Муҳаррик: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 3:
 
== Навъҳо ==
Муҳаррик вобаста ба навъҳои худ кори механикиро аз ротори чархзананда, аз ҳаракати пешравандаю баргардандаи поршен ё аз аппарати реактивӣ гирифта метавонад. МуҳаррикМуҳаррики мошинҳои корӣ, воситаҳои нақлиёти хушкигарду обӣ, ҳавоиву кайҳонӣ, дастгоҳҳои истеҳсоливу техноло­гӣ, асбобҳои коммуналиву рӯзгор ва ғайраро ба ҳаракат меоварад.
 
Муҳаррикҳое, ки захираҳои табиии энергетикӣ (сӯзишворӣ, энергияи бод, об ва ғайра)-ро бевосита ба энергияи ме­ханикӣ табдил медиҳанд, муҳаррикҳои аввал номида мешаванд. Гурӯҳи калони муҳаррикҳои аввалро муҳаррикҳои ҳароратӣ ташкил медиҳанд. Муҳаррикҳое, ки энергияи муҳаррикҳои ав­валро ба кори механикӣ табдил меди­ҳанд, муҳаррикҳои сонӣ ном доранд (масалан, муҳаррикҳои электрии пневматӣ, баъ­зе навъҳои муҳаррикҳои гидравликӣ ва ғайра) муҳаррикҳо вобаста ба таъиноташон статсионарӣ, сайёр, нақлиётӣ мешаванд.