Оромгоҳи Ленин: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
Сатри 1:
{{Қуттии универсалӣ}}
 
Оромгоҳи '''Владимир Илйич Ленин''' — ёдгории меъморӣ, мақбара дар Майдони Сурхи Москва, (назди девори қасри Кремл). Дар толори мотами он тобут бо ҷасади мумиёшудаи [[Владимир Ленин]] нигоҳ дошта шудааст. Ҳангоми тантанаҳо (намоишҳо, ваъзҳо, парадҳо ва ғайраҳо) Мавзолейро ба сифати минбари давлатӣ истифода мебаранд. 26 январи соли [[1924]] Съезди 2-юми советҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар маҷлиси мотам қарори КИМ-и Иттиҳоди Шӯравиро дар хусуси бунёди Мавзолей тасдиқ кард. То 27-январ Мавзолейи муваққатии чӯбӣ (тибқи лоиҳаи меъмор А.В Щусев), ки шакли мукааби аҳромӣ ва ду илҳоқия дошт, сохта шуд. Илҳоқияҳо вазифаи даромаду баромадҳоро адо мекарданд. Толори мотам дар умқи 3 м (дохили толор мувофиқи тасвирҳои рассом И. И. Нивински, ки таносуби рамзии рангҳои сиёҳу сурхро моҳирона ба кор бурдааст, оро ёфта буд) бунёд гардида, соати 16°° тобуту ҷасади доҳӣ дар он ҷой дода шуданд. Дар давоми якуним моҳи аввал зиёда аз 100 ҳазор нафар одамон ба зиёрати доҳӣ омаданд.
 
== Эзоҳ ==