Гомбиё: Тафовут байни таҳрирҳо

Content deleted Content added
Сатри 70:
== Таърих ==
[[Акс:Guillaume Delisle Senegambia 1707.jpg|мини|Харитаи минтақа (1707)]]
Бозёфтҳои олатҳои сангин (табару асбобҳои сафолӣ) дар назди ш. Бонҷул аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки соли 750 м. дар водии дарёи Гомбиё одамон сокин будаанд. Дар асрҳои 13–15 сарзамини Гомбиё ба ҳайати давлатҳои Малӣ ва дертар ба Сангай дохил буд. Дар асри 15 баҳрнавардони португалиягӣ Луиз де Кадамосту ва Антониоти Усодимаре дар қисми болооби соҳили д. Гомбиё деҳаҳои қабилаҳои мандинго ва волофро муайян намуданд. Дар охири асри 16 ба ин сарзамин англисҳо ва дар аввали асри 17 фаронсавиҳо ворид шуданд. Соли 1902 англисҳо ҳукмрони комили Гомбиё гардиданд. Баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939–45) дар мамлакат ислоҳоти сиёсӣ анҷом дода шуда, ҳизбҳои сиёсӣ таъсис ёфтанд. Соли 1960 баъди ислоҳот парламенти якпалатагӣ таъсис ёфт ва соли 1962 ба Гомбиё ҳуқуқи маҳдуди худидоракунӣ дода шуд. 18 феврали 1965 Гомбиё давлати худмухтор дар ҳайати Иттиҳоди Британия гардид. Сарвари давлат маликаи Британия буда, ӯро дар мамлакат генерал-губернатор намояндагӣ мекард. 24 апрели 1970 тибқи раъйпурсӣ Гомбиё ҷумҳурӣ эълон гардида, президенти нахустини он Довуд К. Ҷавара интихоб шуд. Соли 1981 бо ёрии лашкариёни Сенегал табаддулоти давлатӣ ва сарнагун сохтани ҳокимият пешгирӣ карда шуд. Соли 1962 шартномаи таъсис намудани конфедератсия бо номи СенеГомбиёСене Гомбиё ҳукми қонунӣ гирифт. Вале соли 1989 конфедератсия таҳти таъсири мушкилоти сиёсию гумрукӣ фаъолияти худро боздошт. Соли 1994 бо иштироки низомиён табаддулот ба амал омада, президент Ҷавара барканор карда шуд. Гурӯҳи афсарон (низомиён) бо сарварии лейтенант Ҷамме ҳукумати муваққатии ҳарбӣ ташкил намуданд. Соли 1996 конститутсияи нав қабул карда шуд, ки 70 дарсади интихобкунандагон онро тарафдорӣ карданд. Дар интихоботи президентӣ номзадии Ҷаммеро Ҳизби Алянс дастгирӣ намуд. Дар интихоботи солҳои 2001, 2006, 2011 Ҷамме аз нав президенти мамлакат интихоб гардид.
 
== Ҳизбҳои сиёсӣ ==
Сатри 81:
Соҳаи муҳимми онро саноати коркарди маҳсулот ташкил медиҳад. Истеҳсоли неруи барқ заиф буда, иқтидори солонаи он ба 140 млн кВт/соат баробар аст. Иқтидори умумии неругоҳҳои барқӣ ба 29 ҳазор кВт мерасад. Аксари неругоҳҳо бо сӯзишвории аз хориҷа воридшаванда кор мекунанд. Калонтарин неругоҳҳои барқи ҳароратӣ дар шаҳрҳои Бонҷул, Юндум, Барр, Брикама ҷойгиранд. Корхонаҳои асосии Гомбиё ба истихроҷ ва коркарди илменит, каолин, кварси регдор ва рутил машғуланд. Дар баробари коркарди чӯб, корхонаҳои коркарди пӯст, фабрикаи пойафзор, корхонаи бофандагӣ ва корхонаҳои хурди истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ низ мавҷуданд. Солҳои охир корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ – арахис, коркарди моҳӣ, истеҳсоли гӯшт, консерваи сабзавоту моҳӣ, равғани нахл (палма), нӯшокиҳои гуногун ва шаробпазӣ бунёд ёфтаанд. Дар Бонҷул ва Барр устохонаҳои таъмири киштӣ мавҷуданд. Кулолӣ, кандакорӣ, тӯрбофӣ ва дигар соҳаҳои косибӣ низ инкишоф ёфтаанд.
 
== Кишоварзӣ ==
Кишоварзӣ соҳаи асосии иқтисодиёти Гомбиё буда, бештар аз 25 дарсади заминҳои мамлакат кишт мешавад. Асосан чормағзи заминӣ (арахис), ҷуворӣ, шолӣ, сорго, зироатҳои лӯбиёӣ, сабзавот, пахта, дарахтони банан, манго, афлесун парвариш менамоянд. Майдони кишти чормағзи заминӣ 123 ҳазор га буда, он соле 125 ҳазор т истеҳсол мешавад ва 80 дарсадаш ба хориҷа содир карда мешавад. Истеҳсоли солонаи ҷуворӣ – 38,3 ҳазор т, шолӣ – 43,0 ҳазор т, сарго – 34,5 ҳазор т. Вобаста ба талаботи берунӣ истеҳсоли меваю сабзавот меафзояд. Ҳоло соле 12 ҳазор т сабзавот ва 5,5 ҳазор т мева истеҳсол мешавад. Чорводорӣ бинобар афзоиши ҳашароти зараррасон (паҳн шудани пашшаи се-се) суст тараққӣ кардааст. Соле дар мамлакат 8,6 ҳазор т шир, 5,1 ҳазор т гӯшт ва 1,8 ҳазор т гӯшти мурғ истеҳсол мешавад. Бешазор дар ҳаёти мардуми Гомбиё нақши муҳим дошта, манбаи асосии сӯзишворӣ ва масолеҳи сохтмонӣ мебошад. Аммо нобудсозии бешазор боиси мушкилоти зиёди экологӣ гардидааст, ки ба авҷ гирифтани биёбоншавӣ ва фарсоиши хок мусоидат менамояд. Дар Гомбиё соле то 600 ҳазор м<sup>3</sup> дарахтзор барои сӯзишворӣ бурида мешавад. Моҳигирии баҳрӣ ва дарёӣ инкишоф ёфтааст. Соле то 40 ҳазор т моҳӣ (барракула, акула, бого, камбала, окуни баҳрӣ, солоро, сардинелла) ва ҷонварҳои баҳрӣ шикор карда мешавад. Дар Гомбиё р. о. вуҷуд надорад. Дарозии умумии роҳҳои автомобилгард – 4,1 ҳазор км буда, танҳо 712 км асфалтпӯш мебошад. Тӯли роҳҳои баҳрӣ 390 км буда, флоти тиҷоратии он аз 5 киштӣ иборат аст. Бандари асосӣ ва ягонаи баҳриву дарёии Гомбиё Бонҷул аст. Дар мамлакат ягона фурудгоҳи байналмилалӣ дар Юндум сохта шудааст, ки он аз Бонҷул дар масофаи 27 км ҷойгир аст.
 
Баргирифта аз "https://tg.wikipedia.org/wiki/Гомбиё"