Синамои Тоҷикистон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 43:
Охири солҳои 80 ва аввали 90-уми асри бист дар кинои тоҷик табаддулоти миқдориву сифатӣ ба вуҷуд омад. Ҳам дар филми мустанад ва ҳам дар филмҳои ҳунарӣ ҷустуҷӯйи сабку усул ва мавзӯъҳои ҷолибу воқеӣ мушоҳида мешавад, дар ҳоле, ки кулли кинои ондавраи шӯравиро рӯҳияи ташвиқот пахш карда буд. Ин рӯҳияи нави воқеъбинию воқеънигориро насли нави коргардонон - [[Майрам Юсуфова]], Пӯлод Аҳмадов, Сафар Ҳақдодов, [[Гулбаҳор Мирзоева]], Толиб Ҳомидов, [[Сайф Раҳимзоди Афардӣ]], [[Бахтиёр Худойназаров]], Ҷамшед Усмонов, Сафарбеки Солеҳ ва амсоли инҳо дар филмҳояшон татбиқ карданд. Аз филмҳои баландпояи он давр метавон филмҳои “Айёми алафҳои зард” (соли 1991), “Мусофир” (соли 1989), “Братан” (ё “Бародар”, соли 1991), “Ситораҳои сари танур” (соли 1991), филмҳои кӯтоҳметараи ҳунарии “Панҷара” (соли 1989), “Чоҳ” (соли 1991), “Хоби бедорӣ” (соли 1990)-ро ном гирифт, ки дар онҳо назари амиқ ба зиндагӣ ва олами ботинии қаҳрамонҳо дида мешавад. Яке аз хусусиятҳои умдаи ин филмҳо дар истифода ва кашфи забони ҷадиди кинематографӣ ва эстетикаи нав таҷассум ёфтааст.<ref>Энциклопедия кино Таджикистана.Краткая история кино Таджикистана - Душанбе, 2012, с.6-38</ref>
== Солҳои Истиқлолият==
Баъди пош хӯрдани Иттиходи Шӯравӣ ва истиқлолияти комил ба даст овардани Тоҷикистон (соли 1991) кинематографияи миллӣ ба бӯҳрони сахти иқтисодӣ ва молиявӣ дучор шуд. Бар замми ин, дар кишвари тоҷикон ҷанги шаҳрвандӣ шурӯъ гардид. Қисми зиёди кормандони кино маҷбур шуданд, ки барои татбиқи лоиҳаҳои эҷодии хеш ватанро тарк карда, дар кишварҳои хориҷӣ сармоя ва сарпараст биҷӯянд.<ref> {{Cite web|url=https://www.ozodi.org/a/26424049.html|title= Анвар Тӯраев тарки Тоҷикистон кард|author=|website=www.ozodi.org |date=|publisher=|lang=tg|accessdate=2020-01-08}} </ref>
Аз ҳамин сабаб, яке аз хусусиятҳои асосии давраи аввали истиқлолият дар кинематографияи тоҷик ин аст, ки кинои миллӣ ба ду тариқа арзи вуҷуд кард – яке дар дохил ва дигар дар хориҷи кишвар. Филмҳои баландмақоми кинематографистони тоҷик дар хориҷи кишвар “Қош ба қош” (соли 1993) ва “Падари маҳтобӣ”-и Бахтиёр Худойназаров (соли 1999), “Парвози занбӯр” (соли 1998, дар ҳамкории Мин Бионг Хан) ва “Фариштаи китфи рост”-и Ҷамшед Усмонов (соли 2002) маҳсуб мешаванд. Дар дохили кишвар бо сабаби бӯҳрони молиявию технологӣ бештар филмҳои рақамиву видеоӣ ба навор гирифта шуд. Ташаббускори ин бахши нави кинематография каналҳои телевизионии кишвар гардиданд. Аз ҳамин боис филмҳои бисёрсериягии телевизионӣ шӯҳрати бештар пайдо намуданд. Аммо филмҳои рақамие, ки дар чорчӯбаи эстетикаи кинои ҳунарӣ таҳия шуданд, низ ба вуҷуд омаданд. Дар байни шумораи зиёди ин қабил филмҳо, ки бештар эстетикаи Болливудро пайгирӣ кардаанд, филмҳои тозабунёд ба мисли “Ва ман равам ба сӯи сарнавишт” (коргардон М.Орифов, аввалин филми касбии видеоии тоҷик, соли таҳияаш 1998), “Муҷассамаи ишқ” (У.Мирзоширинов, соли 2003), “Овора” (Г. Муҳаббатова, Д. Раҳматов, соли 2006), “Тақвими интизорӣ” (С. Солеҳ, соли 2005), филмҳои кӯтоҳметраи “Хушбахтӣ” (соли 2006), “Синамои муҳаррик” (соли 2007) - ро метавон ёдовар шуд, ки ба тарзи нави истеҳсолӣ (тибқи кинематографияи продюсерӣ) ва эстетикаи ҷолиб баррасӣ шуданд. Маҳз дар ҳамин давра дар харитаи кинематографияи миллӣ студияҳои мухталиф аз қабили “Синамо”, “Киносервис”, студияҳои телевизионӣ ба вуҷуд омаданд.<ref name="ReferenceA"/>
 
== Кинофестивали байналмилалӣ ==
Дар пойтахти Тоҷикистон ҳар ду сол кинофестивали байналмилалии “Дидор” баргузор мегардад. Кинематографистони тоҷик дар кинофестивалҳои байналмилалии кишварҳои мухталиф иштирок карда, соҳиби ҷоизаҳо мегарданд. Кинои тоҷик ҳамчун яке аз падидаҳои фарҳанги миллӣ вазифаи муқаддаси худро дар назди мардуми хеш ба андозае иҷро кардааст. Вай ҳамчун оинаи миллат аз ғаму шодии мардум бохабар буд ва миллатро ба худи ӯ ва ба мардуми ҷаҳон муаррифӣ кардааст. Ҳамин ҳадафҳо имрӯз ҳам пеши назари ояндабини кино қарор доранд.<ref name="ReferenceA"/>
Аз соли 2012 директори киностудия "[[Тоҷикфилм]]" коргардони варзида [[Носир Саидов]] аст.<ref>[ {{Cite web|url=http://www.avesta.tj/sociaty/12271-tadzhikfilm-vozglavil-izvestnyy-rezhisser-nosir-saidov.html|title= «Таджикфильм» возглавил известный режиссер Носир Саидов]|author=|website=www.avesta.tj|date=|publisher=|lang=tg|accessdate=2020-01-08}} </ref>. Филми [[Муаллим (филм)|"Муаллим"]] ([[соли 2014]]) дар таҳияи [[коргардон]] [[Носир Саидов]] ба зумраи дастовардҳои киностудияи "[[Тоҷикфилм]]" дохил мешавад.
