Ширкати Алюминийи Тоҷик: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 31:
Таъкид гардид, ки КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» имрӯзҳо истеҳсоли маҳсулотро тариқи техологияи муосир ба роҳ монда, ҳамкориҳоро бо ширкатҳои соҳибнуфузи ҷаҳонӣ тақвият мебахшад.
Изҳори қаноатмандӣ карда шуд, ки тайи ду соли охир КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» дар заминаи сиёсати дурбинонаи Сарони ду давлати ба ҳам дӯсту ҳамсоя бо бузургтарин корхонаҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамкории густурдаро ба роҳ мондааст. Аз ҷумла соли равон дар ҷараёни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Ширкати Алюминийи Тоҷик» бо яке аз корхонаҳои тавлидотии кишвари ҳамсоя шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид, ки дар асоси он солона 10 ҳазор тонна метали алюминий ба корхонаҳои истеҳсолии кишвари ҳамсоя интиқол дода мешавад.<ref>{{cite web|url=http://www.president.tj/node/18509|title= Боздиди сарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон аз КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» ва ифтитоҳи корхонаи муштараки «ТАЛКО-КРАНТАС»|author= |date=27 сентябри 2018|publisher=prezident.tj|accessdate=2018-09-27}}</ref>.
== ҶДММ «ТАЛКО-КЕМИКАЛ» ==
ҶДММ «Талко Кемикал» бо дарназардошти масъалаҳои қабули давлатии иншооти сохтмонаш анҷомёфтаи корхонаҳои «криолит ва алюминийи фтордор» ва ҳамоҳангсозии дигар корҳои ташкиливу омодагӣ ба истеҳсолот ва захира намудани ашёи хом дар семоҳаи аввали соли равон фаъолият накарда, аз моҳи апрели соли 2019 тибқи нақшаи қаблан такмил додашуда ба истеҳсоли маҳсулотҳои кимиёвӣ ба монанди алюминии фтордор, криолит ва коагулянт шуруъ намуд.
 
Ҳаҷми молии маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхона дар 11 моҳи соли равон ба монанди фториди алюминийи 3761,2 тонна, криолит 632,8 тонна ва коагулянт 173,1 тонна истеҳсол гардидааст.
ҶДММ «Талко Кемикал» дар ҳамин давраи соли равон ба миқдори 2496,8 тонна фториди алюминий ба маблағи 34,3 млн сомонӣ ба Федератсияи Россия содирот намудааст. Инчунин ба КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» 417,1 тонна криолит ба маблағи 2961,5 ҳазор сомонӣ ва 1107,9 тонна фториди алюминий ба маблағи 13209,4 ҳазор сомонӣ, дар маҷмуъ ба маблағи 16171,0 ҳазор сомонӣ маҳсулот интиқол дода шудааст.<ref>{{cite web|url=http://www.president.tj/node/18509|title= Боздиди сарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон аз КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» ва ифтитоҳи корхонаи муштараки «ТАЛКО-КРАНТАС»|author= |date=27 сентябри 2018|publisher=prezident.tj|accessdate=2018-09-27}}</ref>.
 
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ}}