Давлати Каёниён: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
х викисозӣ
Гумон меунам, дигар ниёзе барои муҳокима нест, чун ҳарду як мақола мебошанд.
Барчасб: тағйири масири нав
 
Сатри 1:
{{Merge#равона |[[Каёниён |}} ]]
 
'''Давлати Каёниён'''- дуюмин давлати қадимаи [[ориёӣ]] аст. Cулолаи Каёниён баъд аз [[Давлати Пешдодиён|сулолаи Пещдодиён]] дар [[Ориёно]] подшоҳӣ кардааст. Номи 9 шоҳи сулолаи Каёниён, ки дар [[Ориёно]] ҳукумронӣ намудаанд, аз саршмаҳои хаттӣ маълум аст. Охирин шоҳи Каёнӣ, ки дар [[Авесто]] номбар шудааст, Виштасп мебошад. Аммо муаллифони баъдина чор шоҳи [[Ҳахоманишиён]]ро низ ба ҳамин сулола дохил кардаанд.
 
Шоҳони сулолаи Каёниён инҳо буданд:
 
1. Кайқубод,
 
2. Кайковус,
 
3. Кайхусрав,
 
4. Луҳрасп,
 
5. Виштасп,
 
6. Баҳман (Ҳахоманиш),
 
7. Ҳамонӣ,
 
8. Дорои I,
 
9. Дорои II.
 
Дар давраи Кайковус ва баъди ӯ дар байни Каёниён ва авлодони [[Афросиёб]], ки пойтахташон [[Самарқанд]] буд, ҷангҳои зиёд рух медиҳанд. Писари Кайковус Сиёвуш бинобар ихтилоф бо падараш ба назди [[Афросиёб]] фирор мекунад ва духтари ӯро ба занӣ мегирад. Аммо Афросиёб хиёнат карда, Сиёвушро ба ҳалокат мерасонад. Кайковус лашкари азимеро бо сардории Рустам барои қасоси хуни писарашро гирифтан бар зидди Афросиёб равон мекунад. Каёниён дар ин ҷанг ғолиб омада, писари Сиёвуш ва модари ӯ духтари Афросиёбро ба [[Балх]] меоранд. Мутобиқи ривоятҳо Каёниён [[738 сол]] ҳукмронӣ кардаанд.<ref>Ҳотамов Н.Б., Довудӣ Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). – Душанбе,2011, – с. 25-26.</ref>
 
== Манобеъ ==
<references/>
 
== Нигаред ==
*[[Ориёӣ]]
 
[[Гурӯҳ:Таърихи Тоҷикистон]]