Фарқият байни намунаҳои "Дилафрӯз Саидӣ"

х
ороиш
х (ороиш)
}}
'''Саидӣ Дилафрӯз Раббизода''' ([[28 январ]]и соли [[1975]]) - олим, номзади илмҳои техникӣ, директори [[Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар ш. Хуҷанд]] () <ref>[http://polytech.tj/dar-borai-donishkada/rayosati-donishkada/direktor]</ref>
 
== Зиндагинома ==
Саидӣ Дилафрӯз соли [[1975]] таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, мутахассиси шинохта дар соҳаи моделиронии сеандозаи либос, коркарди андозаи типологии занони Тоҷикистон ва ҷадвали тақсимоти фоизии ҷуссаҳои намунавӣ мебошад. Алҳол директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ буда, номзади илмҳои техникӣ аст. Муаллифи 86 асарҳои илмӣ мебошад.
 
Солҳои 2012-20142012—2014 Саидӣ Дилафрӯз роҳбарии маркази тестии ДПДТТ ба номи академик М. Осимиро ба уҳда дошта, бо таҳия ва татбиқи механизми имтиҳони марказонидашудаи донишкада машғул буд. Аз ҷониби ӯ барномаҳо барои сохтани супоришоти тестии кушод ва пӯшида, барномаҳо барои генератсияи супоришоти имтиҳонӣ, логистикаи тақсимоти яквақтаи донишҷӯёни ҳамаи курсу ихтисосҳо вобаста ба аудиторияҳо ва ҳамчунин технологияи ҷамъоварӣ ва коркарди маводи имтиҳонӣ таҳия ва татбиқ гардидааст. Татбиқи технологияи ташкили имтиҳони марказонидашуда дар донишкада барои пешгирии коррупсия ва таъмини сифати таълим имкон фароҳам овард.
 
Аз соли 2015 инҷониб Саидӣ Дилафрӯз дар вазифаи директори ДПДТТ ба номи академик М. Осимӣ пурмаҳсул фаъолият дошта, дар самти баланд бардоштани сифати дониши муҳандисӣ, татбиқи технологияи кредитии таълим, такмили низоми иттилоотии идоракунии донишкада, бунёди минтақаҳои таълимӣ-истеҳсолӣ ва озмоишгоҳҳо барои ихтисосҳои муҳандисӣ, инчунин ҷорӣ намудани низоми таҳсилоти фосилавӣ нақши ногузир дорад. Аз ҷониби мавсуф системаи ҳавасмандкунӣ ва маблағгузории ҳайати устодону профессорон, ки ба болоравии сифати таълим, илм ва корҳои тарбиявии омӯзгорони донишкада мусоидат менамояд, коркард ва татбиқ гардидааст, ки дар мамлакат назир надорад.
 
Солҳои 2014 - 20152014—2015 Саидӣ Дилафрӯз дар ҳайати гурӯҳи кории коркарди нақшаи стратегии рушди саноати бофандагӣ ва сабуки кишвар барои солҳои 2016 – 20202016—2020 шомил буд. Дар ин муддат робитаи зич байни соҳаҳои бофандагӣ, дӯзандагӣ ва донишкада бунёд гардида, муаммои омодакунии муҳандисон ошкор ва роҳҳои ҳалли он муайян карда шуданд.
 
Давоми солҳои 2016 – 20192016—2019 Саидӣ Дилафрӯз аъзои комитети роҳбарикунанда вобаста ба масоили таҳсилоти касбӣ ([[GIZ]]<ref>[https://www.giz.de/de/html/index.html]</ref>) буд. Дар ин муддат бо роҳбарии ӯ стандарт ва барномаҳои намунавии корӣ аз рӯйи ихтисосҳои технологияи маҳсулоти хӯрока таҳия гардида, дар донишкада озмоишгоҳҳои замонавии илмӣ бунёд ёфтанд ва стандартҳои амнияти озуқаворӣ татбиқ гардиданд. Аз рӯйи барномаи табодули донишҷӯён ва устодон 20 нафар донишҷӯёни бурунмарзӣ дар ДПДТТ ба номи академик М. С.  Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд таҳсил намуданд. Зиёда аз 50 нафар донишҷӯён дар макотиби таҳсилоти олӣ ва корхонаҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон таҳсил ва таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ намуданд. Дар давраи фаъолияти мавсуф дар донишкада танҳо аз ҳисоби грантҳо 16 озмоишгоҳ бунёд ва бо таҷҳизоти муосири лабораторӣ муҷаҳҳаз гардонида шуданд.
 
Саидӣ Дилафрӯз моҳи ноябри соли 2018 ба ҳайати ширкаткунандагони анҷумани V-уми омӯзгорон ва кормандони соҳаи маорифи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Бишкек, ки ба масоили коркард ва татбиқи низоми миллии тахассуснокӣ, стандартҳои касбӣ ва соҳавӣ машғул буданд, шомил гардид.
Саидӣ Дилафрӯз алҳол докторанти ДДДТ шаҳри Москва буда, ба таҳияи рисолаи докторӣ таҳти унвони «Усулҳои тарҳрезии либоси эргономии муосир дар асоси аутсорсинги ҷаҳонӣ» машғул аст.
 
Саидӣ Дилафрӯз бо Ифтихорномаи Раиси вилояти Суғд, Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардида, дорандаи нишони “Аълочии«Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон”Тоҷикистон» мебошад.
 
Аъзои Кумиҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд мебошад.
 
== Мукофот ==
Бо ифтихорномаҳои Вазорати маориф, Ифтихорномаи Раиси вилояти Суғд, Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шудааст.
 
== Пайвандҳои беруна ==
== Пайвандҳо ==
{{эзоҳ}}
{{ҷавона}}
 
[[Гурӯҳ:Омӯзгорони Тоҷикистон]]
[[Гурӯҳ:Омӯзгорон аз рӯи алифбо]]
[[Гурӯҳ:Занҳо-олимаҳо‎олимаҳо]]
2 271

edits