Яке аз дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ- ин филми «Қиёми рӯз»-и Носир Саидов мебошад. Филми ҳирфаии “Қиёми рӯз” аз ҷониби [[Носир Саидов]] дар кинопленкаи 35 мм ба навор гирифта шуд (соли 2009) ва дар замони истиқлол бо касбияти воло ва дар сатҳи байналмилалӣ ба навор гирифта шудааст. Ин филм дар 17 кишвари дунё ба намоиш гузошта шуда, барандаи 12 ҷоизаи байналмилалӣ шудааст. Аз ҷумла, филми «Қиёми рӯз» дар кинофестивали ҷаҳонӣ дар шаҳри Кералаи Ҳиндустон, ҷашнвораи кинои «Кеш» дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ва дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ дар Россия, Япония, Ҳиндустон, Италия ва Голландия ширкат карда, ҷоизаҳо ба даст овардааст. Дар ҷашнвораи кинои «Кеш» дар Ҷумҳурии Исломии Эрон «Қиёми рӯз» дар миёни 266 филм ҷоизаи «Самандари тиллоӣ» -ро соҳиб шуд. Ин ҷоиза ба ин филм барои беҳтарин кори коргардонӣ дода шудааст. Филми дигари Носир Саидов «Оинаи беҷило» соли 2013 ба навор бардошта шуд, ки он низ дорои касбияти баланд аст.
Филми «Муаллим»-и ин коргардон соли 2014 бо ҷалби ҳунармандон аз хориҷи кишвар ба саҳна омад. Баъди чандин солҳо тамошобини тоҷик шоҳиди ба саҳна баргаштани ҳунарманди маъруф Марат Орипов шуд. Аз нигоҳи мавзӯъ кинои тоҷик хусусияти ахлоқиву тарбиявӣ дошта, бинандагонро ба дарки хубиву бадӣ ва фарқи аслии сиёҳу сафед раҳнамун месозад. Ҷанбаи дигаре, ки хусусияти баланди таъсиррасонӣ дорад, ин санъати зебои филмофарии коргардонҳо мебошад.
Сатри 54:
Дар ҷашнвораи мазкур аз Тоҷикистон ду филм- «Коса» ва «Духтари Сайҳун», ки бо коргардонии Муҳиддини Музаффар таҳия гардидаанд, дар радифи 30 филми дигар аз Эрон, Афғонистон ва дигар кишварҳои дунё иштирок карданд.
Бояд зикр намуд, ки мавзўи филмҳои фестивал- мушкилоти кўдакону наврасон, муҳоҷират ва ҷангу сулҳ, масоили гуногуни иҷтимоӣ ва фарҳангӣ буд.
Филми «Коса» доир ба масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд ба навор гирифта шудааст. Филми мазкур соли гузашта дар кинофестивалҳо дар шаҳри Қазони Федератсияи Россия ва Лондони Британияи Кабир низ иштирок карда, санъати кинои тоҷикро муаррифӣ карда буд.
== Рӯзи кинои тоҷик ==
Дар даврони истиқлолияти ҷумҳурӣ ҳамасола дар Тоҷикистон [[16 октябр]] ҳамчун рўзи кинои тоҷик таҷлил мегардад.<ref>[http://khovar.tj/2017/10/16-oktyabr-r-zi-kinoi-to-ik-sanate-ki-tavassuti-on-nerui-a-lonivu-ze-nii-omearo-metavon-baland-bardosht/ 16 октябр-Рӯзи кинои тоҷик. Санъате, ки тавассути он неруи ақлониву зеҳнии ҷомеаро метавон баланд бардошт] </ref>
 
=== Хулоса ===
Ҳамасола дар Тоҷикистон [[16 октябр]] ҳамчун рўзи кинои тоҷик таҷлил мегардад.
== Ҳамчунин нигаред ==
* [https://www.youtube.com/watch?v=0Sv0wzS1QA4 Нахустин суруди тоҷикӣ дар кино.Соли 1939]