Фронсис Голтун: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
No edit summary
Сатри 1:
{{Олим}}
Сэр '''Фрэ́нсисФронсис Га́лтонГолтун''' ('''Го́лтон'''; {{lang-en|Francis Galton}}; [[16 феврал]]и [[1822]], Бирмингем, [[Подшоҳии Муттаҳида]] — [[17 январ]]и [[1911]], Хаслмир, [[Подшоҳии Муттаҳида]]) — равоншинос ва антропологи англисинглис, яке аз асосгузорони равоншиносии тафриқавӣтафриқаӣ.
 
== Зиндагинома ==
Хатмкардаи Донишгоҳи Кембриҷ (1844). Узви Ҷамъияти шоҳии Лондон (1856). Фаъолияти илмиро дар соҳаи ҷуғрофия ва ҳавошиносӣ (метеорология) оғоз кард. Аввалин шуда дар асоси усулҳои таҷрибавӣ ва математикӣ таълимотро дар бораи мавҷудияти фарқи фардӣ-равонӣ дар байни одамон пешниҳод намудааст, ки бо номи «Равоншиносии тафриқавӣ» машҳур аст. ФрэнсисФронсис ГалтонГолтун ба назарияи таҳаввулоти амакбачааш [[Чарлз Дарвин]] такя намуда, ин фарқро аз рӯйи омилҳои ирсӣ шарҳ додааст. Ҳарчанд ин навоварӣ бошад ҳам, хусусияти баҳогузории яктарафа дошта, моҳияти иҷтимоии шахсро рад мекунад. Ӯ бо мақсади ташхиси сифатҳои равонии шахс чандин асбоб ихтироъ кардааст, ки дар равоншиносии таҷрибавӣ васеъ истифода мешаванд. ФрэнсисФронсис ГалтонГолтун инчунин усулҳоеро таҳия кардааст, ки барои ошкор намудани муносибатҳои байни ирсият ва таъсироти иҷтимоӣ имкон медиҳанд («усули дугоникҳо», усули омӯзиши ассотсиатсияи назарҳо, хотири тасаввурӣ (образӣ) ва ғ.). Ӯ истифодаи тестҳоро барои муайян намудани фарқи инфиродии байни одамон пешниҳод кардааст. Муаллифи асари «Ирсияти истеъдод, қонунҳо ва оқибатҳои он» (1869). Дар асари худ «Таҳқиқи қобилиятҳои инсон ва инкишофи онҳо» (1883) барои нишон додани назарияи беҳсозии насли инсон истилоҳи «евгеника» (назария дар бораи беҳдошт ва такмили ирсияти инсон)-ро пешниҳод намуд. Евгеника минбаъд бинобар мавқеаш оид ба пастсифатии ирсии баъзе нажодҳову гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва дар робита ба ҷиноятҳои дар асри 20 дар асоси ин консепсия содиршуда мавриди танқиди сахт қарор гирифт. Таҳқиқоти антропологии ФрэнсисФронсис ГалтонГолтун дар криминалистика истифода мешаванд. Дар асоси онҳо усулҳои илмии дактилоскопия (усули шинохтани шахс аз рӯйи нақши ангушти дасти вай) пешниҳод шудаанд.
 
== Эзоҳ ==
Сатри 9:
 
== Адабиёт ==
* Канаев И. ФрэнсисФронсис ГалтонГолтун. Л., 1972;
* Ярощевский М. История психологии от античности до середины XX в. (учебное пособие). М., 1996;
* Қодиров Қ. Б., Давлатов М. Т., Расулов С. Х. Вожаномаи тафсирии истилоҳоти психологӣ ва педагогӣ. Д., 2008.