Ширкати Алюминийи Тоҷик: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
мусавварсозӣ, илова
Сатри 17:
== Ҳаҷми молии маҳсулот ==
Ҳаҷми молии маҳсулоти истеҳсолнамудаи ширкат дар ёздаҳ моҳи соли 2019 ба 90242 тонна баробар гардид, ки 2026,6 тонна назар ба 11 моҳи соли 2018 зиёд мебошад. Суръатафзоӣ 102,2 %-ро ташкил медиҳад.
Ба санаи [[10 декабридекабр]]и [[соли 2019]] нархи 1 тонна алюминий дар Биржаи металии Лондон ба 1766 доллари ИМА баробар аст.Дар ширкат айни замон 6163 нафар кормандон кору фаъолият намуда, музди меҳнати миёнаи онҳо 1417 сомониро ташкил медиҳад.
 
Аз захираву имкониятҳо истифода намуда, корхонаҳои коркарди алюминий дар 11 моҳи соли 2019 дар маҷмуъ 8900 тонна алюминийро коркард намуда, нисбати нишондоди 11 моҳи соли 2018 2260,0 тонна зиёд буда, суръати афзоишро 134,0 % таъмин карданд.
Зимнан бояд таъкид намуд, ки ҳаҷми коркарди алюминий дар 11 моҳи соли равон чун солҳои гузашта асосан аз ҳисоби КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик», ҶДММ КМ «Тоҷпроф», ҶДММ «Ноқили Талко» ва ҶСП «Ноқили Турсунзода» ба амал омада истодааст.
Тибқи маълумотҳои дастрасгардида дар ёздаҳ моҳи соли 2019 корхонаҳои соҳаи мошинсозӣ, саноати мудофиа ва химия, дар якҷоягӣ бо КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» маҳсулотҳоро ба монанди маводҳои таркандаи саноатӣ, профилҳои алюминӣ, қубурҳои металлӣ ва арматураҳои сохтмонӣ ба маблағи 1630,4 млн. сомонӣ ба хориҷи кишвар, хусусан ба Давлатҳои Аврупо, Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Туркманистон, Қирғизистон, Туркия, Эрон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон содирот намуданд.
 
Сабаби коҳишёбии ҳаҷми истеҳсоли алюминий саривақт таъмин нагардидани молу маводҳои истеҳсолӣ ва кам гардидани шумораи электролизёрҳо мебошад. Дар ширкат шумораи умуми электролизиёрҳо 984 адад буда аз он 267 адад фаъолияти истеҳсолӣ дорад.

Дар ширкати ТАЛКО айни замон 6163 нафар кормандон кору фаъолият намуда, музди меҳнати миёнаи онҳо 1417 сомониро ташкил медиҳад.<ref> {{Cite web|url=http://sanoat.tj/?p=5159|title=«Истеҳсолоти саноатӣ пешбарандаи иқтисоди миллӣ, таъминкунандаи шуғли аҳолӣ, сарчашмаи даромади буҷети давлатӣ ва дар маҷмӯъ, омили муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ мебошад»|author=|website=www.sanoat.tj |date=|publisher= |lang=tg|accessdate=2020-01-21}} </ref>
 
==ҶДММ «ТАЛКО-КРАНТАС»==