Тасаввуф: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 27:
 
== Таълимот ==
Мазмуну моҳияти таълимоти тасаввуф аз бисёр ҷиҳат ба рукнҳои асосии [[Ислом|дини ислом]] зарба зада, зоҳиран баъзе ҷиҳатҳои расмии масъаларо аз бими замона нигоҳ дошта бошад ҳам, дар асл ба таълимоташ ғояҳои фалсафию озодандеширо дохиддохил карда, афкори мулҳидонаро низ инкишоф додааст. Маҳз аз ҳамин сабаб бисёр сӯфиёни намоёнро намояндагии дин ба куфру зиндиқа айбдор намуда, ба қатл расондаанд.
 
Дар таърихи тасаввуф на ҳамаи сӯфиён ҷараёни маърифатро як хел мефаҳмиданд. Вобаста ба дараҷаи ҷаҳонбиниаш ҳар як сӯфӣ яке аз зинд дараҷаи камолотро мақсади ниҳоии худ қарор дода, барои расидан ба он кӯшиш мекард. Вобаста ба хусусияти дарки назарии тасаввуф ва эҷодиёти шоирони мутасаввиф навъҳои гуногуни тасаввуф, аа ҷумла ''«тасаввуфи обидона»'' ([[Ҳасани Басрӣ]], Маъруфи Кархӣ), ''«тасаввуфи ошиқона»'' ([[Мансури Ҳаллоҷ]], [[Абӯсаиди Абулхайр]]), ''«тасаввуфи шоирона»'' ([[Саноӣ|Абулмаҷиди Саноӣ]], [[Фаридуддини Аттор]], [[Ҳофизи Шерозӣ]], [[Абдурраҳмони Ҷомӣ]], Абдул қодири[[Бедил|Абдулқодири Бедил]]) ва ''«тасаввуфи орифона»'' ([[Ҷалолуддини Балхӣ]], [[Маҳмуди Шабустарӣ]]) дар адабиёти классикӣ ба вуҷуд омаданд. Ҳар як навъи номбаршуда ба сифати рукни асосии маърифати тасаввуф масъалаи муайянеро қарор медод. Масалан, дар «тасаввуфи шоирона», ки дар адабиёти классикии форс-тоҷик шакли нисбатан интишорёфта мебошад, субъекти маърифат (худи шоир) ҳама вақт гирди меҳвари масъалаи асосии ишкишқ давр мезад ва мақсади асосӣ ба висоли маъшуқ расидани ошиқ буд. Ин масъала дар эҷодиёти шоирони мутасаввифамон бо образҳои гуногуни бадеӣ тасвир шудаанд.
 
Ҷиҳатҳои гуногуни таълимоти тасаввуф ва тобишҳои сиёсии онро дар тӯли таърих бисёр гурӯҳҳо ба манфиати синфии худ истифода бурданд. Суфиён дар ҷиҳод ва ҳаракати сарбадорон фаъолона иштирок намуданд. Баъзе шайхони тасаввуф аз нуфузу эътибори худ истифода бурда, сарват ғун карданд ва ба феодал табдил ёфтанд. Масалан, муассиси силсилаи тасаввуфии сафавия Сафиуддини Ардабилӣ аввал ба феодали калон табдил ёфта, баъд ба барқароршавии сулолаи сафавиён дар Эрон мусоидат кард.
 
Дар охири асри 19XIX ва аввали асри 20XX ислоҳотчиёни буржуазӣ дар мамлакатҳои Шарқи мусулмонӣ ва модернистони ислом ба муқобили силсилаҳои тасаввуфие, ки реаксияи феодалиро пурзӯр менамуданд, мубориза бурданд. Дар [[Туркия]] зимни ислоҳоти буржуазӣ ҳамаи силсилаҳои тасаввуф баста шуданд. Дар СССР[[ИҶШС]] низ аз солҳои 20 асри 20XX силсилаҳои тасаввуф аэ байн рафтанд. Ҳоло дар мамлакатҳои Шарқи мусулмонӣ тасаввуф нуфуз пайдо карда истодааст.
 
== Нигаред низ ==