Қурбоналӣ Абдураҳимзода: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 28:
 
==Зиндагинома==
Буризода КурбоналиҚурбоналӣ Бозор = Қурбоналӣ Бӯриев - [[20 ноябр]]и соли [[1964]] дар [[ноҳияи Рӯдакӣ]] (собиқ ноҳияи Ленин) таваллуд ёфта, баъди анҷоми мактаби миёна соли 1982 ба факултаи китобдории [[Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода]] дохил шуд, аммо ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС даъват мегардад ва баъди адои он (1983-1985) ба таври гузариш таҳсилро дар Донишкадаи даватии маданияти Маскав идома дода, ин боргоҳи бонуфузи таълимиро соли 1988 ба поин меоварад. Фаъолияти меҳнатиаш ба сифати омӯзгори кафедраи библиографишиносии факултаи Китобдори [[Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода]] ҳамон сол шурӯъ шуд, солҳои 1993-1997 унвонҷӯи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АИ Тоҷикистон буд, 1997-2001 ба ҳайси мудири шӯъбаи [[Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар|Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявӣ]] ифои вазифа карда, 2001-2008 дар ташкилоти ғайридавлатии башардӯстонаи КАРЕ интернейшл хидмат намуд. Аз соли [[18/05/2009 - 22/05/2015]] директори [[Пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии фарҳанг ва иттилоот]], аз моҳи (4) июни соли 2015 директори генералии "Агентии миллии созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб - Хонаи китоби Тоҷикистон"-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Доманаи таҳқиқи номбурда фарох аст, перомуни пайдоиши иттилооти библиографӣ дар китобхонаҳои ҷумҳурӣ, фаъолияти китобдорӣ дар Тоҷикистон, сарчашмаҳои соҳаи китобдорӣ, таърихи китобу китобхонаҳо, библиографияи тоҷик дар давраи Сомониён ва ба баъд, ҳамкории Тоҷикистону Русия дар соҳаи китобдорӣ ва тарбияи кадрҳо, таърихи сарчашмашиносии форсӣ-тоҷикии библиографӣ ва ғайра матолиб ба табъ расондааст. Вале таваҷҷӯҳитаваҷҷуҳи асосии тадқиқотии ӯро масоили библиографияи кишоварзии миллӣ ва таърихи библиографияи тоҷик маҳтуф доштааст.
 
==Фаъолияти илмӣ==