Факултаи театр, кино ва телевизион (ДДФСТ): Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 87:
Устодони шуъбаи [[рӯзноманигор]]ии [[телевизион]]и факулта дар тарбияи насли нави рӯзноманигорони телевизион [[таҷриба]]и бой дорад ва хатмкунадагони он имрӯзҳо дар Шабакаҳои мухталифи [[радио]] ва [[телевизиони]] [[Тоҷикистон]], дар Вазорату идораҳо (масъулони иттилоот) қисмҳои ҳарбӣ ва умури дохилӣ, корхонаҳои калони [[саноат]]ӣ пурсамар фаъолияти эҷодӣ мебаранд.
Барои дақиқ омӯхтани касби рӯзноманигорӣ дар Донишкада [[студия]]и радио, [[лаборатория]]ҳои танзим, суратгирӣ ва [[наворбардор]]ӣ дар ихиёри донишҷӯён аст. Ба донишҷӯён [[журналистон]], [[когардон]]ҳо ва наворбардорони варзида ва собиқадор, ки соҳиби таҷрибаи бойи эҷодӣ ва касбӣ ҳастан аз қабили [[Зулфиддин Мӯъминҷонов]], [[Гавҳар Умарова]], [[Бахтиёр Ҳамдамов]], [[Чорёр Иброҳимов]], [[Ҷумъа Қуддусов]], [[Тағоймурод Орифӣ]], [[Саид Қодирӣ]], [[Шералӣ Нағзалиев]], [[Хушбахт Беков]], [[Баҳодур Истамов]], [[Хусрав Худойназаров]], [[Лутфулло Ниёзов]], [[Адиба Абдуллоева]] дарс мегӯянд. Донишкада барои [[фароғат]]и хуби донишҷӯён чорабиниҳои фарҳангӣ аз қабили консертҳо вохӯриҳо мулоқотҳо бо шахсиятҳои маъруфи [[Тоҷикистон]] ва берун аз марзи Тоҷикистон ташкил ва баргузор менамоянд. Таҳсил дар шуъбаи рӯзноманигори телевизион дар шакли [[рӯзона]] ва [[ғоибона]] ба роҳ монда шудааст. Шумораи умумии донишҷӯён ҳам дар шуъбаи рӯзона ва ҳам дар шуъбаи ғоибона зиёда аз 350 нафар мерасад. Донишҷӯёни [[кафедра]]и мазкур дар якҷоягӣ бо устодон барномаҳои гуногуни, сиёсӣ, [[иқтисод]]ӣ, [[фарҳанг]]ӣ, [[варзиш]]ӣ ва интеллектуалӣ таҳия намуда, пешкаши тамошобинон менамоянд. Муҳлати таҳсил дар шуъбаи рӯзноманигори телевизион чор сол аст.
 
== Шуъбаи магистратура ва аспирантура ==
Дар факултаи театр, кино ва телевизион шуъбаи [[магистратура]] ва [[аспирантура]] амал мекунад ва таълимгирандагони он аз ҳисоби хатмкунандагони шуъбаҳои рӯзноманигорию актёрӣ ва ҳамчунин аз ҳисоби хатмкардагони шуъбаи рӯзноманигории донишкадаю донишгоҳҳои ҷумҳурӣ мебошанд.
 
== Манбаъ ==