Ҳаким Ғаюров: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 27:
'''Ҳаким Ғаюров ''' (''Ғаюров Ҳаким Шарифович''; 30 августи 1964, шаҳри [[Панҷакент]], [[вилояти Суғд]]) — олим, номзади илмҳои физика- математика, дотсент (2016). [[Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон]] (2012)
== Зиндагинома ==
Ғаюров Ҳаким Шарифович 30 августи соли 1964 дар деҳаи Шашкати, ноҳияи Панҷакент чашм ба олами ҳасти кушодааст. Солҳои 1971-1981 мактаби миёнаи рақами №41- и деҳаро бо баҳои аъло хатм кардааст. Ҳангоми мактабхонӣ дар синфҳои 8-ум, 9-ум ва 10-ум дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанҳои математика ва физика иштирок намуда, соҳиби се медали нуқра (ҷои дуюм) ва ду медали биринҷӣ (ҷои сеюм) гардидааст. Баъди хатми мактаби миёна, ҳуҷҷатҳои худро ба факултети физикаи Донишгоҳи давлатии ба номи В.И. Ленин (ҳозира ДМТ) супорида, соҳиби унвони донишҷӯ гардидааст. Онро бо дипломи аъло хатм намудааст. Баъди хатми донишгоҳ, соли 1989 ҳуҷҷатҳои худро ба аспирантураи Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти кайҳонии назди АУФР супорида соли 1993 хатм намудааст. Аз соли 1993 сар карда фаъолияти кории худро дар ҳайси сармуаллим ва баъдтар дотсенти кафедраи физикаи умумии факултети физикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳозира ДМТ) давом додааст. Аз оғози соли 2003 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар вазифаҳои мудири кафедра, баъдан муовини декан оид ба тарбия ва таълими факултети бизнес ва баҳисобгирӣ фаъолият намудааст. Солҳои 2008-2012 вазифаи декани факултети инноватсия ва технологияи тиҷорат ва аз моҳи январи 2013 то декабри соли 2017 вазифаи декани факултети инноватсия ва телекоммуникатсия аз моҳи декабри 2017 то имрӯз дар вазифаи муовини ректор оид ба таълим фаъолият бурда истодааст.
== Фаъолияти илмӣ ==
Моҳи июни соли 1993 рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Некоторые вопросы теории релаксации разрежённых потоков быстрых частиц в неоднородной среде» таҳти роҳбарии д.и.ф.м., профессор Ерохин Н.С., дар Шӯрои дифои Донишгоҳи дӯстии халҳо ба номи Патрис Лумумбаи ш. Москва ҳимоя намудааст. Самтҳои фаъолияти илмӣ-тадқиқотии Ғаюров Ҳ.Ш., асосан физикаи зарраҳои элементарӣ, татбиқи зарраҳои бунёдӣ дар кайҳон, ҳодисаҳои гузариши зарраҳои бунёди дар фазои ғайриякҷинса, татбиқи усулҳои моделиронӣ ва ҳисобии техникаи ҳисоббарор ва татбиқи технологияи инноватсионӣ дар раванди таълим ба ҳисоб рафта, чандин мақолаҳои илмии ӯ дар маҷалаҳои илмии ҷумҳуриявӣ ва берун аз он, аз ҷумла дар давлатҳои Россия, Украина, Олмон, Амрико ва Ҷопон ба табъ расидаанд. Айни замон бо Барномаи давлатии рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзию техникӣ барои солҳои 2010-2020 ва Барномаи давлатии рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015 корҳои илмиро пеш бурда, дар чандин конференсияҳои байналхалқӣ (Россия, Қазоқистон, Украина Олмон ва Маҷористон) фишурдаи корҳои илмӣ - татқиқотиашро аз чоп баровардааст.