Қурбоналӣ Абдураҳимзода: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 33:
==Фаъолияти илмӣ==
Муҳаққиқ баробари библиографияи соҳаи кишоварзӣ инчунин таърихи соҳа ва сарчашмаҳои мавҷудаи онро мавриди омӯзиш қарор дода, матолиби фаровон дар ин маврид ба чоп расондааст. Рисолаи илмӣ- таҳқиқотиаш «Заминаҳои пайдоиш ва рушди библиографияи кишоварзӣ» таҳти назари академик [[Нӯъмон Неъматов]] соли 2000 ба табъ расид. Муаллиф масоили пайдоиши аломатҳои тасвири библиографиро дар осори ниёгон таҳқиқ намуда, оид ба истифодаи иқтибос ва истинодҳо дар рисолаҳои кишоварзӣ, феҳристҳои китобхона, нишондиҳандаҳои алоҳида ва инъикоси адабиёти кишоварзӣ дар онҳо маълумоти зиёд гирдоварӣ намуда, хулоса баровардааст, ки библиографияи кишоварзӣ то пайдоиши назарияи он васеъ истифода шудааст. Рисолаи дигараш «Таърихи кишоварзии Тоҷикистон дар асоси сарчашмаҳои хаттӣ» (соли 2002) дар асоси маводи таърихии халқи тоҷик, дастхатҳои соҳавӣ ва асарҳои илмии олимони таърихшинос ва кишоварз офарида шуда, дар он таърихи соҳаи кишоварзӣ аз замони пайдоиш то кунун инъикос меёбад.
Дар рисолаи «Библиография дар аҳди Сомониён» (соли 1999) таърихи мухтасари мавҷудияти библиографияи он аҳд бо таҳлили сарчашмаҳои илмӣ, адабӣ, таърихӣ, фалсафӣ, тиббӣ, шарҳиҳолӣ, библиографии мансуби замон бо далелҳои мушаххас баррасӣ гардидааст, оид ба қадамҳои аввалини табақабандии илм ва ҳамзамон шаклу намудҳои гуногуни мавҷудияти дастурҳои библиографии аҳди Сомониён хулоса ва пешниҳодҳои ҷолиб пешкаши хонанда гардидааст. Вай ба сифати китобшинос, таърихнигор ва фарҳангшинос низ корҳои шоён ба анҷом расондааст, перомуни ҳаёту фаъолияти як идда китобшиносони маъруфи ҷумҳурӣ очерку лавҳа ва мақолаҳо навиштааст, дар мавриди ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистон бо [[Русия]], [[Қазоқистон]], Узбекистон силсилаи мақолаҳо аз даст баровардааст. Қурбоналӣ Бӯриев мураттиби «Фаъолияти китобдорӣ дар Тоҷикистон: Маҷмӯаи мақолаҳо (Китобҳои I, II, III, IV, V, VI, VII, VIII)», Душанбе, 2010 - 2019 (дар ҳамкорӣ бо С. Шосаидов ва Ш. Комилзода), "БиблиографияшиносиБиблиографияшиносӣ ва китобшиносикитобшиносӣ дар ТочикистонТоҷикистон: МачмуаиМаҷмӯаи маколахомақолаҳо (КитобхоиКитобҳои I, II)", Душанбе, 2018-2019, ТаквимиТақвими арбобони барҷастаи фарҳангу санъати [[Ҷумҳурии Тоҷикистон]] (солҳои 2010; 2011-2012; 2013-2014) (дар ҳамкорӣ бо [[Ҷӯрабой Раҷабов]]), сармуҳаррири ду ҷилди "Осори Пажӯҳишгоҳ" (солҳои 2014; 2015)(дар ҳамкорӣ бо [[Мурод Муродов]]), сармуҳаррири маҷаллаи «Паёмномаи фарҳанг» аз №12 то №30(солҳои 2009 - 2015)(дар ҳамкорӣ бо [[Мурод Муродов ва дигарон]]), муҳаррири зиёда аз 30 дастурҳои таълимию китобҳои дарсӣ, сенарияҳои ҷашнӣ ва феҳристи адабиёт мебошад. Ӯ иштирокдори бисёр симпозиум, форум, конференсия, семинар ва ҳамоишҳои илмию амалии байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ дар мавриди роҳҳои рушди фарҳанги миллӣ, беҳтарсозии хизматрасонии иттилоотӣ ба ҷомеа, пешрафти илми китобдории тоҷик, роҳбурдҳои тоза дар мудирияти иноватсионии фаъолиятҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ, ҳолати иҷтимоӣ-фарҳангии анъанаҳо ва ғайра буда, дар маҳфилу мизҳои мудаввари сатҳи ҷумҳуриявӣ перомуни китобдории миллӣ ва умуман пешбурди фарҳанг гузоришҳои пурмӯҳтаво ироа доштааст. Ба ҳайси сармуҳаррири маҷаллаи «Паёмномаи фарҳанг» дар тарғибу ташвиқи маданияти тоҷик, мушкилоти пешорӯ ва роҳҳои ҳалли онҳо ва дигар масъалаҳои марбута саҳми муносиб мегузорад. Ҳангоми шомилгардонии «Паёмномаи фарҳанг» ба бойгонии Китобхонаи электронии Россия, РИНЦ, аз соли 2012, доираи хонандагони он борҳо афзуда, имрӯз матни мухтасари мақолаҳои «Паёмномаи фарҳанг»-ро дар тамоми дунё бо се забон истифода мебаранд.
Қобили таваҷҷуҳ аст, ки бо роҳбарии ӯ дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот намунаҳои мероси фарҳангии миллӣ "Чакан" ва "Оши палов" ба Рӯйихати репрезентативии мероси фарҳангии ЮНЕСКО пешниҳод гардид ва бори нахуст "Феҳристи мукаммали мероси фарҳанги ғайримоддии тоҷик" дар ҳудуди 286 номгӯй таҳия гашт. Ду филми ҳуҷҷати ва зиёда аз 10000 маълумотҳои библиографӣ ва фактографӣ омода ва дар бойгонии электронии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот нигоҳ дошта мешавад. Умуман, теъдоди таълифоташ аз 300 мегузарад. Имрӯз ӯ дар вазифаи директори генералии Агентии миллии Созмони байналмилалии ракамгузории стандарти китоб - Хонаи китоби Точикистон фаъолияти пурсамар дорад. <ref>[ftp://91.218.161.60/kitobho/Takvim_2014.pdf Тақвими ҷашн ва санаҳои муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон (барои соли 2014) - Душанбе: Бухоро, 2012.- 95 с.]</ref>
Дар соли 2018 ӯ ба ҳайси Раиси Шӯрои байнидавлатӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашру тавзеи китоб ва умури полиграфии давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ду чорабинии муҳимми байналмилалиро дар ш. Душанбе, Китобхонаи миллии Точикистон баргузор намуд ва дар он намояндагони кишварои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва сафоратхонаҳо фаъолона иштирок намуданд. Дар соли 2019