Бадахшон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 32:
Мавҷудияти лоҷварди Бадахшон дар Ҳиндустон (Моҳенҷо-Даро), Миср (некрополи Фива) ва мавзеъҳои диг. қадимии маданияти ҷаҳонӣ дар замонҳои қадимтарин ошкор гардидааст. Тибқи маълумоти муаллифони «Таърихи Бадахшон» — Мирзо Сангмуҳаммад ва Мирзо Фазлалибек лоҷварди Бадахшон чун ҳазорон сол пеш аз ин, дар а.18 низ қимати хеле баланд доштааст. Бадахшон дар давраҳои мухталифи таърихӣ дорои марзу буми тағйирёбандаи ҷуғрофию сиёсӣ будааст. Он аз Ш. ва Шим. Ш. ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз Ш. ба Читрол ва Кашмир (Покистон ва бо долони иртиботӣ бо марзҳои Чин (вил. Син Кёнч), аз Ҷ. бо вил. Кунар ва Каписо ва аз Ғ. бо вилоятҳои Лағмону Тахор (Қатаған ва Тахористон) ҳамҷавор мебошад. Бадахшон ноҳияи кӯҳистонист. Силсилакӯҳҳои Ҳиндукуш (баландтарин қуллаи он 7000 м) бо пиряхҳои табиӣ дар ҷануби он ба самти ғарбу шарқ имтидод доранд. Дар байни кӯҳистон чандин мавзеи даштмонанд вуҷуд доранд, ки дар онҳо зироатҳои гуногун рӯёнда мешаванд. Ободиҳо ва шаҳрҳои Бадахшон чи дар бахши Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чи дар бахши Афғонистон бо роҳҳои аслӣ ва фаръӣ ба ҳам пайвастанд.
 
Августи 1876, пас аз ҳамроҳ намудани Фарғона ба Русия, русҳо дар доираи хатти марзӣ бо бекии Қаротегин паймон бастанд, ки мувофиқи он ноҳ.ноҳияи Бадахшони кӯҳӣ ба тобеияти Бухоро монда, ноҳ.ноҳияи ҷануби масири Амударё ба тобеияти Афғонистон мегузарад.
 
== Бадахшони Афғонистон ==