Фарқият байни намунаҳои "Дандонпизишкӣ"

Рӯзгори куҳан бемории даҳонӣ мушкили асосии одамон будааст. Ҷумҷумаи афроди Cro-Magnon, ки 25000 сол пеш дар замин сокин будаанд, шавоҳиде аз пусидагии дандонро нишон медиҳад. То солҳои 1700 аксари бемориҳои дандон тавассути афроде ба ном ороишгар анҷом мешуд, ин афроди ҳамакора, корҳои кӯчакро анҷом медоданд, ба илова мӯй кӯтоҳ мекарданд ва мумиёӣ низ мекарданд. 6 марти 1840 аввалин коллеҷи дандонпизишкии дунё дар Иёлати Мэриленди Амрико таъсис гардид. Доктор Алфред Санвф дар ИМА, аввалин фарде буд, ки ба нақши муҳими беҳдошти даҳону дандон дар ҳирфаи дандонпизишкӣ яқин пайдо карда ва тарбияти даҳон ва дандонро поягузорӣ намуд. Ӯ дар ноябри 1913 аввалин клиникаи даҳон ва дандонро дар хонаи худ ифтитоҳ намуд. Ҷомеъаи парасторони дандонпизишкӣ дар аввалҳои соли 1923 ташкил гардид ва дандонпизишкии чаҳордастӣ ба тадриҷ фарогир шуд. Аввалин клиникаи дандонпизишкии ройгон дар дунё дар соли 1902 тавассути Jessen аз Страсбурги Олмон ифтитоҳ гардид ва аввалин маҷаллаи тахассусӣ низ дар соли 1930 рӯи чоп омад. Дар тайи қарни бистум, ҳашт тахассус дар дандонпизишкӣ такомул ёфт, ки имрӯзҳо ҳар яки он ихтисоси худро дорост.
 
== Тахассусҳо ==
[[Акс:Fotothek df n-11 0000446.jpg|thumb|Дар назди дандонпизишк|альт=]]
Баъзе аз [[дандонпизишк]]он пас аз фориғуттаҳсилӣ дар садади гирифтани тахассус бармеоянд. Дар зер, ҳавзаҳоие, ки дар ин давраҳо метавонанд дар он касби тахассус кунанд омадааст:
* '''Беҳдошти умумии даҳону дандон''', ки як тахассуси ғайрболинӣ дар дандонпизишкӣ аст ва ҳамон тавр, ки аз номаш пайдост ба беҳдошти умумии даҳон ва дандон мепардозад.
* '''[[Зистшиносӣ|Зистшиносии]] даҳон''', таҳқиқ ва пажӯҳиш дар зистшиносии даҳон, дандон, сар ва сурат.
* '''[[Кошти дандон]]''', илм ва ҳунари ҷойгузин кардани ҷойи холии дандони кашидашуда.
* ''' Бемориҳои даҳон''', арзёбии болинӣ ва ташхиис бемориҳои мухоти даҳон.
* '''Артудансӣ (ва артупедии фуку дандон)''', муназзам кардан ва қарор додани дандонҳо дар маҳалли муносибу саҳеҳ.