Энергетикаи Тоҷикистон: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
→‎Таърих: илова
→‎Таърих: илова
Сатри 53:
 
Ба истифода додани НБО «Сангтӯда — 1» ва «Сангтӯда — 2», Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе — 2», хатҳои интиқоли барқи баландшиддати «Ҷануб-Шимол», «Лолазор-Хатлон», «Хуҷанд-Айнӣ», «Сангтӯда — Лолазор», «Сангтӯда – НБО-и Сарбанд», «Қайроққум-Ашт», «Айнӣ –Панҷакент», «НБО-и Роғун» -Зеристгоҳи «Душанбе-500», таҷдид ва иваз намудани зеристгоҳҳо ба зеристгоҳҳои пурқудрат, таҷдид ва барқарорсозии неругоҳҳо ва шабакаҳои барқӣ сабаби таҳкими иқтидору эътимоднокии таъминоти энергияи барқ дар ҷумҳурӣ гардид. Ду сол боз (аз соли 2018) дар натиҷаи мулоқоту гуфтушунидҳои сатҳи олии Сарони ду давлат — [[Тоҷикистон]] ва [[Ӯзбекистон]] ҳамкории энергетикҳои тоҷику ӯзбек боз барқарор гардид, ки ин барои ҳарду тараф манфиати хеле калонеро молик аст. Баъди зиёда аз 9 соли ҷудо будани низоми энергетикии Тоҷикистон аз [[Осиёи Марказӣ]] додугирифти неруи барқ байни ин ду ҷумҳурии ҳамсоя оғоз ёфт.
 
Дар давраи Истиқлолият иқтидори истеҳсолии соҳаи энергетика, бе назардошти НБО «Роғун», ба миқдори 1520 МВт зиёд шуд. <ref> {{Cite web|url=http://khovar.tj/2019/12/imr-z-r-zi-energetik-o-dar-davrai-isti-loliyat-i-tidori-iste-solii-so-a-be-nazardoshti-nbo-ro-un-1520-mvt-ziyod-shud/|title=Дар давраи Истиқлолият иқтидори истеҳсолии соҳа бе назардошти НБО «Роғун» 1520 МВт зиёд шуд|author=|website=www.khovar.tj|date=|publisher= |lang=tg|accessdate=2019-12-22}} </ref>
 
[[20 март]]и [[соли 2019]] Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Норак ба татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии НБО «Норак» оғози расмӣ бахшиданд. Дар натиҷаи татбиқи ин лоиҳа НБО «Норак» таҷдид ва эътимодноктар гардида, иқтидори лоиҳавияш аз 3000 ба 3300 МВт бардошта хоҳад шуд.
 
[[23 август]]и [[соли 2019]] ба татбиқи лоиҳаи «Таҷдиди НБО «Қайроққум» оғози расмӣ бахшида шуд. Баъди татбиқи лоиҳа тавоноии НБО «Қайроққум аз 126 мегаватт ба 176 мегаватт расонида мешавад.<ref> {{Cite web|url=http://khovar.tj/2019/12/imr-z-r-zi-energetik-o-dar-davrai-isti-loliyat-i-tidori-iste-solii-so-a-be-nazardoshti-nbo-ro-un-1520-mvt-ziyod-shud/|title=Дар давраи Истиқлолият иқтидори истеҳсолии соҳа бе назардошти НБО «Роғун» 1520 МВт зиёд шуд|author=|website=www.khovar.tj|date=|publisher= |lang=tg|accessdate=2019-12-22}} </ref>
 
[[9 сентябр]]и [[соли 2019]] Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба кор даровардани агрегати дуюми Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» ба шаҳри Роғун ташриф оварданд.
Ба кор даровардани агрегати дуюми нерӯгоҳ нерӯи барқи аз он тавлидшаванда ба системаи умумии энергетикии мамлакат интиқол дода шуд.<ref> {{Cite web|url=http://khovar.tj/2019/09/marosimi-ba-kor-darovardani-agregati-duyumi-nerugo-i-bar-i-obii-ro-un/|title=Маросими ба кор даровардани агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии «Роғун»|author=|website=www.khovar.tj|date=|publisher= |lang=tg|accessdate=2019-12-24}} </ref>
Дар давраи Истиқлолият иқтидори истеҳсолии соҳаи энергетика, бе назардошти НБО «Роғун», ба миқдори 1520 МВт зиёд шуд. <ref> {{Cite web|url=http://khovar.tj/2019/12/imr-z-r-zi-energetik-o-dar-davrai-isti-loliyat-i-tidori-iste-solii-so-a-be-nazardoshti-nbo-ro-un-1520-mvt-ziyod-shud/|title=Дар давраи Истиқлолият иқтидори истеҳсолии соҳа бе назардошти НБО «Роғун» 1520 МВт зиёд шуд|author=|website=www.khovar.tj|date=|publisher= |lang=tg|accessdate=2019-12-22}} </ref>
 
[[20 январ]]и [[соли 2020]] [https://sputnik-tj.com/docs/about/index.html Оҷонсии иттилоотии Sputnik] гузорише овардааст, ки Маҷлиси намояндагони Ҷумҳури Тоҷикистон ҳафтаи пеш пазируфт (соли 2020), аз моддаи 9-и Қонун “Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ”, калимаҳои [[НБО Роғун|Неругоҳи барқи обии “Роғун”]] ва Корхонаи воҳиди давлатии “[[Ширкати Алюминийи Тоҷик]]” хориҷ карда шуданд. Моддаи 9-и қонуни мазкур дар бораи объектҳоест, ки хусусӣ гардонида намешаванд ва дар он таъкид шудаст, “амволи нерӯгоҳи барқи обии “Норак”, нерўгоҳи барқи обии “Роғун” ва корхонаи воҳиди давлатии “[[Ширкати Алюминийи Тоҷик]]” хусусӣ гардонида намешаванд”.<ref> {{Cite web|url=https://sputnik-tj.com/industry/20200120/1030566842/Ijozati-khususi-kardani-Rogun-va-Talko.html|title=Иҷозати хусусӣ кардани амволи “Роғун” ва “Талко”: Ҳукумату парлумон пазируфтанд|author=|website=www.sputnik-tj.com|date=|publisher= |lang=tg|accessdate=2020-01-22}} </ref>