Дилафрӯз Саидӣ: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
хNo edit summary
хNo edit summary
Сатри 30:
 
== Зиндагинома ==
Саидӣ Дилафрӯз соли [[1975]] таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, мутахассиси шинохта дар соҳаи моделиронии сеандозаи либос, коркарди андозаи типологии занони Тоҷикистон ва ҷадвали тақсимоти фоизии ҷуссаҳои намунавӣ мебошад. Алҳол директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ буда, номзади илмҳои техникӣ аст. Муаллифи 86 асарҳои илмӣ мебошад. <ref>http://7universum.com/ru/tech/authors/item/6877 7universum - Все статьи автора Саиди Дилафруз Раббизода</ref> <ref>https://cyberleninka.ru/search?q=Saidi%D020Dilafruz%A1%D0%B0%D0%B8%D0%B4%D0%B8%20%D0%94%D0%B8%D0%BB%D0%B0%D1%84%D1%80%D1%83%D0%B7%20%D0%A0%D0%B0%D0%B1%D0%B1%D0%B8%D0%B7%D0%BE%D0%B4%D0%B020Rabbizoda&page=1 cyberleninka.ru Саиди Д. Р.</ref>
 
Солҳои 2012—2014 Саидӣ Дилафрӯз роҳбарии маркази тестии ДПДТТ ба номи академик М. Осимиро ба уҳда дошта, бо таҳия ва татбиқи механизми имтиҳони марказонидашудаи донишкада машғул буд. Аз ҷониби ӯ барномаҳо барои сохтани супоришоти тестии кушод ва пӯшида, барномаҳо барои генератсияи супоришоти имтиҳонӣ, логистикаи тақсимоти яквақтаи донишҷӯёни ҳамаи курсу ихтисосҳо вобаста ба аудиторияҳо ва ҳамчунин технологияи ҷамъоварӣ ва коркарди маводи имтиҳонӣ таҳия ва татбиқ гардидааст. Татбиқи технологияи ташкили имтиҳони марказонидашуда дар донишкада барои пешгирии коррупсия ва таъмини сифати таълим имкон фароҳам овард.