аҷаб нест, ки пурра шифо ёбад. Агар бофта осеби зиёд дида бошад, дар ҷои газак хадша пайдо мешавад. Ҳангоми газаки узвҳои дарунӣ (мас., аппендитсит), илтиҳоб ба вуҷуд омада, узвҳои ҳамшафат ба якдигар мечаспанд. Газаки музмин боиси инкишофи склероз (тасаллуб)-и узв мегардад. Дар натиҷа фаъолияти узви осебдида то андозае маҳдуд хоҳад шуд.
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ}}
== Адбиёт ==
* {{ЭМТ|Газак|4|муаллиф=У. Расулов}}
* Внутренные болезни, ҷ. 1 — 2, М., 2005;
* Н. А. [[Гурӯҳ:Илтиҳоб]]
|