Айрапетянс Данил Саркисович: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Данил Саркисович Айрапетянс
 
Сатри 30:
''' Данил Саркисович Айрапетянс''' (27.09.1892, деҳаи Прҷамали вил. Қарабоғи Кӯҳистон – 02.04.1962, Душанбе), омӯзгор, санъаткори арман, Ходими хидматнишондодаи санъати ҶШС Тоҷикистон (1945).
== Зиндагинома ==
Данил Саркисович Айрапетянс аз с. 1915 дар ш. Самарқанд ва баъдан аз с. 1929 ш. Сталинобод (ҳоз. Душанбе) зистааст. Фаъолияташ ҳамчун мутриби театри навбунёди тоҷик (Театри давлатии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ) оғоз ёфтааст. Дар Хуҷанд низ тӯли чанд сол дар Техникуми мусиқӣ-театрӣ ба номи Абулқосим Лоҳутӣ (ҳоз. коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофиз) кор кардааст. Айрапетянс омӯзгори созҳои миллӣ (рубобҳои кошғариву бадахшонӣ ва танбӯр) буда, дар қатори аввалинҳо дар ҷумҳурӣ бо нота омӯзондани ин созҳоро ҷорӣ намуд ва шогирдони зиёдеро ҳунар омӯзондааст. Ҳунармандони маъруф О. Назаров, Х. Қурбонбеков, Ҳ. Бандишоев, Ҳ. Мулкамонов, М. Атоев, Ҷ. Обидпур ва дигарон аз шумораи шогирдони ӯянд. Ҳамчунин ансамбли рубобчизанон, ки с. 1940 таъсис ёфта буд, ҳайаташ пурра шогирдони ӯ буданд. Айрапетянс дар ҳаммуаллифӣ бо Н. Понамаренко ва А. Шафран китобҳои «Мактаби дарси тор» ва «Мактаби дарси танбӯр»-ро таълиф намудааст.<ref> [[Ҷӯрахон Обидпур| Обидпур Ҷ.]] Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С. 915 – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2</ref>
 
== Эзоҳ ==
{{эзоҳ}}