Бемории шуоъӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
No edit summary
 
Сатри 1:
[[Акс:Radioactive.svg|alt=Рамзи нишон додани мавҷудияти моддаҳои радиоактивӣ.|thumb|263x263px171x171px|Рамзи нишон додани мавҷудияти моддаҳои радиоактивӣ.]]
'''Бемории шуоъӣ''' — иллатест, ки дар натиҷаи ба [[организм]] таъсир расондани афканишоти аз меъёр зиёди ионзо сар мезанад.
 
Сатри 6:
Бемории шуоъии шадид аксар вақт чор давраро дар бар мегирад: таассури аввалин, давраи ниҳонӣ, авҷи беморӣ, давраи охирин ё шифои комил. Дар давраи таассури аввалин, ки он баъди шуоъхӯрӣ фавран пайдо мешавад, бемор пурҳаяҷон ё, баръакс, рӯҳафтода аст; беҳолӣ, бехобӣ, чарх задани сар, беҳузурии дил, дар ҳолатҳои вазнин қай ва исҳол ба амал меоянд; дар ҳолатҳои ниҳоят вазнин бемор муддате аз ҳуш меравад, набз ноустувор ва фишори шараён номуътадил мегардад. Ҳамаи ин аломатҳо баъди чанд соат бартараф шуда, давраи дуюми беморӣ (давраи ниҳонӣ) оғоз меёбад, ки ба он беҳтар шудани ҳолати умумии бемор хос аст. Вале қатъи назар аз беҳбудии зоҳирӣ беморӣ авҷ мегирад ва баъди чанд муддат (аз чанд рӯз то 2-3 ҳафта) давраи сеюм фаро мерасад. Бемории шуоъӣ ҳар қадар вазнин бошад, давраи ниҳонӣ ҳамон қадар кӯтоҳ (чанд соат) мешавад. Дар давраи авҷи беморӣ аҳволи бемор якбора бад шуда, ӯ таб мекунад, қай ва исҳол (бештар исҳоли хунолуд) ба амал меояд; аз милки дандон ва дигар пардаҳои луобӣ хун меравад, баъзе рагҳои хуни зери пӯст мекафанд; баъди 2-3 ҳафта мӯй мерезад. Камхунӣ ва ихтилоли асабҳо шиддат ёфта, муқобилати организм ба бемориҳои сироятӣ суст мегардад. Ҳангоми муътадил гузаштани Бемории шуоъӣ ва сари вақт [[табобат]] кардани он, давраи охирин — шифои комил оғоз меёбад.
 
[[Акс:Slotin criticality drawing.jpg|left|thumb|Ангора барои муайян намудани миқдори қабул ҳангоми садамаи нохуши Louis Slotin.|алт=]]Бо мақсади пешгирии бемории шуоъӣ бояд одамоне, ки дар ҳудуди таъсири манбаи афканишоти ионзо кор мекунанд, муҳофизат карда шаванд. Инчунин аз таъсири зарарнок ва барзиёди афканишот ҳифз намудани беморон дар кабинетҳои радиологӣ ва рентгенологӣ низ муҳим аст. Риояи [[қоидаҳои бехатарии меҳнат]] ва талаботи беҳдошт аз ҷониби муассисаҳои тандурустӣ қатъӣ назорат карда мешавад.
 
Шахсоне, ки ба манбаи афканишоти ионзо сарукор доранд, пеш аз ба кор даромадан ва минбаъд аз муоинаи махсус мегузаранд. Барои онҳо рӯзи кории кӯтоҳ, рухсатии дарозмуддат ва маоши иловагӣ муқаррар карда мешавад. Ҳангоми бо изотопҳои радиоактив кор кардан пӯшидани либоси махсус зарур аст.