Гимн: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Гимн
(бе тафовут)

Нусха 14:40, 16 феврали 2020

Гимн (юн. hymnos – мадҳ, ситоиш) — суруди мутантани ситоишӣ, ки барои иҷрои умумӣ дар назар гирифта шудааст. Гимн чанд навъ – расмӣ ё давлатӣ, инқилобӣ, ҷангию низомӣ, мазҳабию динӣ ва ғ. буда, маъмулан ба ифтихори ин ё он қаҳрамон ва ё ҳодисаи таърихӣ эҷод мешавад. Матни Гимн сода, оҳангаш хотирнишин ва андозаи мусиқияш 2 –ҳиссагӣ ё 4 –ҳиссагӣ буда, ғолибан хислати маршӣ дорад.

Таърих

То имрӯз Гимнҳои шумерӣ–акадӣ (3 ҳазор с. то м.), Мисри Қадим (2 ҳазор с. то м.), ҳийитиҳо (а. 13 то м.), форсии бостон («Яштҳо»-и Авесто, 1 ҳазор с. то м.), яҳудии бостон (дар маворои а. 7 –ва 1 то м.) ва ғ. маҳфуз мондаанд. Ба Гимн дар мафҳуми умумӣ наът, просодия ё худ таносуби ҳиҷо дар мисраъ, васлу ваҷди калом ва ғ. марбутанд. Ҳамаи давлатҳои имрӯза Гимн доранд, ки якҷо бо нишону парчам рамзи давлат аст.

Дар Тоҷикистон

Ноябри 1946 Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон Гимни давлатии ҶШС Тоҷикистонро (шеъри А. Лоҳутӣ, мусиқии Сулаймон Юдаков) тасдиқ кард ва он аввалин бор 15 ноябри ҳамон сол аз тариқи радио садо дод. Варианти нави Гимни давлатии ҶШС Тоҷикистон 4 ноябри 1977 тасдиқ карда шудааст. Баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон лозим омад, ки Гимни нави Ҷумҳурии Тоҷикистонро офарид. Ба мусиқии Гимни пештараи Сулаймон Юдаков, матни нави шоир Гулназар Келдӣ мувофиқ карда, он 7 сентябри с. 1994 ҳамчун Гимни нави ҷумҳурии соҳибистиқлол тасқид карда шудааст (ниг. Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон). [1]

Нигаред

Пайвандҳо

  • Tádzsikisztán magyar honlapja - Vocal, instrumental, and soviet version of the Anthem with the current lyrics, featured in Némethy András (Arisztid) "Tádzsikisztán magyar honlapja" website.

Эзоҳ

  1. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.96-97. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)