Сергей Баласанян: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 33:
 
==Эҷодиёт==
Яке аз асосгузорони теат­ри мусиқии тоҷик ва муаллифи аввалин операи тоҷик – «Шӯриши Восеъ» (либ­­реттои [[Абдусалом Деҳотӣ]] ва [[Мирзо Турсунзода]], [[1939]]) аст. Опе­ра­ҳои ӯ «Коваи оҳан­гар» (ҳам­роҳи Ш. Бобокалонов, 1941), «Бахтиёр ва Ни­со» (1954), драмаи мусиқии «Лола» (ҳам­роҳи С. Ю. Урбах, 1939), балети «Лайлӣ ва Маҷнун» (таҳрири 1 – 1947; Мукофоти давлатии СССР, 1949; таҳри­ри 2 – 1957; таҳрири 3 – 1964; ҳамроҳи К. Голейзовский; Театри Калони СССР) дар саҳнаи [[Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ||Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ]] ба саҳна гузошта шудаанд.
Дар мусиқии балет амалиёти зиёд, лирикаи нафис ва самимияти бузург ҳис карда мешавад. Барои балети «Лайлӣ ва Маҷнун» Баласанян бо ҷоизаи давлатии СССР мушарраф гардид (1949). Б. бо истифода аз фолклори мусиқии тоҷикӣ, афғонӣ, арманӣ як қатор асарҳои симфонӣ эҷод кардааст (Сюитаи симфонии «Помир» -1944, «Сюитаи тоҷикӣ» -1948, «Ҳафт суруди арманӣ» -1955, «Сюи-таи афғонӣ» -1956). Ин асарҳо аз нигоҳи забони мусиқӣ барҷаста ва аз нигоҳи шакл суфта, маҳорати инструментовкаи оркестри композитор бараъло ба назар мерасад.